КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТУРИ ҲАЁТИИ ШАҲРВАНДОНИ КИШВАР
Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, масъулияти давлатро дар назди мардум муайян мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олиест, ки пояи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, яъне асоси давлатдориро муқаррар менамояд. Он 6 ноябри соли 1994 тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, барои ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши таърихӣ бозид. Ин ҳуҷҷати муқаддас арзишҳои олӣ, адолат, озодӣ, баробарӣ ва ваҳдати миллиро дар худ таҷассум мекунад. Бо қабули Конститутсия, Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш гирифта, ҷомеаи ҳуқуқбунёдро поягузорӣ намуд.
Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати қонунӣ, балки рамзи ваҳдат ва худшиносии миллӣ аст. Он барои ҳар шаҳрванди кишвар имкони зиндагии ором, адолатманд ва озодро фароҳам меорад.
Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иродаи халқи кишвар буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эълон кардааст». Ин суханҳои Пешвои миллат нишон медиҳад, ки Конститутсия на танҳо як санади расмӣ, балки инъикоси орзую арзишҳои мардуми Тоҷикистон аст.
Барои ҷавонон донистан ва риояи Конститутсия нишонаи эҳтиром ба давлат ва рамзи ватандӯстист. Агар ҳар як нафар моддаҳои онро амалан иҷро кунад, ҷомеа бо адолат, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд хоҳад ёфт.
Имрӯз Конститутсия моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин, адолатпарвар ва қонунмеҳвар раҳнамоӣ мекунад. Он кафили озодӣ, амният ва ваҳдати миллӣ буда, сутуни устувори давлати соҳибистиқлол аст. Пайравӣ аз меъёрҳои он, эҳтиром ба қонун ва риояи адолат, омили асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа мебошад.
Ҳар сол 6 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар шаҳрванди кишвар рамзи эҳтиром ба қонун ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад. Конститутсия моро водор месозад, ки Ватанро дӯст дорем, ба қонун итоат намоем ва барои пешрафти ҷомеа саҳм гузорем.
Ҷавонон қувваи созанда ва ояндаи давлатанд. Аз ин рӯ, донистани моддаҳои Конститутси ва амал кардан ба онҳо нишонаи хирадмандӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст. Маҳз ҷавонони огоҳ метавонанд арзишҳои ин санади муҳимро ҳифз намоянд ва бо меҳнату дониш Тоҷикистонро ба сатҳи нави тараққиёт расонанд.
Маҳбуба Ғафорова, мутахассиси бахши кор бо занону духтарони ДДМИТ
Рус
Тоҷ
Eng