Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба иттилои донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони анъанавӣ, доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос ва омӯзгорону олимони донишгоҳ мерасонад, ки ...
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик як қатор озмунҳои ҷумҳуриявиро аз ҷумла “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Магистранти сол”, “Олими сол” ва “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”-ро баргузор намояд.
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дар робита ба ин, ба иттилои Шумо мерасонад, ки даври донишгоҳии озмунҳои мазкур рӯзи 12-уми феврали соли 2026 баргузор мегардад.
Маълумоти муфассалро метавонед аз раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дастрас намоед. Телефонҳо барои тамос: +992 000022336
Тоҷ
Рус
Eng