Тибқи нақшаи кории шурои кураторони факултети молия ва қарзи донишгоҳ, бо иштироки сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявии ДДМИТ Сиёвуш Ҳабибов ҷаласаи навбатии шурои кураторон доир гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, устодон ва эдвайзерону кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултети молия ва иқтисод Баҳодур Ҷӯрахонзода дар бораи давомоти донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба факултет ва тарбияи донишҷӯён изҳори андеша кард. Номбурда илова намуд, ки ҳар як куратор дар баробари фаъолияти таълимии худ, инчунин, вазифадор аст, ки дар самти тарбия саҳми арзандаи худро гузорад ва давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои академии худро пурра таъмин намояд.

Сипас, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявии ДДМИТ Сиёвуш Ҳабибов дар мавриди фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва дарсҳои тарбиявии кураторон изҳори ақида намуд. Тавре Сиёвуш Ҳабибов қайд кард: “Саҳми кураторон дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос дар факултет ва донишгоҳ бениҳоят муҳим аст.

Бинобар ин, кураторон бояд пайваста бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сатҳи таълиму тарбияро бо ин васила, баланд бардоранд. Дар шароити имрӯза кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди соатҳои тарбиявӣ корҳоро ҷоннок намоянд.

Фарҳод САЪДУЛЛОЗОДА,

эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз