Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба иттилои садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён мерасонад, ки ...
аз санаи 13 то 18 апрели соли 2026 конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон, унвонҷӯён ва форуми ҷавонон (донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD) тибқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ба нақша гирифтааст.
Дар робита ба ин, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусию умумидонишгоҳиро зарур аст, ки то санаи 18-уми марти соли 2026 матни пурраи мақолаҳоро дар шакли чопӣ ва электронӣ дар ҳаҷми аз 1 то 4 саҳифа бо имзои ҳайати таҳририяи ба самти кафедра тааллуқдошта ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Маълумоти муфассалро метавонед аз раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дастрас намоед. Телефонҳо барои тамос: +992 000022336
Тоҷ
Рус
Eng