Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем


Сарвари мамлакат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои пайвастаи хеш ҷавононро ояндаи миллат ва давлат ёдовар мешавад. Гузашта аз ин тамоми кӯшишу ғайрати худро барои муҳайёсозии шароити моддӣ ва маънавии ҷавонон ва беҳбудию мушкилоти ҷойдоштаи ин насли созандаи имрӯз ва ояндаи ҷомеа равона менамояд.

Дар Паёми имсола ҳам, ки 23 январи соли 2015 ба МО ҶТ ироа гардид, Сарвари давлат ин нуктаи муҳимро боз як бори дигар ёдовар шуда, қайд намуд, ки ба ҷавонон тамоми кумаку дастгириҳо, имконот ва имтиёзот барои кор ва такмили малакаи корӣ ва бозомӯзии курсҳои такмили ихтисос муҳайё карда шавад, то ки онҳо тавонанд дар муҳити солим ба дастовард ва дараҷаҳои илмӣ комёб гарданд, то ки дар оянда бо дониш ва ҷаҳонбинии васеи илмии худ соҳиби миллату давлати хеш бошанд.

Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат, инчунин вобаста ба тарбияи ахлоқии ҷавонон, таъкиди ҷиддӣ намуда, рафтору кирдори бархе ҷавононро, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ворид гаштаанд, барои ҷомеа хавфнок ва нигаронкунанда арзёбӣ намуд.

Чӣ тавре ки иттилоъ дорем, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нооромиҳои сиёсии дорои хусусияти миллатгароӣ, терроризм ва кирдорҳои дорои хусусияти ифротгароию мазҳабидошта бисёр ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки сабаби асосии ба вуҷуд омадани нооромиҳои сиёсӣ байни давлатҳо ва муноқишаҳои динию мазҳабӣ, пеш аз ҳама, ба омилҳои дар боло зикргардида вобастагии зич дошта, ҳар лаҳза боиси фавти одамони бегуноҳ, хусусан кӯдакону барҷомондагон ва вайрон гаштани шаҳрҳои обод мегардад.

Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар ин зиддияти гурӯҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳоеро, ки аксари аҳолияшон мусулмонҳо мебошанд, ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки иштирокчиёни чунин муноқишаҳо дар бештари мавридҳо ҷавононанд, ки бо ҳаракатҳои зиддиинсонии худ на ба як ё ду давлати ҷаҳон, балки ба тамоми давлатҳои сайёра хатари манфӣ доранд.

Чунин нооромиҳои сайёра барои миллати мо, ки чунин рӯзҳои мудҳиш ва сангинро дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ бо чашми худ дидаву паси сар кардааст, инчунин сулҳу суботро бо баҳои ҷони ҳазорон ҷавонони бо нангу номуси миллат ба даст овардааст, ҷиддан нигаронкунанда аст. Зеро гурӯҳҳои ифротгаро бештар дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқот бурда, онҳоро ба минтақаҳои даргир ҷалб менамоянд.

Тавре маълум аст, дар чунин муноқишаҳои мазҳабии айни ҳол дар мамлакатҳои Сурия ва Ироқ ҷойдошта гурӯҳе аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик низ бо сабабҳои номаълум ё воситаҳои гуногун ширкат варзида истодаанд, ки боиси марги шумораи зиёди онҳо гаштааст. Вобаста ба масъалаҳои маълум Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Иштирокчиёни ин муноқишаҳо, аслан нафароне мебошанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва ба ҳаракатҳои мазҳабию иртиҷоӣ ворид гашта, дар чунин муноқишаҳои марговар иштирок менамоянд ва ҳамзамон мақоми миллат ва давлати худро дар сатҳи байналмилалӣ паст мегардонанд».

Аз рӯи маълумоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат то имрӯз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар чунин муноқишаҳои ифротгарои мазҳабӣ дар давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок дошта, аллакай 50 нафарашон ҷони худро бохтаанд, ки ин ҷомеаи моро бетараф гузошта наметавонад.

Аксари ин ҷавонон муддатҳои тӯлонӣ аз ватан ба мусофират баромада, падару модар, зан ва фарзандони худро бе кумаки моддӣ гузошта, ба қатли ҳамдинони худ машғул мебошанд, ки ин қатлу куштори бемаънӣ аз доштани фарҳанги пасти динии чунин ҷавонон дарак медиҳад. Бисёр хуб мешуд, агар чунин ҷавонон, аз кирдорҳои номақбул даст кашида, ҳангоми пиронсолӣ кумаки волидони барҷомонда ва тарбияи дурусти фарзандони худро ба ҷо оварда, ҳимояи марзу буми муқаддаси ватани худро ба ҷо меоварданд ва ҷони худро бо маблағҳои ифротгароёни аҳримансиришти хориҷӣ иваз намекарданд.

Мушкилоти дигаре, ки ҷавонони тоҷикро ба доми худ мекашад, ин бесаводию гумроҳӣ, шабгардиҳои бемаврид, истеъмоли моддаҳои мухаддир, мубталошавӣ ба бемориҳои зуҳравӣ, майзадагӣ ва қиморбозӣ, хусусан кирдорҳои номатлуби хусусияти шаҳвонидошта мебошанд, ки боиси сироятёбии бемориҳои гуногун гашта метавонанд. Бояд қайд кард, ки шумораи чунин нафарон рӯз то рӯз на коҳиш, балки афзоиш ёфта истодааст, ки ин яке аз хатарҳои мудҳиш ва вабои асри 21 ба ҳисоб меравад.

Рӯз то рӯз тарбияи ахлоқии ҷавонон паст ва эҳтироми онҳо ба насли калонсол кам гашта, шумораи ҷавонони лаёқатманд ва илмталаби содиқ аз мактабҳои миёна сар карда, то макотиби олии кишвар тадриҷан рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ки ин масъала на танҳо падару модар, балки аҳли ҷомеаро низ бетараф гузошта наметавонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар қатори ин мушкилоти нангин, ҳамчунин рӯз то рӯз фарҳанг, маданият ва муоширати ҷавонон бисёр дағал ва гӯшхарош гашта истодааст. Ҳатто нафаронеро баъзан дучор омадан имрӯзҳо муяссарамон мегардад, ки номи шахси бузургтарин ва наздиктарини худ - Модарро, ки онҳоро ба дунё овардаву шири поки додааст, дашном мекунанд. Ин гуна тарзи муошират баёнгари ахлоқи пасти чунин афрод аст, ки ҳар нафари боору номусро бетараф гузошта наметавонад.

Бояд қайд кард, ки истифодаи бе мавриди телефонҳои мобилӣ ва пайваст шудан ба шабакаҳои интернетии дорои ахлоқи пасти инсонӣ, ки наворҳои зиддиахлоқиро паҳн менамоянд (аз қабили фисқу фуҷур ва дигар кирдорҳои бадахлоқона), шуурнокии ҷавонони моро заиф ва ҳофизаи онҳоро барои омӯзиши илм коҳиш дода, ахлоқи ҳамидаи онҳоро паст мегардонад.

Ин мушкилот на танҳо дар байни ҷавонони синни аз 18-сола боло, балки дар байни ноболиғони синну соли мактабҳои миёна низ паҳн гаштааст, ки ҳар фарди солимфикрро лозим аст бо чунин пайомадҳои номатлуб пайваста дар мубориза қарор дошта бошад.

Дар баробари ин камбудиҳои ҷойдошта, ҳамчунин ноболиғон ва ҷавонони мо ба тамошои фитаҳое, ки филмҳои хориҷии дорои характери зӯроварӣ ва тарғибгари кирдорҳои террористӣ ва экстремистианд, машғуланд. Ҳамаи ин кирдорҳои нанговар бе ягон муҳобот боиси аз байн рафтани ҷомеаи солим, насли солим, фарҳангу маданияти волои миллат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мегарданд. Агар мову шуморо нигаронкунанда бошанд, пас моро зарур аст, ки ба насли имрӯза бояд тарбияи дуруст ва роҳи ростро ҳидоят намоем.



Сулаймон Дӯстов

устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ