Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо кафедраи молияи донишгоҳ дар толори конфронсии ДДМИТ чорабинии илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди корҳои эҷодию инноватсионии донишҷӯён доир гардид, ки дар он идоракунии лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии донишҷӯён муаррифӣ шуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Аз ин рӯ, бо ташаббуси ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар донишгоҳ Шурои илмӣ-таҳқиқотии навоварон ташкил карда мешавад, ки дар он корҳои эҷодию инноватсионии донишҷӯён пешниҳод мегарданд. Ҷаласаҳои шуро моҳе як маротиба баргузор гардида, лоиҳаҳо барои дастгирӣ ва маблағгузорӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо пешниҳод карда мешаванд. Барои навоварон синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз бо техникаву технологияҳои наву замонавӣ таъмин гардида, компютерҳо бо хати интернет пайваст карда мешаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ гардонидани лоиҳаҳои пешниҳодшуда дар Парки технологии донишгоҳ шароити зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

- Лоиҳаҳо аз ғояҳои гуногун сар мезананд, идеяҳо бошанд, аз проблема ба вуҷуд меоянд. Дар лоиҳа идеяҳои наву тоза ва барои ҷомеа судманд нақши муассир дорад, - афзуд Қ. Муқимов.

Дар идома дотсенти кафедраи менеҷмент, номзади илмҳои иқтисодӣ Давлатмо Назарамонова дар бораи пайвандии илм бо истеҳсолот сухан ронда, барои татбиқи идеяҳо маблағгузориро шарти муҳим донист.

Дар робита ба масъалаи матраҳшуда, донишҷӯёни факултети молия ва қарз: Муҳаммад Шарипов, Файзимоҳ Нарзуллоева, Саидраҳмон Саъдуллоев, Ҳабибулло Ҳикматов, Мадина Манучеҳрзода, Томирис Исмоилова ва Баҳман Зубайдов дар бораи идоракунии лоиҳаҳо, арзиши корҳои иҷрошуда, рақобат, иштибоҳ ва таваккал, ҳамкорӣ бо сармоягузорон, муносибатҳои мураккаб байни иштирокдорони лоиҳа, имкони тағйироти ҷиддӣ ва таъсири муҳити беруна бо маърузаҳо баромад намуданд.

Дар қисмати муҳокимавӣ устодону донишҷӯён фикру андешаҳои худро барои беҳтарсозии кору фаъолияти Шурои навтаъсис пешниҳод карданд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳия ва пешниҳоди корҳои эҷодию инноватсионӣ, ҳамчунин, барои саҳм гузоштан дар таҳкими иқтидори илмӣ Сипоснома тақдим гардид.

Наврӯз Ҷобиров