Ба таваҷҷуҳи ҳайати омӯзгорон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашри Photo Book ва монографияи коллективии ҷашнӣ оид ба таърих, марҳилаҳои рушд ва шахсиятҳои таърихии донишгоҳ “Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ (шеъру тарона, эссе, мақола, нақшу сӯзаниҳо дар плакат ва матоъҳо, аксҳо ва наворҳои тасвирӣ)” ба нақша гирифта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд мақола ва аксу албомҳои худро ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: Мақолаҳо дар ҳаҷми то 2-саҳифаи чопӣ ва электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,15 ва аксу албомҳо бемаҳдуд аз рӯзи чопи эълон то 28 -уми марти соли 2026 давоми як моҳ қабул карда мешаванд.
Маводи беҳтарини дастаҷамъонаи омӯзгорон баъди баҳогузории ҳайати доварон дар шакли китоби алоҳида бо сифати баланд аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр тавсия мегардад.
Ба таваҷҷуҳи донишҷўён ва магистрантон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни “Беҳтарин мақолаи вокунишӣ ва таблиғотӣ” ба нақша гирифта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: Мақолаҳо дар ҳаҷми то 2-саҳифаи чопӣ ва электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,15 аз рӯзи чопи эълон то 20 -уми марти соли 2026 давоми як моҳ қабул карда мешаванд.
Ғолибон баъди баҳогузории ҳайати доварон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ба таваҷҷуҳи донишҷўён ва магистрантон расонида мешавад, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни “Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ (шеъру тарона, эссе, мақола, нақшу сӯзаниҳо дар плакат ва матоъҳо, аксҳо ва наворҳои тасвирӣ)” ба нақша гирифта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд маводи эҷодкардаи худро дар доираи талаботи жанрҳои дар боло зикршуда ба шуъбаи иттилоот ва нашрия, воқеъ дар бинои 5-ум, ошёнаи 3-юм пешниҳод намоянд.
Эзоҳ: Қабули маводҳо бе маҳдудият аз рӯзи чопи эълон то 26 -уми апрели соли 2026 давоми ду моҳ қабул карда мешаванд.
Ғолибон баъди баҳогузории ҳайати доварон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тоҷ
Рус
Eng