6-уми ноябри соли 2025 ба муносибати 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аксияи таблиғотӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол ва тақвияти ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии шаҳрвандон амалӣ гардид.

Дар доираи ин аксия, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷангиев Ҷаъмахон бо ҳамроҳии донишҷӯёни курси “Пайравони Пешвои миллат” бо кормандон ва устодон суҳбатҳои кӯтоҳи маърифатию иттилоотӣ доир намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Дар ин варақаҳо маълумоти мухтасар дар бораи таърих, сохтор ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷой дода шуда буд, ки баёнгари эҳтиром ва садоқати ҷавонони донишгоҳ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад.