Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати ташкилию тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ бо факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ҳамоиши сиёсӣ-идеологӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз экстремизми хушунатомез, ки ҳамасола 12 феврал қайд карда мешавад, доир карда шуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Парвиз Шерализода зимни суханронӣ оид ба таҳдидҳои замони муосир, паёмадҳои хавфноки ифротгароӣ ва экстремизми хушунатомез, инчунин, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад.

Сипас, сардори раёсати ташкилю тарбиявии ДДМИТ Сиёвуш Ҳабибов дар бораи сиёсати давлат дар самти ҷавонон, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос сухан ронда, зарурати муборизаи пайваста бо ҳама гуна зуҳуроти ифротӣ ва хурофотпарастиро таъкид намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷаъмахон Ҷангиев ба масъалаи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, рушди тафаккури солим, ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва масъулияти иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Зикр гардид, ки танҳо бо ҳамкории зичи сохторҳо ва фаъолнокии ҷавонон метавон ҷомеаро аз хатарҳои экстремизми хушунатомез эмин нигоҳ дошт.

Ҳамоиш дар фазои озоду созанда баргузор гардида, иштирокчиён андешаҳои судманд иброз намуда, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.