МАҲФИЛИ “ТАҲЛИЛГАРОН ВА ОМОРЧИЁНИ ҶАВОН”
Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 11-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти миллӣ” доир гардид.
Дар оғози маҳфил мудири кафедра Кӯҳзод Шодиев дар бораи ташаббусҳои созанда ва тадбирандешиҳои ҳакимонаи Пешвои миллат андешаронӣ карда, гуфт, ки имрӯз зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд ва суботи давлати мо мебошад.
Сиёсати сулҳофаринӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат баҳри ҷаҳониён мактаби омӯзиш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсии ҷаҳон иртиботи ногусастанӣ ба сиёсати сулҳофариниву ваҳдатсароӣ доранд, зеро ин шахсияти бузург тавонистанд сулҳу оромиро дар мамлакат барқарор кунанд, миллати парокандаро ба ҳам оранд ва шуълаи умед ба фардои дурахшонро дар дили ҳар сокини кишвар барафрӯзанд.
Сипас, аъзои маҳфили илмии донишҷӯён, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси омор Сумайя Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таърих бо воқеаҳои сарнавиштсози худ собит намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мамлакат падидаи барҷастаи ояндасоз мебошад. Мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаро ифтитоҳ намуда, сулҳу субот ва амнияти миллиро таъмин намуданд.
Баъдан, раиси маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра доктор (PhD), муаллими калони кафедра Музаффар Ҳалимзода оид ба ташаббусҳои созанда ва корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлол ибрози андеша намуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Рус
Тоҷ
Eng