ТЕРРОРИЗМ УСТУХОНЕ ДАР ГУЛӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ГАШТААСТ
Дар ҷаҳони муосир хар гуна равияву ҷараёнҳо ва иттиҳодияҳои мухталифи зиёде ба миён омаданд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ғайр аз таҳдиду террору ғоратгарӣ ва дарди сар овардан рисолати дигаре надоранд. Онҳо баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом, ки дини сулҳовару инсонпарвар, инчунин, дар он ғайри ахлоқи олии башарӣ ва башардӯстӣ дигар нуқсе дида намешавад суиистифода намуда, исломи нобро ба сиёсат омезиш дода, ба амалҳои террористиву зкстремистӣ даст мезананд, ки бешубҳа нуктаи кулминатсионии ҳадафҳои ғаразноки онҳо танҳо қатлу ғорат ва ба даст овардани ҳокимият аст, на бунёдкориву пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин. Ҳол он ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта бошад. Асосҳои дини ислом фарзанди одамро ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад ҳидоят накардааст. Ин тоифа бехабар аз он ки Худованд инсонро баҳри ибодат офаридааст, на баҳри ғасби ҳокимият.
Худи вожаи “терроризм” лотинӣ буда, маънои тарсафканиву даҳшатпароканиро дорад ва моҳияташ бо роҳи зӯрӣ ва ҳатто ҷазоҳои сангини ҷисмонӣ ба қатл расонданро дорад. Террористони манқуртшуда мехоҳанд бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба ниятҳои нопок бирасанд ва аз оби гилолуд моҳӣ гиранд.
Зимнан шоёни таъкид аст, ки ҷанги террористӣ бераҳмтарин ҷанг дар таърихи олам аст. Ин яке аз балоҳои даҳшатнок дар замони имрӯза буда, хавфноктарин силоҳи онҳо худкушӣ аст. Онҳо чунон ҷоҳил, мутаассиб, золими хунхор, беимон ва беинсоф ҳастанд, ки худро дар роҳи ислом «фидоӣ» пиндошта, дар ҳолатҳои барояшон муносиб тибқи нақшаи матраҳкардаашон ба анбуҳи одамон мезананд ва чун камикадзе мардуми ба роҳи худ ва ҳатто тифлони маъсуму занону модарони бегуноҳро бо роҳи худкафонӣ ба ҳалокат мерасонанд ва аз ин кирдори ваҳшиёна худро ҳамчун «шаҳид» дар роҳи ислом муаррифӣ мекунанд ва дар вуҷуди одамон тарсу даҳшатро ҷойгир менамоянд. Ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки худ аз сиёсати давлатдорӣ ва фаҳмиши диниву дунявӣ дур ҳастанд, ба суботу амнияти минтақаҳои мухталиф ҳар лаҳза таҳдид намуда, вазъи ҷаҳон ва минтақаҳои мухталифи зери таъсири худро ваҳим мегардонанд.
Мавриди тазаккур аст, ки яке аз олимони шинохтаи олами ислом Муҳаммад Тоҳир-ал-Қадрӣ мегӯяд, ки «Назарияи дини ислом терроризмро маҳкум мекунад ва террористони худкушро огоҳ менамояд, ки онҳоро дӯзах интизор аст ва ҳаракати онҳо ҳеҷ гоҳ ҷиҳод ҳисобида намешавад». Худованд дар сураи Нисо ояти 93 мефармояд «Ва ҳар кӣ бикушад мусулмонеро қасдан, пас ҷойи ӯ абадан дар дӯзах аст. Ва хашму ғазаб ва лаънати Худо бар ӯст». Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои хеш овардаанд: «Агар инсон хуни як инсони дигареро мерезад, гӯё ба муқобили Худост ҷанг эълон кардааст»,
.
Вале бубинед, воқеияти рӯзгори мо тамоман дигар аст. Мусалламан, дар курраи замин имрӯз 22 давлати арабнишин мавҷуданд, ки 13-тои онҳо аз ҷабру зулми ин ифротгароёни авомфиреб ноором ва оғӯшта ба хоку хунанд. Сарчашмаи ҳамаи ин нооромиҳо, кушторҳои пай дар пай дар мамлакатҳои исломӣ ҳамин гурӯҳу равияҳое ҳастанд, ки аз номи ислом шиорпартоиҳо мекунанд.
Албатта, ободиву харобии дунё ба дасти худи инсонҳост. Мутаассифона, дар ин авохир баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешони миллат шуда, ба ҷараёнҳои ифротгароӣ, ба гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои каҷрав пайвастани онҳо ба чашм мерасад, ки ин боиси ташвиш аст. Гурӯҳе аз ин ҷавонону наврасони ноогоҳ, ки қобилияти дарки ҳақиқии Қуръон ва маърифати инсониро надошта, ҳатто дониши мукаммал нисбат ба таълимоти дини мубини ислом надоранд, ин дини сулҳовару инсонсозро ба таври кофӣ надониста, зуд фирефтаи доми онҳо мешаванд.
Ин зумра хабисон барои манфиати худ шуда, ба чӣ аъмоли разилонаю пасттарин даст мезананд, ки хоси бани башар нест ва он бераҳмие, ки онҳо нисбати одамон мекунанд, ин ваҳшонияти нобахшиданист.
Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки «Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Дар радифи гуфтаҳои Сарвари давлат имрӯз ҷавонону наврасони бонангу номус, ватандору дурандеши моро лозим аст, ки ба ҳар гуна корҳои ношоям, аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дурӣ ҷӯянд, фирефтаи суханони дурӯғини ин тоифа зархаридони беимон нашаванд ва алайҳи ҳама гуна тамоюлҳои хатарзо мубориза баранд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng