Муоинаи тиббӣ далели солимии ҷомеа буда, он яке аз шаклҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ ва гузаранда ҳамасола дар ДДМИТ устодон ва кормандон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Имсол низ мувофиқи нақшаи кории нуқтаҳои тиббии ДДМИТ, аз 4 то 10-уми ноябри соли равон муоинаи тиббии устодон ва кормандони донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №5 сурат гирифт.

Дар он 8 мутахассис - духтурони бемориҳои дарунӣ, пӯст, занона, гӯшу гулую бинӣ, асаб, чашм, сил ва духтури тадқиқоти хун барои RV устодон ва кормандонро аз санҷиши тиббӣ гузарониданд.

Мутахассисон ҳангоми муоинаи тиббӣ дар бораи тарѓиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сил ва нашъамандӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бино ба иттилои ҳамшираҳои тиббии донишгоҳ Хайриниссо Тешаева ва Меҳрона Ҳакимова, натиҷаи ташхисҳои муоинаи тиббӣ баъд аз як ҳафта маълум мегарданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА