АЗ ГУЗАШТАИ ПУРИФТИХОРИ МИЛЛӢ
“Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”(2020-2040)
Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ (номи пуррааш Кошонӣ Ҷамшед ибни Масъуд ибни Маҳмуд (араб. جمشید الکاشانی, 1380-1429) – риёзидон ва ситорашиноси асримиёнагии форс-тоҷик.
Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ забардасттарин ҳисобдон ва охирин математики барҷастаи давраи исломӣ ва аз бузургтарин мафохири таърихи Шарқ ба шумор меравад. Вай ба такмил ва тасҳеҳи равишҳои қадимии анҷоми чаҳор амали асли ҳисоб пардохт ва равишҳои ҷадид ва содатаре барои онҳо созмон дод. Дарвоқеъ, Кошониро бояд мухтареъи равишҳои кунунии анҷоми чаҳор амали аслии ҳисоб донист. Китоби арзишманди вай бо номи «Мифтоҳу-л-ҳисоб» (1427) - китоби дарсӣ, дар бораи математикаи муқаддамотӣ аст ва онро аз ҳайси фаровонӣ ва танаввуъи мавод ва матолиб ва равонии баён саромади ҳамаи осори математикии асрҳои миёнаи Шарқ медонанд. Дастовардҳои математикии Кошонӣ эҷод ва ташаккули касрҳои даҳӣ ба қиёс бо касрҳои шастгона мебошад, ки дар астрономия маъмуланд.
Дар рисолаи хеш “Ал-рисолат-ул-муҳития” (1424) ҳисоби адади π-ро то шонздаҳ рақами даҳякҳо ба наҳве, ки то саду панҷоҳ сол баъд касе натавонист онро густариш диҳад, нишон дод:
2π = 6,2831853071795865.
Дар рисолаи “Ватар ва ҷайб” ӯ қимати синуси кунҷи як градусро муайян кард:
sin10 = 0,0174524064372835103712,
ки ҳабдаҳ рақами даҳякии ин адад бо миқдоре, ки имрӯза муҳосиба мешавад, ҳамхонӣ дорад. Дарвоқеъ, Кошонӣ миқдори синуси як градусро то даҳ рақами саҳеҳи шастгонӣ ҳисоб карда баромадааст.
Бояд гуфт, ки нахустин фаъолияти илмиашро Кошонӣ дар расадхонаи Хусуф 2 июни соли 1406 дар Кошон оғоз намудааст. Ғиёсуддин нахустин асари илмии худро низ дар ҳамин шаҳр соли 1407 навиштааст. Соли 1411 дар Кошон рисолаи мухтасаре ба форсӣ дар бораи кайҳоншиносӣ (илми ҳайат) навишт. Дар соли 1416 рисолаи муҳими худ «Зиҷи Хоқонӣ»-ро ба форсӣ навишт ва ба Улуғбек, фарзанди Шоҳрух ва набераи Темур, ки дар Самарқанд умр ба сар мебурд, ҳадя кард. Кошонӣ умед дошт, ки бо ҳимояти Улуғбек пажуҳишҳои илмии худро идома дода метавонад. Бо ҳамин мақсад Кошонӣ ба эҳтимоли қавӣ соли 1421 аз Кошон ба Самарқанд рафт ва чунон ки худ дар номаҳояш каму беш ишора кардааст, дар таҳкурсии расадхонаи Самарқанд нақши худро гузоштааст. Аз ҳамон сол вайро ба раёсати он ҷо қабул намуданд ва то поёни умраш дар ҳамин мақом монда буд.
Дар он давра математикони асримиёнагии Осиёи Миёна ба кор карда баромадани усулҳои тақрибии ҳалли баъзе намудҳои хусусии муодилаҳои дараҷаи олӣ низ машғул буданд. Ғиёсиддини Кошонӣ барои ҳалли муодилаи кубӣ усули итератсионии бисёр аҷибро кашф кард, ки онро дар асри XIX, яъне пас аз 330 сол риёзидони англис Ҳорнер аз нав кашф намуд ва олими рус Т.Ф. Осиповский (асри XIX) бошад, онро ба «Курси математика» ворид кард. Дар бораи ин комёбӣ риёзидони маъруфи олмонӣ Ҳерман Ҳанкел (асри XIX) навиштааст, ки аз рӯи саҳеҳӣ ва нафисӣ он аз усулҳои ҳалли тақрибие, ки дар кишварҳои Ғарб баъд аз Виет кашф шуда буданд, ҳеҷ монданӣ надорад. Дар таркиби усули Кошонӣ, инчунин, усули ҷудокунии решаҳо низ дохил мешавад, ки онро баъдтар И. Нютон такрор намудааст.
Соли 1429 дар Самарқанд дар авҷи камолоти илмӣ Ҷамшеди Кошонӣ бо туҳмати душманони фикриаш (бо ҳукми Улуғбек) ба қатл расонда шуд.
Абубакр Кабиров,
н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ
Рус
Тоҷ
Eng