Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Андешаҳо перомуни самти иқтисодии Паём

Самти иқтисодии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бештар ба роҳҳои паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ - буҳрони молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шуда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёмҳои қаблӣ буда, дар он рушди иқтисодиёти кишвар дар динамикаи таъмин ва инкишофи се ҳадафи асосии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Яъне, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ ва аз амнияти озуқаворӣ ба дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат гузаштан мебошад.
Дар Паём вазъи имрўзаи иқтисодиёти кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки новобаста аз таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар рушди воқеии ММД дар сатҳи 6% таъмин карда шуда, сатҳи таваррум ба 5% баробар гардидааст. Сатҳи камбизоатӣ ба 31% паст карда шуда, ММД ба сари ҳар нафари аҳолӣ дар ҳаҷми 3,8% афзуд. Маблағи пасандозҳо дар ҳаҷми 35% афзуда, 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар асоси таҳлилҳои нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар дар Паём зикр гардид, ки имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам пурра истифода намешаванд ва «шароити имрўзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ» бояд чораҳо андешида шавад.
Бо назардошти истифодаи васеи технологияҳои муосир дар ҷараёни истеҳсолот муайян карда шуд, ки самти рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон индустриалӣ ва инноватсионӣ бояд бошад ва дар ин замина бобати рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ва умуман саноатикунонии босуръат дастур дода шуд. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки таъсиси корхонаҳои нав дар асоси принсипи кластерӣ ба роҳ монда шаванд. Яъне, мавқеи корхонаҳои нав бо назардошти захираҳои иқтисодӣ ва табиӣ бояд бунёд карда шаванд.
Бобати дастгирии кормандони соҳаи буҷавӣ дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ ва коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, стипендияи донишҷўён ва нафақа дастур дода шуд, ки он аз моҳи июли соли ҷорӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳамзамон, музди миёнаи меҳнат ба 400 сомонӣ баробар карда шуда, ба масъулин супориш дода шуд, ки соли ҷорӣ барои таъсиси на кам аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба ғайр аз ин, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетию сиёсати молиявию қарзии мамлакат, муътадилии сатҳи нархҳо, баланд кардани қурби асъори миллӣ, рушди соҳаи энергетика, сохтмони роҳу пулҳо ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушд дастуру супоришҳои амиқ доданд, ки иҷрои онҳо имконпазир буда, танҳо аз масъулини сохторҳо фаъолияти босамару мутамарказии иҷрои саривақтии барномаҳои давлатию соҳавиро талаб менамояд.


Баҳром Сафаров
муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ