Мақолаҳо
Рушди босуръати бахши воқеии иқтисодиёт – тақозои замон
Имрӯз вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои берунӣ дар сатҳи аз меъёр боло қарор дорад. Содироти молу хизматҳо нисбат ба воридоти онҳо 4 маротиба кам буда, чунин аҳволро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вохӯрдан амри маҳол аст. Ҳар як давлат кӯшиш харҷ менамояд, ки тавозуни савдои хориҷӣ мусбат бошад - ин кафолати устувории иқтисодиёти миллӣ мебошад. Вале аз сабаби суст рушд ёфтани соҳаҳои воқеӣ иқтисодиёти миллӣ ва рақобатпазир набудани молҳои ватанӣ, инчунин коҳиш ёфтани нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои содиротии мо, имрӯз наметавонем бақияи мусбии савдои хориҷии мамлакатро таъмин намоем.
Солҳои охир маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ омили муҳимми таъмини устувории тавозуни пардохт ва қурби пули миллӣ гаштааст. Ҳамасола аз ҳисоби ин сарчашма ба ҷумҳурӣ то 4 млрд. доллари ИМА ворид мегардад ва таъсири он ҳамчун омили берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва қурбии пули миллӣ беандоза калон аст. Инро мо дар солҳои 2008-2009 ва 2014-2015 хуб ҳис кардаем. Дар соли 2015 маблағҳои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 60% кам ворид гардида, чунин чора ба вазъи тавозуни пардохт ва ҳаҷми бозорҳои дохилии мамлакат таъсири манфӣ расонид.
Илова бар ин, бояд хотиррасон кард, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зич дорад. Дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ дар соли сипаригашта қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро нагардид. Аз ин лиҳоз, ба мо ҳаётан зарур аст, ки сатҳи вобастагии иқтисодиёти кишварамонро аз омилҳои берунӣ то қадри имкон коҳиш диҳем. Албатта, дар замони галобализатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои берунӣ то як дараҷа боқӣ мемонад, вале сатҳи он набояд ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва устувории пули миллӣ таҳдид намояд.
Бинобар ҳамин, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 вазифаи бартараф намудани вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз таъсири омилҳои берунӣ гузошта шуда, роҳҳои ҳалли он бо далелу рақамҳои дақиқ асоснок карда шудааст.
Барои рушди соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, суръати саноатикунонии мамлакатро тезонидан зарур аст, ки ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва васеъ намудани сарчашмаи дохилии даромади буҷети давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам меоварад.
Ҷиҳати бартараф намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои берунӣ вазифа гузошта мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин намоем ва барои тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Таҷрибаи солҳои охир оид ба рушди истеҳсоли семент, ангишт ва маҳсулоти парандапарварӣ шаҳодат медиҳад, ки мо имкониятҳои кам кардани воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳуриро дорем. Дар тӯли 15 сол истеҳсоли сементро аз 198 ҳаз. тонна то 1450 ҳаз. тонна расонидем ва ин имконият фароҳам овард, ки воридоти он 3 маротиба коҳиш ёбад. Дар натиҷа, танҳо дар соли 2014 56 млн долл. ИМА аз ҳисоби кам кардани воридоти семент сарфа намудем. Аз ин лиҳоз, нисбат ба дигар навъҳои маҳсулоти воридотӣ, ки бо истифодаи имкониятҳои техникию технологӣ ва шароити мусоиди табиӣ ташкили истеҳсоли онҳоро дорем, бояд чунин рафтор намоем. Ҳоло бисёр намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди картошка, пиёз, биринҷ, гандумро аз хориҷа ворид намуда, на танҳо ба устувории пули миллӣ, балки ба рушди кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти деҳот монеъ мешавем.
Роҳи бартараф намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои берунӣ ва таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ, бешубҳа, диверсификатсияи содироти молҳо мебошад. Ҳоло номгӯи молҳои содиротии мамлакат хеле маҳдуд буда (асосан нахи пахта, алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ), имконият намедиҳад, ки дар шароити тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ аз таъсири онҳо барои эмин доштани манфиатҳои миллии иқтисодӣ чораҷӯӣ кунем.
Бинобар ин дар Паёми имсола вазифа гузошта мешавад, ки бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад. Барои амалӣ шудани мақсади мазкур мо бояд кӯшиш намоем, ки ҳарчи бештар сармояҳои дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт ҷалб гардида, онҳо барои ташкили истеҳсолоти молҳои ивазкунандаи воридот ва зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ истифода шаванд.
Бешубҳа, баъди амалӣ гаштани маҷмӯи чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии тавозуни савдои хориҷӣ ва таъмини рушди босуръати бахши воқеии иқтисодиёт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои берунӣ бартараф мегардад ва мавқеи кишварамон дар арсаи ҷаҳон беҳтар мешавад.
Бегматов А.А., дотсенти кафедраи молия ва муомилоти пулӣ