Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ ба ҳисоб меравад, ки он бо равандҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг гардида, ба рақамикунонии иқтисод, шаффофияти муомилоти молиявӣ ва рушди низоми бонкии муосир равона шудааст.

Бояд қайд намуд, ки пардохти ғайринақдӣ имконият медиҳад, ки гардиши маблағҳо таҳти назорати низоми бонкӣ қарор гирифта, ба ин васила коҳиши иқтисоди пинҳонӣ ва муомилоти ғайрирасмиро таъмин созанд ва аз сӯи дигар, мубориза бар зидди фасод ва саркашӣ аз андозро сабук гардонида, дар баробари ин, воридоти андозҳоро ба буҷети давлатӣ зиёд кунад.

Зимнан, сиёсати мазкур ба ҷорӣ шудани хизматрасониҳои муосири молиявӣ, аз қабили пардохт тавассути кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва бонкдории мобиливу интернетӣ мусоидат намуда, инчунин, имкон фароҳам меорад, то низоми бонкӣ ва рақамикунонии иқтисод рушд карда, сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ боло раванд ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ васеътар гарданд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки пардохти ғайринақдӣ вақтро сарфа ва муомилоти пулиро осон сохта, шароит пеш меорад, ки пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пардохти андозу ҷаримаҳо, додугирифти соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳо зудтар анҷом дода шаванд.

Муомилоти ғайринақдӣ хавфи талаф ё дуздии маблағҳои нақдиро кам карда, назорати ҳаракати маблағҳоро осон мегардонад ва то ҳадде дурбинона будани ин сиёсати пулӣ ба он асос меёбад, ки он ба дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ мувофиқ мебошад. Мусаллам аст, ки феълан бисёр кишварҳои ҷаҳон низ марҳила ба марҳила ба иқтисоди рақамӣ мегузаранд ва Тоҷикистон низ бо ҷорӣ кардани чунин механизмҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ шуда истодааст. Зеро ин гузариш ва мутобиқшавӣ дар сурати омодагии кофии инфрасохтор, саводи молиявии аҳолӣ, барҳам зада тавонистани эҳтимолияти қаллобӣ ва хавфҳои киберамният баҳри рушди тиҷорати электронӣ замина фароҳам оварда, ҳамзамон, сармоягузориро ҷалб мекунад ва дар ин росто ҳамгироии молиявиро бо низоми байналмилалӣ осон менамояд. Яқинан, дар пайомади ин сиёсат иқтисоди рақамӣ рушд намуда, воридоти андоз ба буҷет меафзояд, фазои сармоягузорӣ беҳтар гардида, сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ боло меравад ва дар фаъолияти иқтисодӣ шаффофияти комил ҳукмрон мешавад.

Дар маҷмуъ, коршиносони соҳа сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар самти пардохти ғайринақдиӣ самарабахш, оқилона ва дурбинона арзёбӣ намуда, чунин хулосабарориҳои худро ба он асоснок месозанд, ки он ба рушди иқтисоди рақамӣ, шаффофияти молиявӣ ва муосирсозии низоми хизматрасониҳо мусоидат мекунад. Вале бо вуҷуди ин, ҷиҳати самаранокии бештар тақвияти инфрасохтор, баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ зарур мебошад.

Аз ҷониби дигар, таҷрибаи кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз нишонаҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ ба шумор меравад. Бисёр давлатҳо бо роҳандозии сиёсати бонизом ва пайгирона тавонистанд натиҷаҳои назаррас ба даст оранд, ки Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва яке аз кишварҳои бо пешниҳод ва роҳандозии ташаббусҳои наҷибу созанда дар сатҳи байналмилалӣ фаъол ва таъсиргузор аз ин раванд истисно нест.

Ба ин минвол, шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки сиёсати рушди пардохти ғайринақдӣ дар ҳоли рушд кардани инфрасохтори рақамӣ, ҳамеша дастрас будани интернет ва терминалҳои пардохт, баланд рафтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, тараққӣ ёфтани саводи молиявӣ ва рақамии шаҳрвандон, инчунин, дастгирии давлат ва таъмин гардидани ҳавасмандии иқтисодӣ таъсиррасону самарабахш мебошад.

Аз ин рӯ, бо назардошти он ки гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум таъсири мустақим мерасонад, бинобар он пардохти ғайринақдӣ хавфи гум шудан ё дуздида шудани пулро кам намуда, баръакс имкон медиҳад, ки шаҳрвандон ҳаракати маблағҳои худро дар ҳисобҳои бонкӣ ё барномаҳои мобилӣ бубинанд, ки ин ҳолат дар банақшагирии буҷети оилавӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ ба зиндагии мардум асосан таъсири мусбат мерасонад. Он зиндагиро осонтар, амнтар ва замонавӣ мегардонад. Бо вуҷуди ин, барои истифодаи самараноки он баланд бардоштани саводи молиявӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ муҳим мебошад.

 

Фаррухи Маҳмадисо,

сармутахассиси бахши молу амволи раёсати молия ва муҳосиботи ДДМИТ