Ҷомеае, ки дар он адолат риоя намешавад, бо бесуботӣ, фасод ва беэътимодӣ рӯ ба рӯ мешавад. Адолатро метавон ҳамчун баробарии ҳамагон дар назди қонун, тақсимоти оқилонаи неъматҳо, дастрасии баробар ба имкониятҳо ва муносибати беғаразона миёни шаҳрвандон ва давлат фаҳмид. Он дар худ эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос мекунад.

Адолат - пояи устувори ҳар як ҷомеаи солим ва тараққикарда ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаҳои муосир адолат на танҳо арзиши ахлоқӣ, балки принсипи асосии ташкил ва фаъолияти давлат ва ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд масъалаи таъмини адолат дар заминаи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври возеҳ танзим мешавад. Татбиқи ҳуқуқ ва барқарорсозии адолат дар ҷомеа аз ваколатҳои асосии судҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин, таъмини адолати судӣ воситаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Мақоми суд дар татбиқи қонун ва барқарорсозии адолат нақши ҳалкунанда дорад.

Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро ҳамчун соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягона муайян мекунад. Моддаи 14 бошад, таъкид мекунад, ки давлат баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро таъмин намуда, ба табъиз роҳ намедиҳад. Ин яке аз асосҳои ҳуқуқии таъмини адолат аст. Қонунгузории ҷории Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси шарвандӣ, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ҳамчунин, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» воситаҳои муҳим дар татбиқи адолат мебошанд.

Адолати судӣ яке аз зуҳуроти муҳим ва асосии ба амал бароварда шудани ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, дар фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ мавқеи хостаро дорад, ки амалӣ кардани он тибқи муқаррароти Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ваколати мақомоти судӣ вогузор карда шудааст. Таъмини адолат танҳо тавассути судҳои мустақил ва касбӣ имконпазир аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратура, Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ вазифадоранд, ки бо назардошти қонун ва бе хилофи манфиатҳои шаҳрвандон амал кунанд. Мустақилияти суд ва дастрасии умум ба адолати судӣ яке аз заминаҳои асосии адолат мебошад. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 8 аз моддаи 84 то 92 ба фаъолияти судҳо бахшида шудааст. Мустақилияти судҳо дар моддаи 87-и Конститутсия ва қисми 1, моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, шарвандӣ иқтисодӣ зикр шудааст: «Судя дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунад».

Амалӣ намудани адолати судӣ танҳо аз тарафи суд (моддаи 84-и Конститутсия ва моддаи 6 -и Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.

Бо вуҷуди санадҳои ҳуқуқии мукаммал, баъзе монеаҳо ба адолати воқеӣ халал мерасонанд. Аз ҷумла, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мавҷудияти коррупсия дар сатҳи муайяни бархе сохторҳо, таъсиррасонии ғайриқонунӣ ба қарорҳои судӣ, набудани дастрасии баробар ба хадамоти ҳуқуқӣ, махсусан дар деҳот.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир як қатор ислоҳотҳо дар низоми судӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, татбиқи "Барномаи рушди низоми судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2021-2025", ки ба баланд бардоштани сифати кадрҳои судӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба адолати судӣ нигаронида шудааст. Инчунин, чораҳои зиддикоррупсионӣ ва рушди ниҳодҳои адвокатӣ низ ҷиҳати таҳкими адолат нақши муҳим доранд.

Хулласи калом ҷорӣ намудани адолати судӣ ин на танҳо рисолати давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа низ ҳаст. Барои бунёди ҷомеаи воқеан одилона зарур аст, ки ҳам давлат, ҳам шаҳрвандон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ фаъол бошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини адолат заминаи хуб фароҳам овардаанд, аммо татбиқи босифат, шаффоф ва беғаразонаи онҳо бояд дар мадди аввал бошад. Танҳо дар ин сурат метавонем умедвор бошем, ки адолат дар ҷомеаи мо аз ормон ба воқеият табдил хоҳад ёфт.

 

Фаридуни Давлат -

донишҷӯи курси 3-и факултети

менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ