Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Амалишавии барномаи мубодилаи донишҷӯён дар ДМИТ

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии фаъоли кишвар рӯз то рӯз дар ҳоли рушд ва комёбиҳост. Дар чанд соли охир муассиса фаъолияти худро густурда, дар худ тағйироти куллиеро ворид кардааст. Бе муҳобо, сифати хуби таълиму тарбия, дастрасӣ ба технологияҳои муосир, устодон ва кормандони ботаҷриба ва лоиҳаҳои татбиқгардидаистодаву барномаҳои табодули донишҷӯён, афзудани шартномаҳо ва муассисаҳои ҳамкор, ки дар чашм аён аст, исботгари ин ҳама рушду фаъолият дар донишкада мебошад. 
Дар қатори татбиқи дигар барномаҳо дар донишкада барномаи табодули донишҷӯён низ ба хубӣ амалӣ шуда истодааст. Тибқи ин барнома донишкада ҳамасола донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратураро ба донишгоҳҳои ҳамкори худ, аз ҷумла: Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Пскови ФР, Донишгоҳи Петрозаводск ва ғайраҳо мефиристад.
Аз моҳи сентябри соли 2015 чор нафар донишҷӯ Давлатов Маҳмудҷон, Зокиров Абдумаликҷон, Бабиева Фирӯза ва Гулҷонов Раҷабалӣ дар Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон то январи соли 2016 таҳсил намуда, бо натиҷаҳои хуб ба донишкада баргаштанд. Онҳо ҳангоми таҳсил дар ДНИК дар бисёр чорабиниҳои донишгоҳӣ аз ҷумла, конфронсҳои байналмилалӣ, семинарҳо, лексияҳои профессорон фаъолона ширкат варзида, ба худ таассуроти нав бардоштанд. Дар он ҷо бо ашхоси нав ва урфу одатҳои дигарон шинос шуданд. Яке аз он донишҷӯён Гулҷонов Раҷабалӣ мегӯяд: «Ҳар рӯз мо шиносҳои нав пайдо мекардем. Шиносҳоямон аз Испания, Россия, Ҷопон ва дигар мамлакатҳо буданд. Мо аз таърих, урфу одат ва ҷашнҳои ин мардум ба худ маълумоти нав гирифтем».
Яке аз воситаи рушди илму фарҳанг ва ҳунару маҳорати ҷаҳониён ин муомилот ва шиносоии ҳаррӯзаи онҳо бо якдигар мебошад. Одамон дар тӯли солҳо аз таҷрибаи якдигар омӯхта, бо татбиқи он ба чунин як давраи тараққикарда расидаанд. Бо назардошти ҳамаи ин, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мехоҳад фаъолияти худро дар самти татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён идома дода, дар рӯзҳои баъдӣ доираи ин фаъолиятро натанҳо дар Осиёи Миёна ва Россия, балки то Амрикову Аврупо густариш диҳад, то ба ҷавонони кишвар имконияте диҳад, ки онҳо тавонанд бо омӯхтани таҷрибаи дигарон ва истифодаи технологияҳои муосири мавҷудбуда дар ин мамолик донишу маҳорати ҷадидеро барои худ касб кунанд. 
Мавриди зикр аст, ки дар семестри баҳории соли хониши 2015-2016 донишкада тасмим гирифтааст, то ҳашт нафар донишҷӯёнро аз ихтисосҳои гуногун ба Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон, 1 нафарро ба Донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва 7 нафарро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Пскови ФР бифиристад.
Умедворем, ки донишҷӯёни мо бо дониш ва ахлоқи намунавии худ натанҳо нуфузи донишкада, балки обрӯи кишвари маҳбубамонро дар хориҷа баланд хоҳанд бардошт.


Раббимзода Суҳроб

сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ