Мақолаҳо
Раҳмонобод дирӯзу имрӯз: пайғоми мардуми шаҳрак ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Аз Хоруғ то Раҳмонобод 30 км. Сардии ҳаво, роҳҳои яхбаста ба ҳаракати «Тангем»- ҳои чиноӣ дар ин роҳ, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, монеа эҷод намекунанд. Дар баромадгоҳи Хоруғ аз ронандае пурсидам:
- То Раҳмонобод чанд пул?
- Се сомонӣ, - мегӯяд ронанда ва даъват ба нишастан мекунад.
Ҳамсуҳбатони ман коргарон, деҳқонон, омӯзгорон – одамони одии дараи Ғунд дар ин истгоҳ интизори мошинҳои мусофиркаш буданд . Онҳо чун мардуми одии Кӯлоб, Данғара, Хуҷанд, Панҷакент, Ҳисор ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон шукргузоранд. Вақте ки сухан аз дастовардҳои вилояти Бадахшон мерафт, дам ба дам аз забонашон «Ба баракати Ҷаноби Олӣ» садо медод. Мардуми одӣ дур аз тамаллуқ аст. Билхоса, дар ин диёр. Ҳар чӣ мегӯяд, аз дил мегӯяд. Ман инро қаблан, замони Шӯравӣ, ки ба ин сарзамин зиёд сафар доштам, медонистам. Охирин қурси нонашро пеши меҳмон рӯйи дастархон мегузорад.
- Меҳмон, куҷо сафар дорӣ? – Пурсид пирамарде, ки суҳбати моро гӯш мекард.
- Раҳмонобод,- гуфтам.
- Баракат ёбад Сарвари давлат,- гуфту бо қаноатмандӣ сар ҷунбонд.
Ҳамсафари ман, дӯсти айёми донишҷӯиям Мирзоазизи Мирзоқанд, ки солҳои вазнинтарин самуҳаррири рӯзномаи «Бадахшони советӣ» буду ҳоло маро ҳамроҳӣ мекард, ба сухан меояд:
- Ин суханони пирамард боди домони забон нест, аз эътиқод ва самимият аст. Ёд дорам, 19 марти соли 1994-ро. Он вақт дар кӯчаҳои Хоруғ кулоҳи афғонибасарон хело зиёд буданд. Агар аз баландие назар меандохтед, миёни мавҷи одамон чунин кулоҳбасарон, ки дар даст автомату гранатомёт доштанд, аз ҳама зиёд буданд. Дар ҳамин вазнинтарин давра як вақт овоза шуд, ки фардо Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов меояд. Ин аз ақл берун буд. Касе ба ин бовар надошт. Ман ҳам. Вале он фардо ҳама шоҳиди ташрифи ӯ шуданд. Аз ҳамон давра мардуми Бадахшон ба Ҷаноби Олӣ эътимод ва ба фардо умед бастанд...
Мошини мо аз байни хонаҳои боҳашамати дараи Ғунд, ки замони Шӯравӣ орзуи доштани онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёли касе намеомад, гузашта сӯйи Раҳмонобод мешитофт. Дарахтони оғӯштаи барф аз вазнинии ин сарборашон ба замин хам оварда буданд. Ҷо-ҷо мошинҳои боркаши дароз, ки аз ҷониби Чин ба сӯйи Душанбе ҳаракат доштанд, ба чашм мехӯрданд. Ман мехостам қабл аз дидани шаҳраки Раҳмонобод ба минтақаи тармафаромадаи Барсем равам. Дар ин минтақа тарма милёнҳо куб хоку сангро пешандоз карда оварда, ба рӯйи деҳаи Барсем ва роҳи ҳаёт - Қулма-Хоруғ хобонида, муддате ин «раги хунгард»-ро аз ҳаракат боздошта буд. Ман августи порсол ҳангоми ташрифи Президент ба ин ҷо омада будам. Сел деҳаи Барсем, молу ҳол, дору надори 494 сокинони онро ба коми худ фурӯ бурда, онҳоро ғарқи андӯҳ ва яъсу ноумедӣ сохта буд. Дунё ба умед гуфтаанд, вале ман мардуми дараи Барсемро дар ноумедӣ дида будам. Дарёи шӯхи Ғунд мардумро аз деҳаашон ҷудо карда буд. Онҳо аз тарафи дигари соҳил бо ноумедӣ, бо чашмони ғарқи об ба деҳа ва роҳи мошингарди зери сел мондаашон менигаристанд. Касе умед надошт, ки роҳи Хоруғ-Қулма аз тариқи дараи Ғунд барқарор мешавад. Ҳатто, ҳангоми мулоқот бо Президент барқарор кардани роҳ тавассути Шохдара (ноҳияи Роштқалъа) ба миён омада буд.
Риштаи хаёли маро «Ана, расидем» - гуфтани Мирзоазиз канда кард. Дили кӯҳро шикофта, роҳи мошингард сохта буданд.
- Касе умед надошт, ки ин роҳро дар ним сол мекушоянд, - ба сухан омад ронанда. - Ҳатто роҳбарони вилоят, аммо дар 27 рӯз бо дастури Президент роҳро сохтанд ва ба истифода доданд. «Ҷаноби Олӣ супориш доданд, ки баъд аз анҷоми сохтмони роҳ тамоми техникаи пуриқтидори сафарбаршуда дар ихтиёри вилоят гузошта шавад», - баъдтар гуфт дар суҳбат бо банда раиси вилоят Шодихони Ҷамшед.
Мошини мо аз роҳи калон ҷудо шуда, ба баландӣ – шаҳраки Раҳмонобод, ки Ҳуснободи Кулолиро ба хотир меорад, роҳ пеш мегирад. Сари баландӣ ман аз ронанда хоҳиш мекунам, ки мошинро нигоҳ дорад. Аз мошин берун омадам ва дар ҷоям шах шудам. Аз сардӣ не, аз ҳайрат. Аз он чи ки аз моҳи август боқӣ монда буд, ҳамон шипанге буд, ки Ҷаноби Олӣ бо мардуми гирифтори офатгашта, сокинони Барсем мулоқот доштанд. Шояд он ҳамчун рамзи эҳтиром ба Пешвои миллат нигоҳ дошта шуда буд.
Ҷониби Мирзоазиз нигаристам.
- Ин афсона аст, афсона!- бо ҳаяҷон ба сухан омад ӯ. Ин шаҳрак дар ду моҳ бунёд гашт. Воқеан, ҳам Президенти мо Пешвои миллат аст. Биёр назди ман нафареро, ки аз Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон эътироф накунад. Муште ба синааш мезанам, ки дигар аз ҷояш нахезад! Ман ба чунин амал кардани ӯ шубҳа надоштам. ӯ сухан аз дил мегуфт, замони донишҷӯӣ ҷавонмарди тавонои муштзан ҳам буд.
Дар зоҳир хонаҳо диққатрабо буданд. Ман мехостам аз дохил, ботини ин хонаҳоро назар андозам. Дари аввалин хонаеро, ки пеши рӯямон омад, кӯфтем. Марди лоғаре дарро боз кард ва моро даъват ба дохил шудан намуд. Вориди даҳлези бо қолин густурда шудем. Дар гӯшае пилтаи чорконфораи хӯрокпазӣ ва ҷевонҳои замонавӣ, ки дар дохилашон асбобу анҷоми хӯрокпазӣ меистод, ҷой гирифта буданд. Хонаи рӯ ба рӯ мисли оне буд, ки барои меҳмонон пешбинӣ шудааст.
- Чандхонагӣ? – Пурсидам аз соҳиби хона, ки худро Ғулом Вистобшоев муаррафӣ кард.
Ба ҷои посух ӯ маро ба хонаи дигар даъват намуд. Панҷ сутун дар миёни хона қомат афрохта буданд. Саросар ҳама чӯбкорӣ бо усули қадимаи помирӣ.
- Ин чӯбкориҳо хеле серхароҷотанд, чӣ гуна муяссар гашт, ки дар ин бинои муосир ҷисму рӯҳи хонаҳои қадимаи помириро ҷой диҳанд?
- Бо дастури Ҷаноби Олӣ. Моҳи августи соли гузашта, рӯзе, ки ин ҷо омада бо мо мулоқот оростанд, хоҳиш кардем, ки ҳангоми сохтани хонаҳо ҳамин усули хонасозии помирӣ ба инобат гирифта шавад. Он кас ваъда доданд, ки чӣ хеле ки мо мехоҳем, ҳамон хел мешавад. Албатта, серхароҷот аст. Чӯбҳояш беҳтарин, аз Русия оварданд. Барои ҳар кадоме аз ин хонаҳо на камтар аз 300 000 сомонӣ харҷ гаштааст. Ташаккур ба ин марди шариф, Пешвои миллат, ки дар сахттарин рӯз ҳамроҳи мо буданд ва моро соҳиби хонаю дар ва ҷиҳози он карданд.
Ман як-як ба ҷиҳози хона назар меандозам: палосу қолинҳо, кӯрпаю болиштҳои нав, шкафу шифонер, мошини ҷомашӯӣ, яхдон, компютер, принтер, … кас дар ҳайрат мемонад.
Ба телевизори плазмаӣ нигариста, аз соҳиби хона пурсидам:
- Телевизорро худатон харидед?
- Куҷо худам? Вақте ки дохили хона шудем, ин ҳама буд. Дар деҳаи кӯҳнаамон ҳамагӣ се оила чунин телевизор дошт. Дар Раҳмонобод ҳама хонаҳо доранд. Ҷаноби Олӣ гуфта буданд, ки аз сӯзану ришта то яхдону телевизорро таъмин мекунем. Таъмин карданд. Раҳмат ба падару модарашон.
- Шумо ба ин ҳама умед доштед?
- Агар гапи ҳақро гӯям, не. Умед надоштем, ки дар чор-панҷ сол соҳиби хона мешавем. Гурӯҳҳое буданд, ки болои сӯхта намакоб мерехтанд. Мегуфтанд, ки ваъдаҳои Ҳукумат дурӯғ аст. Бинед, дар ду моҳ соҳиби хонаҳое шудем, ки асрҳо мардуми Бадахшон орзу мекард. Ҳоло ҳамон вайронкорҳо мардуми деҳаро бинанд, аз дур сарашонро ба замин хам карда мегузаранд.
Ман ба сутунҳо менигарам. Соҳиби хона нигоҳи маро пай бурд, ки шарҳ медиҳад:
- Сутуни миёна – сутуни ҳазрати Муҳаммад, дар паҳлӯи он сутуни ҳазрати Алӣ, се сутуни дигар сутунҳои Фотима ва Ҳасану Ҳусейн.
Ин дам чашмам ба духтарчае мехӯрад, ки дар печ ҳезум мегузошт.
- Ангиштро аз куҷо мегиред?
- Ба мо меоранд. Ин зимистон ба ман 70 лингча ангишт оварданд. Як дафъа 35 халта, боз 35 халтаи дигар.
- Бо кадом нарх ангиштро харидед?
- Ман намедонам чанд қимат дорад. Ин ҳамаро ба мо ройгон медиҳанд. Ин ҷо намояндаи Ҷаноби Олӣ, муовини Сарвазир Иброҳими Аъзам буд. Бар падараш раҳмат, шабу рӯз дар по мӯза миёни хоку лой мегашт, кӯдакони моро ном ба ном медонад. Зану фарзандонашро ҳам оварда буд. Фарзанди падари кас ин қадар хизмат намекунад. Агар дидед, ташаккури мардуми Раҳмонободро расонед.
- Номат чӣ? – Мепурсам аз духтарча, ки дар назди телевизор қарор дошт.
- Дониябегим.
- Синфи чанд мехонӣ?
- Панҷ.
- Дар кадом мактаб таҳсил мекунӣ?
- Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.
- Ту магар дар он ҷо зиндагӣ дорӣ?
- Ҳа, дар лагери Уқобҷа зиндагӣ дорам.
Ба сухани мо як нафар сокини дигари Раҳмонобод ҳамроҳ мешавад:
- Мактабро, ки дорои 250 ҷойи нишаст аст, бояд моҳи январ ба истифода диҳанд. Барои аз мактаб дур намондани хонандагон 115 нафар мактабиёнро ба баракати Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов фиристоданд. Онҳо дар таътили зимистона назди падару модарашон баргаштанд.
Боз ба духтарча рӯй меорам:
- Акнун мактабро дар ин ҷо давом медиҳӣ?
- Не, ман ба Ҷаббор Расулов бармегардам.
- Чаро?
- Он ҷо бисёр ба мо меҳрубонанд. Назди дугонаҳои суғдиям меравам.
- Номи дугонаҳоятро медонӣ?
- Албатта, Нилуфар, Шаҳло…
- Ба онҳо пайғоме дорӣ?
- Салом, маро интизор бошед!
Мирзоазиз суҳбати моро мебурад. Бубин, ба тоҷикӣ чӣ хел хушрӯй гап мезанад. Муҳити хонаводагӣ имкон намедиҳад, ки хонандагони инҷобуда забони тоҷикиро тез ва хуб аз бар кунанд. Бояд мубодилаи хонандагони мактабҳои Бадахшон бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон зиёд сурат гирад. Он гоҳ ҳам забонро тез азхуд мекунанд, ҳам мардум ба якдигар наздик мешаванд. Дар давраи донишҷӯии мо аз ҳама минтақаҳо дар як ҷо таҳсил мекардем ва то имрӯз ба ҳам дӯсту бародарем. Ҳоло чӣ? Қариб ҳар шаҳру вилоят ба худ донишкада дорад. Ин раванди ба ҳам наздикшавии мардуми минтақаҳои Тоҷикистонро бозмедорад.
Мо аз хона берун меоем. Марде сари роҳи мо мебарояд ва ба хонааш даъват мекунад.
- Ман Давлатназаров Моҳназар, раиси маҳалла. Хонаи мо надаромада, рафта наметавонед. Ҳарчанд рӯз ба торикӣ гароида буд, мо вориди хонаи раиси маҳалла шудем. Хонаи ӯ чун хонаҳои дигар муҷаҳҳаз бо асбоби рӯзгор буд.
- Дар ду моҳ 82 хонаро сохта ба истифода доданд. Дар таърихи Бадахшон касе чунин ғамхориро ба мардуми мо раво надидааст. Қулуқ ба Ҷаноби Олӣ. Бунгоҳи тиббӣ, мактаб, ҳаммом – ҳама чизро дорем.
- Шаҳрак қаблан чӣ ном дошт?- мепурсам аз ӯ.
- Ин ҷо деҳа не, майдони тирпаронӣ буд. Баъд аз Барсемро пахш кардани сел хаймаҳо пайдо шуданд. Касе Хайробод ном карда буд. Аммо мардум баъди аз баракати Ҷаноби Олӣ қомат рост кардани хонаҳо, Раҳмонобод мегуфтанд. Ин ҷо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров омада буд. Мардум пешниҳод карданд, ки Раҳмонобод ном гузошта шавад. Пешниҳоди онҳо қабул шуд.
Баъд аз хайру хуш бо аҳли хонадон мо берун омадем. Ҳарчанд ҳаво бисёр сард буд, назди мошин одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Ҳар кадоме моро ба хонаи худ даъват мекард. Тангии вақт моро ба идома додани сафар даъват мекард. Мо савори мошин мешавем.
- Хайр, мардуми Раҳмонобод!
- Хайр. Қулуқи моро ба Пешвои миллат расонед! – садо медиҳад овози онҳо.
- Ҷаноби Олӣ «Тоҷикистон»-ро мутолиа мекунанд. Пайғоми шумо ҳатман ба он кас мерасад.
Шариф Ҳамдампур,
Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №4 (1150) аз 27-уми январи соли 2016