БАҲСИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР МАҲФИЛИ «ДУРАХШИ ИЛМ»
Рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Дурахши илм» доир гардид. Ин чорабинӣ, ки моҳе се маротиба баҳри баланд бардоштани донишу малакаи таҳқиқотии донишҷӯён гузаронида мешавад, ин навбат бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор, таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов баргузор шуд.
Дар оғози маҳфил Қутбиддин Муқимов таъкид намуд, ки ин «Дурахши илм» ҳаштумин ҷаласаи илмии донишҷӯён мебошад, ки дар он устодон ҳамчун нозир ширкат варзида, ба донишҷӯён танҳо роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои илмӣ пешниҳод менамоянд. Ӯ афзуд, ки илм ва дониш пояи асосии инноватсия мебошанд ва имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз бо тавлиди идеяҳои нав ба рушди устувор ноил мегардад.
Ба гуфтаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои миллӣ мебошад.
Сипас, маърузаи Амирҷон Миров, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-25010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо дар мавзуи «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: мушкилот ва дурнамо дар Тоҷикистон» ироа гардид. Баромадкунанда иқтисоди рақамиро раванде номид, ки имкони сарфаи вақт, густариши амалиётҳои ғайримоддӣ, ҷаҳонишавии фаъолиятҳо, афзоиши суръати хизматрасониҳои молиявӣ ва истифодаи маълумоти бузургро фароҳам меорад. Ӯ зикр кард, ки чунин равандҳо барои низоми анъанавии идоракунӣ ва муҳосибӣ мушкилоти нав ба вуҷуд меоранд ва зарурати гузариш ба усулҳои рақамӣ афзун мегардад.
Амирҷон Миров, ҳамчунин, ба банди марбут ба рақамикунонии иқтисод дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ишора намуда, таъкид кард, ки татбиқи муҳосиботи рақамӣ бояд бо назардошти воқеияти иқтисодӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта амалӣ гардад.
Баъдан Ҷалил Ҷалилов, донишҷӯи дигари ҳамин ихтисос (ихтисоси 1-25010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо) бо гузориш дар мавзуи «Рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамишавии иқтисод» баромад намуд. Ӯ рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир арзёбӣ карда, гуфт, ки технологияи нав на танҳо суръати истеҳсолу хизматрасониро меафзояд, балки барои эҷодкорӣ, худтакмилёбӣ ва истифодаи имкониятҳои нав замина фароҳам меорад.
Ба таъкиди Ҷалил Ҷалилов, ҳамгироии рақамишавӣ бо соҳаҳои гуногуни иқтисод омили муҳими рақобатпазирӣ дар муҳити зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар қисмати ниҳоии маҳфил ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Пайрав Бобомуродов оид ба Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ №41 «Кишоварзӣ» сухан гуфта, шарҳ дод, ки ин меъёр дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати танзими баҳисобгирии муҳосибӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ татбиқ мешавад. Ҳадафи асосии стандарт аз муайян намудани қоидаҳои дурусти пешбурди баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ дар ин соҳа иборат мебошад.
Дар анҷоми маҳфил миёни иштирокдорон баҳсҳои созанда, саволу ҷавобҳо ва мубодилаи таҷриба сурат гирифт.
Донишҷӯён баргузории чунин ҷаласаҳои илмӣ-мубоҳисавиро барои боло бурдани донишу малакаи таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташкили ҳамешагии он гардиданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng