Мақолаҳо
Таҳлили самтҳои иқтисодии Паём
Солеҳзода Ашурбой
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ниҳодааст. Агар дар марҳилаҳои пеш мақсади барқарорсозии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шуда бошанд, ҳоло бо бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили заминаи инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ шароити ба амал баровардани нақшаҳои бузурги ҳам инфрасохторӣ, ки кишварро ба бозори ҷаҳонӣ бештар ворид месозад, ҳам саноатию инноватсионӣ, ки рушди сармояи инсонӣ ва шароити меҳнату зиндагии шоистаро таъмин менамояд фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми январи соли 2016 баргузор гардид, назар ба Паёмҳои пешина тавсиф ва хислати сифатӣ дошт.
Дар ин марҳилаи босифат зарурати таҳияи нақшаҳои нав дар шакли Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои рушди кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат барои расидан ба ҳадафҳои рушд ба миён омад, ки густариши инкишофи босуръати минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар назар дорад. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки интихоби роҳу усулҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои умумимиллӣ аз роҳи тайкардаи кишвар то ин марҳила вобастагӣ дорад. Бинобар ин гузариш аз як сенарияи рушд ба сенарияи дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳампайвастагии онҳо риоя гардад, вале танҳо дар сифати нав. Дар ин ҷода дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифати нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил ҳоҳад дод”.
Дар натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ дар соҳаҳои бунёдии инфрасохтори зарурии истеҳсоливу иҷтимоӣ шароити босифат рушд намудани саноати кишвар фароҳам оварда шудааст. Дар натиҷа тахминан аз солҳои 2007 сар карда, теъдоди корхонаҳои нави саноатӣ ботадриҷ афзуда, то ба имрӯз 30% афзоиш ёфт. То ин давраи нави босифат дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ташкил карда шуд, аз он ҷумла корхонаҳои коркарди маъданҳои зеризаминӣ (мис, қалъагӣ, руҳ, молибден, палладий ва ғайра), коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, маводи сохтмонии саноатӣ (сементбарорӣ, хиштсозӣ, коркарди чӯбу тахта ва амсоли онҳо) ва коркарди ашёи хоми кишоварзӣ. Дар натиҷа сол аз сол афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ назаррас гардида, дар соли 2015 назар ба соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли саноати истихроҷи маъдан 16,5% ва саноати коркард 10,2% зиёд гардид.
Минбаъд дар назар дошта шудааст, ки бо рушди инфрасохтори соҳаи саноат ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои диверсификатсияи содироти ватанӣ ва амалигардонии сиёсати ивазкунандаи воридот ин соҳа саҳмгузор буда метавонад ва маҳз дар ҳамин соҳа (аз ҷумла соҳаи агросаноатӣ дар асоси кишоварзии органикӣ) арзиши баланди иловашуда ба даст оварда мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд барои “ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ” маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ карда шавад. Дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ин чораҳо натиҷаи назаррас хоҳанд дод.
Чораҳои пешбинишуда аз интихоби сенарияи рушди иқтисодӣ дар асоси инкишофи соҳаҳои саноатию иноватсионӣ вобаста аст ва биноан дар Паём нисбати сифати нави рушд қайд гардид: “Мо инкишофи устувори кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем.” Сенарияи мазкур бо ҷалби васеи сармоягузориҳои хусусӣ ва мустақими хориҷӣ имконпазир буда, он ба диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва афзоиши назарраси содироти молу хизматрасониҳо оварда мерасонад.
Дар асоси гузариши босифат ба иқтисодиёти индустриалию аграрӣ рушди бемайлони корхонаҳои агросаноатӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2014 бахши аграрӣ ҳамчун ҷузъи комплекси агросаноатӣ 23,5% ММД-и кишварро тавлид мекард ва соли 2015 бошад, ин ҳисса ба 21,9% баробар шуд. Солҳои охир дар соҳа диверсификатсияи фаъолият тавассути ташкили кишти такрорӣ, рушди боғпарварӣ, коркарди маҳсулоти растанӣ ва чорво, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти растаниҳои равғандор ба назар мерасад, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи агросаноатӣ такон мебахшад. Вобаста ба рушди ин соҳа масъалаи дастрасӣ ва сифати ғизо дар кишварамон ҳалли пурраи худро меёбад ва таркиби истеъмолии мардум ба талаботи сифатии рушди инсонӣ мувофиқ гардида, ба маърифатнокии баланди тамоми қишри ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Дар шароити тағйирёбии ҷараёни тиҷорати ҷаҳонӣ дар асоси муносибатҳои ҳассоси сиёсӣ байни кишварҳо, рушди кишоварзии органикӣ дар Тоҷикистон ва ба содирот равона намудани маҳсулоти он мавқеи кишварро дар минтақа низ устувор мегардонад.
Ҳамчунин мавқеи устувори кишвар аз рушди соҳаи энергетика низ вобаста буда, ҳам барои рушди саноати кишвар ва ҳам барои зиёд намудани сарчашмаи даромади асъорӣ дар асоси фурӯши нерӯи барқ саҳмгузор буда метавонад. Дар ин самт барои самаранок истифода намудани нерӯи барқ дар кишвар лоиҳаҳои бунёди шабакаи ягонаи энергетикии кишвар дар асоси муттаҳидсозии шабакаҳои ҷануб ва шимоли кишвар амалӣ гардиданд. Тадбирҳо дар самти муайян намудани сарчашмаҳои нави захираҳои энергетикӣ андешида шуда, лоиҳаи НБО-и Роғун амалӣ ва барои дар оянда ба кишварҳои минтақа фурӯхтани нерӯи барқ лоиҳаи КАСА-1000 низ амалӣ мегардад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба аҳамияти ин лоиҳа қайд намуданд, ки: “он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад”.
Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус тиҷоратӣ аз бахши коммуникатсионӣ вобастагии калон дорад. Дар бахши мазкур “45 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.” Дар 12 соли охир боркашонии автомобилӣ тавассути автомобилҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ зиёда аз 12 маротиба афзоиш ёфтааст. Бо бунёди роҳҳои оҳан, албатта, на танҳо молҳои ватанӣ бо сабукиҳо ва харҷи камтар ба бозори ҷаҳонӣ содир карда мешаванд, балки ширкатҳои нақлиётиву тиҷоратии байналмилалӣ қаламрави Тоҷикистонро (ҳамчун як ҷузъи “Шоҳроҳи Абрешим”) барои транзити молҳои худ истифода бурда метавонанд. Ба кишвари транзитӣ мубаддал гардидан яке аз роҳҳои таъмини устувории рушди иқтисодии сифатан нав ба ҳисоб меравад, ки дар маҷмӯъ ба рушди соҳаҳои бо он алоқаманд, алалхусус сайёҳӣ оварда мерасонад ва ба сифати зиндагии мардум бетаъсир намемонад.
Албатта, амалӣ гардонидани ин ҳадафҳо аз ҷидду ҷаҳди мардуми меҳнатдӯсти кишварамон вобаста буда, дар шароити ҷараёни пуртазоди байналмилалӣ мо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро баҳри ноилшавӣ ба ояндаи нек ва сифатан нави сатҳи зиндагӣ сармашқи фаъолият бояд қарор диҳем.