ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист заминае мебошад, ки солимии ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Ба ин муносибат, дар ҳама самтҳои муносибатҳои экологӣ мушкилоти мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ яке аз тамоюлҳои муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ба мақсади устувории экологии танҳо як кишвари алоҳида ноил шудан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои муайян анҷом дода шавад. Мо ин вазъиятро дар ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳои калонтарини минтақа ва ҷаҳон равшан мушоҳида мекунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускоре, ки ба мушкилоти мавҷудаи экологии сайёра бетафовут нестанд, бо андешидани тадбирҳои гуногун шиддати таъсири экологӣ ва таъсири инсон ба табиатро пайгирӣ ва ҷиҳати то ҳадде коҳиш додани онҳо тадбирҳо меҷӯяд. Аз ҷумла, масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар пайваста дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Бояд қайд намуд, ки давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, бамаротиб обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташкил карда мешавад. Бо назардошти ин кишвари мо дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳои, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад. Дар робита ба тағйирёбии иқлим, бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар олимони моро зарур аст, ки дар ин минтақаҳо якҷо бо олимон тадқиқот ва мониторинги доимиро ба роҳ монанд».
Айни замон дар шароити тағйирёбии иклим дар замин, махсусан дар ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иктисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобастаанд, хеле тезутунд аст. Ташвишовараш он аст, ки захираи оби тоза кам шуда, солҳои охир сифати он бад мешавад.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид доштанд: «Дар баробари ин мамлакати мо ба масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони мо таваҷҷуҳи хоса дорад».
Дар робита ба масъалаҳои экологӣ, махсусан ҳифзи ғизо, токсикологияи ғизо мушоҳида мешавад. Бинобар ин, алоқаҳои беруниро барои беҳтар намудани вазъияти ҳозираи захираҳои пиряхҳо, нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани пиряхҳо ва пурзӯр намудани назорат аз аҳамият холӣ буда наметавонад.
Мутаассифона, масъалаҳои ҳалталаби муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ суст кардааст. Ин вазъият таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан, ба пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо оид ба иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (Душанбе, дар реҷаи виртуалӣ) 23 апрели соли 2022 таъкид дошта буданд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ ва камшавии манбаъҳои обӣ, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.
Албатта, ишораҳои боло бар омӯзиш ва таҳлилҳо асос ёфта, вобаста ба ин барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои созанда оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан, захираҳои пиряхҳо ҳар як субъекти ин раванд бояд ташаббускорӣ нишон диҳад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳадафҳои олии худ расида бошад.
Ҳидоятулло Расулзода –
ассистенти кафедраи иқтисоди
корхонаҳо ва соҳибкорӣ
Тоҷ
Рус
Eng