ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 5-уми феврали соли 2026 дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён ҳамоиши сиёсӣ доир гардид.
Ҳамоишро мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, профессор Ҷамрод Бобозода ифтитоҳ намуда, моҳияти баргузории Паёми навбатии Пешвои миллатро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.
Мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов бошад, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуда, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Президенти мамлакат дар бораи масъулияти давлат дар самти маблағгузории соҳаи маориф доимо таъкид мекунанд. Аз ҷумла, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо техникаи муосир таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Ба истифодаи технологияҳои навини таълим, аз ҷумла таълими онлайн диққати махсус дода мешавад. Ин ба таълими фосилавӣ ва таъмин намудани дастрасии ҳама ба маълумот мусоидат мекунад.
Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ бошад, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев баромад намуда, таъкид кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо як суханронии сиёсӣ, балки барои рушди давлат, таҳкими қонуният ва ташаккули шуури ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим маҳсуб меёбад.
Маҳз тавассути Паёми Пешвои миллат шаҳрвандон мефаҳманд, ки риояи қонун, пардохти андоз, истифодаи сарфакоронаи захираҳо ва муқовимат бо қонуншиканӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад. Аз ин мебарояд, ки омӯзиш ва дарки амиқи муҳтавои Паёми Пешвои миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон, шарти муҳими ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва давлати демократӣ мебошад.
Садриддин РАҶАБОВ,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng