Мақолаҳо
Ҳақиқатнигорӣ пешаи мост
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Боиси сарфарозист, ки ба қарибӣ бо азму талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ду шабакаи телевизионии тоза ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин аз рушди ВАО ва озодии сухан дар кишвар ба ҳайси омили устувори сиёсати давлат ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудану эътироф кардани касби моҳиятан зарури журналистӣ гувоҳӣ медиҳад.
Воқеан ҳам дар ҷомеае, ки матбуот набзи замонро муайян мекунад, вай як рукни муҳимми ҷомеа мебошад. Дар замони кунунии ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо васоити ахбори омма дар ҷомеа мавқеи хоса дошта, манбаи асосии таъсиргузори иттилоотӣ дониста шудааст. Имрӯзҳо ба ғайр аз нашрияҳои муқаррарӣ, ба монанди рӯзномаву маҷалла нашрияҳои электронӣ низ фаъоланд ва хонандагони он зиёданд, ба хотири он ки масоҳаташ беҳудуд буда, дастрасӣ ба он осонтар аст.
Бояд гуфт, ки дар замони имрӯза бархе аз ҷараёнҳои тундгаро ВАО-ро воситаи асосии таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷомеа ва ҷалб намудан ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва барои манфиати худ истифода мебаранд. Сухан ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир расонида, метавонад онро тағйир диҳад. Матбуот ва умуман ВАО бояд танҳо ва танҳо барои созандагиву ободкорӣ ва ислоҳи камбудиҳо хизмат кунад. Нерӯи сухан бузург аст. Ва ин ҷо бояд таъкид дошт, ки сухан бо бузургиаш низ дар баробари илм метавонад омили пешбарандаи ҷомеа бошад.
Матбуот ойинаи тамомнамост. Он на танҳо ҷиҳатҳои мусбӣ ва ободкориҳоро, инчунин камбудиҳоро инъикос менамояд. Вале имрӯзҳо дар саҳифаҳои матбуот маводи танқидӣ хеле кам ба назар мерасад. Бояд тазаккур дод, ки танқид чун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар ин ҳар маводи танқидие, ки ба хотири пешрафт ва созандагӣ дар матбуот чоп мешавад, бешак, ба раванди пешравиҳои ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.
Тавре ҳамагон медонед, Донишкадаи молия ва иқтисод низ дорои нашрия – рӯзномаи «Молия ва иқтисод» буда, он пайваста рӯи чоп меояд. Нашрия ҳаёти ҳамарӯзаи донишкадаро дар саҳифаҳояш инъикос намуда, дар як вақт хабарҳои тозаи муҳим дар шакли электронӣ дар сомонаи ДМИТ низ ҷой дода мешавад, ки ин ҳама ҷиҳати муаррифии ин боргоҳи маърифат саҳм мегузорад. Ҳайати эҷодии рӯзнома, ки аз журналистони ботаҷриба иборатанд, ҳамеша дар пайи эҷод, навоварӣ, воқеънигорӣ ва ҷолибсозии рӯзнома мекӯшанд.
Ҷои зикр аст, ки имрӯзҳо ҳаводорону хонандагони воқеии нашрия меафзояд. Бо пешниҳоди мақола ва дигар маслиҳату дархост донишҷӯёну устодони сершуморе ба суроғи мо меоянд. Бешак, ин таваҷҷуҳ аз маърифати баланди мутолиа доштани эшон дарак медиҳад ва моро ба кори эҷодӣ дилгарм мекунад.
Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст, гуфтааст бузурге. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодӣ мекӯшад, ки боварии хонандаро аз даст надиҳанд ва қалами худро барои созандагӣ ва воқеънигорӣ истифода бурда, бо дастгирии хонандаи гиромӣ рӯзномаро боз ҳам беҳтару ҷолиб ва хонданитар намоянд.
Дар фарҷоми гуфтаҳо, дар иди касбӣ ба журналистони тоҷик ҷуръат, масъулият, ҳақиқатнигорӣ ва қалами созанда таманно дорам.
Машҳура Абдуллоева
сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»