АФЗАЛИЯТҲО ВА МУШКИЛИҲО ДАР РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Рӯзи 8-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Дурахши илм” таҳти унвони “Масъалаҳои гузариш ба шаклҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” доир гардид.
Қобили тазаккур аст, ки мавзуи мазкур дар шароити кунунии рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ҷаҳонишавӣ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва татбиқи он аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Ин аст, ки кишвари мо бо ибтикороти Сарвари давлат дар самти гузариш ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ва низ бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатияшон сари мавзуи матраҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастур доданд, ки тайи панҷ соли минбаъда бояд баҳри пешбурди иқтисоди рақамӣ ба такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои 5 ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва инчунин, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Бо назардошти ҳамин махсусиятҳо ва муҳимияти масъала мавзуи маҳфили “Дурахши илм” ба афзалиятҳо ва мушкилиҳо дар рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи самараноку муфид аз технологияҳои рақамӣ бахшида шуд.
Маҳфили навбатӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғафуров Парвиз Ҷурахонович ва иштироки декани факултаи молия ва қарз Ҷурахонзода Баҳодур, директори китобхонаи илмии донишгоҳ, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултаҳо баргузор гардид.
Сараввал маҳфилро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, перомуни худи мафҳуми иқтисодиёти рақамӣ, махсусиятҳо ва моҳияти он маълумоти умумӣ пешниҳод кард.
Гуфта шуд, ки иқтисодиёти рақамӣ – ин иқтисодиётест, ки ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз қабили интернет, дастгоҳҳои мобилӣ, роёниши абрӣ, зеҳни сунъӣ ва ғайраҳо асос ёфта, вобаста ба тақозои замон бояд тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Дар идома, меҳмони маҳфил - сардори шуъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон Усмонов Ғуфрон Абдуҷабборович, ки худ дастпарвари ДДМИТ аст, оид ба нақш ва таъсири иқтисоди рақамӣ дар низоми бонкии кишвар андеша ронда, зикр намуд, ки Президенти кишвар бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии давлат дар Паёми навбатии худ солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад.
Сипас, баромадкунандагони маҳфил - Кишварзода Хуршед ва Бобоназаров Яҳё, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ дар мавзуи “Масъалаҳои гузариш ба шаклҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” таҳлили мукаммали назариявӣ намуданд.
Ба андешаи маърўзачиён, дар замони муосир техникаву технологияҳои рушдкарда имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Яке аз инҳо дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро ба дилхоҳ нуқтаи кураи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд. Дар ин росто, рушди дастгоҳҳои мобилӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ҳар вақт ва дар ҳама ҷо кор ва муошират кунанд.
Сипас, онҳо дар мавриди иқтидори технологияҳои рақамӣ, афзалиятҳои иқтисоди рақамӣ ва мушкилиҳо дар истифодаи технологияҳои рақамӣ маълумот дода, минҷумла, заминаи эҷоди моделҳои нави тиҷорат ва шаклҳои муошират гардидани технологияҳои рақамӣ, хароҷоти идоракунии инфрасохтор ва маълумотҳоро коҳиш додани роёниши абрӣ, афзоиши тиҷорати электронӣ ва пардохтҳои онлайнӣ, имкониятҳои нави тиҷоратро фароҳам оварда, ба ин васила зиндагии истеъмолкунандагонро осон сохтани иқтисоди рақамиро аз зумраи афзалиятҳо шуморида, ҳамзамон, афзуданд, ки миқдори зиёди маълумоте, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил мешавад, равандҳои қабули қарорҳоро такмил ва самаранокии фаъолиятро афзоиш медиҳад.
Дар баробари ин, маҳдудияти дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ, надоштани маърифати иттилоотӣ, хароҷоти зиёд барои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар шароити кӯҳӣ будани кишварамон ва доштани имкони таъмини амният ва махфияти иттилоот ҳамчун омили мушкилиҳо дар истифодаи технологияҳои рақамӣ номбар гардиданд.
Дар бахши пурсишу посух донишҷӯёни факултаи фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Раҷабов Сиёвуш ва Бобоқулов Аслам ширкати фаъолона доштанд.
Дар қисмати музокиравии мањфил дотсенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии ДДМИТ Махшулов Саидхӯҷа Ҷумъаевич нақши низоми бонкиро дар татбиқи рақамикунонии иқтисодиёт муассир хонда, илова намуд, ки ҳарчанд дар низоми бонкӣ иқтисоди рақамӣ рушд кунад, ҳамон андоза кафолати амнияти молиявӣ ва шаффофият устувортар мегардад.
Дар робита ба ин, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Фарайдунов Осим Қосумшоевич пешниҳод намуд, ки дар маҳфилҳои минбаъдаи “Дурахши илм” бигзор устодон дар раванди пурсишу посух, музокираву муҳокимаҳо ширкат наварзида, танҳо нақши нозир ва мушоҳидро иҷро намоянд. Чунин муносибат метавонад ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор кардани завқи зеҳниву пайдо кардани қобилияти тадқиқотии донишҷӯён, ки аз ҳадафҳои меҳварии маҳфили “Дурахши илм” мебошад, мусоидати бештар намуда, ҳамзамон, миёни донишҷӯён муҳити дӯстдорони дониш, тадқиқ ва навовариро боло барад.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ пазироӣ ёфта, дар навбати худ, мавсуф бо ситоиш аз маърўзаи донишҷӯён илова намуд, ки албатта, ҳарчанд таҳлили баромадкунандагон назариявӣ буд, бешакк, барои аҳли маҳфил маълумоти мукаммалеро бо таҳлилҳои аёнӣ ва муқоисавӣ дода тавонист, ки ин нукта бисёр муҳим аст, яъне донишҷӯён дар ин самт қадамҳои устувор гузошта тавонистанд ва умед мебандем, ки донишҷӯёни дар маҳфилҳои минбаъдаи “Дурахши илм” баромадкунанда дар баробари таҳлилҳои назариявӣ, инчунин дурнамои мавзуи пешниҳодкардаи хешро масъалагузорӣ низ менамоянд.
Қарор шуд, ки маҳфили навбатии “Дурахши илм” даҳаи дуюми моҳи ноябр баргузор хоҳад гардид.
Ёдовар мешавем, ки “Дурахши илм” яке аз ташаббусҳои илмиву маърифатии раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, бо дастури бевоситаи ректори муассисаи таълимӣ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ташаббуси Шурои рушди илм ва инноватсияи ДДМИТ таъсис ёфтаву ҳадафаш ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷӯён ва ба ин васила пайдо намудани чеҳраҳои нави илмӣ ва дар умум пурқувват кардани пойгоҳи илмиву зеҳнии донишгоҳ мебошад, ки моҳе се маротиба доир мегардад.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Рус
Тоҷ
Eng