Раъно Ҳакимова
Муҳаррири бахши тоҷикӣ
| +992 99999999 | |
| @mail.ru |
Ҳакимова Раъно Назриевна 1-уми декабри соли 1971 дар ноҳияи Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз соли 1979 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №43 шаҳри Ваҳдат таҳсил намудааст. Соли 1991 дар мактаби асосии №100 ба ҳайси сарвари пешоҳангон фаъолияти кории худро оғоз бахшид. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.
Дар баробари таҳсил аз соли 1993 то соли 2009 фаъолияти омӯзгориашро дар мактабҳои миёна давом дода, аз соли 2009 то соли 2011 дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори шуъбаи таълим фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2013 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба тарбияи мактаби миёнаи умумии №100. Айни ҳол муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Тоҷ
Рус
Eng