ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲОИ ШУЪБАИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

 Ҳадафи асосии Шуъба таъмини риояи қонун дар фаъолияти Донишгоҳ, ҳифзи манфиатҳои Донишгоҳ, кормандон ва донишҷӯён дар суд ва мақомоти давлатӣ ва риояи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафҳои асосии Шуъбаи ҳуқуқ инҳоянд:

- дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқии фаъолияти Донишгоҳ;

- ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои қонунии Донишгоҳ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ;

- намояндагии манфиатҳои Донишгоҳ дар судҳои зинаҳои гуногун ва дигар мақомоти давлатӣ;

- омода кардани хулосаҳои ҳуқуқӣ ва машваратҳо бо кормандон ва донишҷӯён оид ба масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Донишгоҳ;

- баррасии ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ;

- таҳия ва таҳлили низомномаҳои дохилӣ ва созишномаҳо.


Ҳайати кормандон

No item found!