Справка кафедры

No item found!

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ МОЛИЯВӢ

          Кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети молия ва қарз тибқи моддаи 18, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти фармони № 53/и аз 25 июни соли 2012 таъсис додашудааст. И.в. мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пулодов Ҳ.Н. таъин карда шуда буд ва бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 03.12.2012 сол барои ишғоли вазифаи мудири кафедра тариқи озмун номзади илмҳои иқтисодӣ Муминов А.Б. таъин гардид. Сипас н.и.и.,дотсент Қараев Р.Х бо фармоиши ректори ДДМИТ аз 12.06.2018 №150/111 бо тариқи гузариш аз вазифаи дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз гузаронида шуд. Аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи феврали соли 2024 мудири кафедраро н.и.и., дотсент Сулаймонзода Ш.Ф. ба уҳда дошт.

Аз моҳи феврали соли 2024 то моҳи августи соли 2025 мудири кафедра д.и.и., профессор Мирсаидов С.А. ба уҳда дошт. 

Бояд қайд намуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти молиявӣ н.и.и., дотсент Хоҷаев Б.Б., ба зимма дорад.
         Дар кафедра омӯзгорони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои 1-25010408 - бозори фондӣ ва 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода, д.и.и, профессор Мирсаидов С.А., д.и.и, профессор Давлатзода Д.А,  д.и.и, Раҳимзода Ҳ.Р., дотсентон Хоҷаев Б.Б, Махшулов С.Ҷ., Қараев Р.Х., Сулаймонзода Ш.Ф., Дембегиев М.С. муаллими калон Солиев Н.А., ассистентон Раҳимзода Ф.М., Мирзоев Ҳ.Ҳ., Иброҳими Ҳ.Ҳ., Файзаллиев Қ.З., Каримзода Б.Қ., Умаров Э.Х.,  фаъолият намуда баҳри тайёр намодани мутахаасисони соҳибкасб саҳм гузошта истодаанд. 
          Аз соли таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра тибқи нақшаи таълимӣ барномаҳои таълимӣ ва корӣ таҳия гардида, дар раванди таълим мавриди истофода қарор доранд. 
     Кафедраи иқтисодиёти молиявӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, баҳри тайёр намудани мутахасиссони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳм гузошта, истодааст. Айни ҳол кафедра аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода намуда истодааст: 

• 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, мутахассисонро дар самтҳои ташкилотчии фаъолияти бонкӣ, молиячӣ, кормандони гуногуни ташкилотҳои молиявӣ ва вазорати молия омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "иқтисоди молиявӣ ва бонкӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар фурӯши хизматрасонӣ дар самти молиявӣ, маркетинг, молия ва дигар шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти молиявии ширкатҳо кор кунанд.
• 1– 25010408 – бозори фондӣ, мутахассисонро дар самти биржаҳои фондӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, таҳлилгарони бозорҳои молиявӣ, мушовирони тиҷорати фондӣ, кормандони вазорату Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии он, ки бо масъалаҳои сиёсати сармоягузори ва фонҳои сармоягузории бахшҳои иқтисодӣ машғуланд, намояндагони савдо, мутахассисони муносибатҳои бозори асъорӣ тайёр мекунад. 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

          Кафедра фаъолияти илмию таҳқиқотии худро дар асоси нақшаи дурнамо солҳои 2023-2027 таҳти унвони “Бозори молиявӣ ва муаммоҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, баргузории семинарҳои илмӣ, конференсияҳо, нашри мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои дарсиро тибқи нақшаи мазкур роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамчунин кафедра бо мақсади омӯзиш ва тадбиқи таҷрибаи пешқадам дар самти корҳои имлмию таҳқиқотӣ, таълимӣ ҳамкории судмандро бо ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ ба роҳ мондааст. 
Профессорон ва дотсентони кафедра ба ҳайси муқарризи расмӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ;  08.00.06.06 –Иқтисодиёти соҳибкорӣ, ва аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баромад менамоянд. 
         Дар давоми 5 соли охир кафедра 3 китоби дарсӣ ва зиёда аз 4 монография ва 5 васоити таълимӣ рӯйи чоп овардааст.


Учебные дисциплины

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

        Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 17 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст. 
Аз рӯйи 10 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд. 

Фанҳои таълимӣ:

Муқаддимаи ихтисос

Муомилоти пулӣ ва қарз

Инноватсия дар бонкњо

Молия ва муомилоти пулӣ

Фаъолияти биржавӣ

Танзим  ва назорати асъор

Ташкили биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозори коғазҳои қиматнок

Бозори қарз ва асъор

 Биржаи байналмилалию молӣ

 Пул, қарз, бонк

 Биржаҳои фондӣ ва ташкилотҳои молиявӣ

 Амалиётҳои форвардӣ ва фиючерсӣ

 Назорати молиявӣ дар биржаи фондӣ

 Ҷамъияти саҳомӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 Фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

 Ҷамъияти саҳомӣ дар бозори коғазҳои қиматнок


Состав сотрудников кафедры

No item found!