Мақолаҳо
ДМИТ дар як сол
Яке аз дастовардҳои беҳтарини Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ин аст, ки барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналхалқии BID (Business Initiative Directions) созмон дода шуда, онро 22 марти соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки намояндагони тақрибан 80 давлати ҷаҳон ва беш аз 200 ширкату муассисаҳо аз тамоми нуқоти олам ба ректори донишкада - Ашурбой Солеҳзода дар вазъияти тантанавӣ раиси ширкати Business Initiative Directions Хоссе Прието супорид.
Бо гирифтани Ҷоми тиллоии сифат ДМИТ ҷузъи ҷамъияти байналхалқии BID гардид.
- ДМИТ 1 августи соли 2015 барои дастовардҳо ва муваффақият дар самти фаъолияти худ, барои истифодаи усулҳои навоварӣ ва маъмул дар идоракунӣ бо ҷоизаи BIZZ-2015 (World Confederation of businesses – WORLDCOB, Лас-Вегас, ИМА) сазовор гардонида шуд. Айни ҳол ДМИТ узви баргузидаи WORLDCOB гардид. Узвият дар WORLDCOB ба ДМИТ имкон медиҳад, ки ҳамкориҳоро дар доираи ҷомеаи бизнес ва муассисаҳои ҳаммонанди худ васеъ намуда, дар оянда аккредитатсияи байналмилалиро соҳиб гардад.
- Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода аъзои Иттифоқи академии Оксфорд гардид ва дар бораи донишкада дар маҷаллаҳои хориҷии «University of the Future» ва «Quality Crown» маълумоти муфассал чоп шуд.
- Бо фармоиши вазири молияи ҶТ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия” ва Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия ба сохтори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаштанд, ки ин қадамест барои ба донишгоҳ табдил додани донишкада.
- Бо фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ аз 9 августи соли 2015 ба ДМИТ барои қабули докторантура, яъне PhD иҷозат дода шуд.
- Шарипов Ҷурахон, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шуд. Ҳамчунин Хайров Шукрулло, н.и.и., муовини ректор оид ба таълим ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар риштаи илми иқтисод ва дар риштаи фанҳои гуманитарӣ Муродов Ардашер, номзади илмҳои ҳуқуқ мушарраф гардонида шуданд.
- Имсол 4 нафар устодони донишкада рисолаи номзадиашонро ҳимоя карданд.
- Имсол ба тариқи ММТ ба донишкада 1362 нафар донишҷӯ қабул гардид, аз ҷумла 1095 нафар ба шуъбаи рӯзона, 267 нафар ба шуъбаи ғоибона, ки аз нақшаи қабули донишҷӯён барои соли 2015 қариб 90%-ро ташкил медиҳад.
- Имсол 9 ихтисоси нав, аз қабили молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, менеҷменти инвеститсионӣ, идораи ҳайати кадрӣ, аудит ва ревизия, логистика, кори реклама, менеҷменти инноватсионӣ, инвеститсияи байналмилалӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ кушода шуд.
- Имсол дар донишкада аввалин маротиба дар ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ гурӯҳи таълимаш ба забони англисӣ таъсис дода шуда, айни ҳол дар он 11 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.
- Дар доираи Парки инноватсионию технологии ДМИТ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва курсҳои тайёрӣ доир мегарданд.
- Донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла Махфират Самадзода аз назарияи иқтисодӣ (роҳбари илмиаш Холматова С.) сазовори ҷои дувум, Зафари Саидқул аз фанни фалсафа (роҳбари илмиаш Мирзоев Ғ.), Неъматулло Солеҳов аз математика (роҳбари илмиаш Раҳимов Р.), Миразиз Обидов аз фанни сиёсатшиносӣ (роҳбари илмиаш Ҷобиров И.) сазовори ҷои сеюм шуданд.
- Аз моҳи январи соли равон сар карда, татбиқи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» дар ДМИТ оғоз гардид. Дар донишкада яке аз унсури ин лоиҳа - омода намудани мутахассисони соҳаи молия татбиқ мегардад.
- Дар доираи татбиқи ин лоиҳа ба донишкада 60 ноутбук, 100 адад компютер, 100 адад таҷҳизоти таъмини беисти барқ (UPS), 8 адад таҷҳизоти лингофонӣ - ҳар кадом барои 15 ҷой, 1 адад принтери рангаи HP, 25 адад принтери ҳама дар як, 2 адад Xerox, 5 адад степлери электронӣ, 10 адад тахтаи электронии интерактивии Promethean, 9 адад тахтаи сенсорӣ (бо даст), 1 адад барномаи литсензионии EViews, 1 адад барномаи литсензионии MICROFIT 5.0 барои Windows 64 бит барои 5 истифодабаранда, 10 адад барномаи литзензионии Stata 14 барои Windows, 1 адад барномаи идоракунии китобхона Alexandria, 5 адад барномаи силсилаи Econometrics барои истифодаи Microfit 5.0, маҷмӯи китобҳо оид ба Stata, 2 адад таҷҳизоти чопкунандаи Barcode барои китобхона, 6 адад таҷҳизоти Barcode барои идораи китобхона, 110 адад барномаи Barcode барои идораи китобхона, 12 адад кондитсионер ворид карда шуд.
- Рӯзҳои 22-23 октябри соли 2015 донишкада бо дастгирии Лоиҳаи мазкур дар кохи Наврӯз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» баргузор намуд.
- 14 нафар донишҷӯи донишкада дар хориҷи кишвар тибқи барномаи табодули донишҷӯ таҳсил доранд ва дар ДМИТ 24 нафар донишҷӯи хориҷӣ машғули таҳсиланд.
- Азамат Пирматов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар хизматрасониҳои иттилоотии факултети технологияҳои иттиоотӣ дар иқтисодиёти донишкада дар чемпионати ҷаҳонӣ оид ба пауэрлифтинг иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардид.
- Донишҷӯи соли дуюми факултети ҳисобдорӣ ва омор, ихтисоси иқтисоди таҳлилӣ Абдуллоев Иброҳим дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин дар вазни 55 кг, ки санаи 6-уми декабри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон барои дарёфти Ҷоми «ХАН МАНАС» баргузор гардид, ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ ва диплом гардид.
Машҳура Абдуллоева