Мақолаҳо
Омӯзиши забони фаронсавӣ дар ДМИТ
«Charm et la beauté de la langue française consistent souvent en savoir-faire de se délivrer de ce que n'est pas obligatoire».
(Jjul' Renar)
«Дилрабоӣ ва зебоии забони фаронсавӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ аз он чизе, ки қобили қабул нест, даст кашӣ».
(Жюл Ренар)
Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, забономӯзӣ кори осон набуда, он муддати дароз, сабру тоқат ва, пеш аз ҳама, шавқу хоҳиши зиёдро талаб мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити кунунӣ яке аз мақсадҳои муҳиммест, ки на танҳо дар назди Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, балки диққати тамоми ҷомеаи имрӯза низ ба он равона карда шудааст. Бо омӯзиши ин ё он забони хориҷӣ мо бо таъриху фарҳанг ва адабиёти халқе, ки забонашро меомӯзем, ошно мешавем.
Забони фаронсавӣ яке аз забонҳои машҳури аврупоӣ буда, дар тамоми дунё зиёда аз 300 миллион нафар одамон бо он гуфтугӯ мекунанд ва сол аз сол шумораи одамоне, ки ин забонро меомӯзанд зиёдтар мешавад. Забони фаронсавӣ дар 33 мамлакати дунё ва ду вилояти Канада забони давлатӣ мебошад. Зиёда аз 75 миллион одамон ин забонро забони модарӣ мешуморанд. Аз ҷиҳати омӯзиш дар ҷаҳон пас аз забони англисӣ ҷойи дуюмро ишѓол мекунад. Зиёда аз 20 000 калимаҳои англисӣ асоси баромади фаронсавӣ доранд.
Забони фаронсавӣ – забони модарии фаронсавиҳо, аҳолии Белгия, Шведсия, Канада, Монако, Гвиана, қисми зиёди мамлакатҳои Африқо ба монанди ҷумҳуриятҳои Конго, Кот-д’Ивуар, Мадагаскар, Мали, Нигер, Сенегал, Того, Бурунди ва дигар мамлакатҳо мебошад. Он ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил шуда, чун дигар забонҳои романӣ аз забони лотинӣ сарчашма гирифтааст. Навишташ дар асоси алифбои лотинӣ мебошад.
Яке аз забонҳои кории СММ буда, даҳҳо давлат ва дигар созмонҳои бонуфузи дунё ин забонро ҳамчун забони давлатӣ ва ё забони коргузории худ қарор додаанд.
Дар баробари омӯзиши забони англисӣ соли дуюм аст, ки дар донишкадаи мо низ омӯзиши дуюм забони хориҷӣ, яъне забони фаронсавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин забонро ихтисосҳои иқтисоди ҷаҳон ва фаъолияти иқтисоди беруна меомӯзанд ва ногуфта намонад, ки аз тарафи донишомӯзон хуб пазируфта шудааст. Ҳарчанд донишҷӯёни мо таҳкурсии омӯзиши ин забонро надоранд, вале аз таҷрибаи якунимсола хулоса баровардан мумкин, ки байни донишомӯзон нисбати омӯзиши ин фан шавқу рағбати зиёд пайдост ва алакай нафарони зиёд бо ин забон хонда, навишта ва бо истифода аз луғат тарҷума карда метавонанд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 1 250103 гурӯҳи Б: Убайдуллоев Сарвар, Абдуллоев Эмомалӣ. Аз ҳамин ихтисос гурӯҳи А: Давлатов Мурод, Тӯйчиев Муҳриддин, курсҳои якуми ихтисоси 1 25010814 гурӯҳи А: Ҷобирзода Дилбар, ихтисоси 1 25010300 А: Фирӯза Ҳайдар, Пулотов Фаррух, Сайдалиев Фурқат, Усмонов Ардамеҳр, ихтисоси 1 25010407 гурӯҳи А: Тошматов Абдумалик, Носирзода Рустам, Насимов Шоҳрух, Хоҷаев Муҳаммад ва дигарон, ки шоистаи таҳсин ва офаринанд.
Яке аз гурӯҳҳои фаъол дар донишка ин курси якуми ихтисоси 1 25 010300 гурӯҳи Б (англисӣ) мебошад, ки тамоми донишҷӯёни ин гурӯҳ дар баробари донистани забони англисӣ, забони дуюм барои онҳо, яъне фаронсавиро бо шавқи зиёд ва ҳавасмандӣ аз худ карда истодаанд. Дар ин гурӯҳ ҳамагӣ 11 нафар таҳсил мекунанд ва ҳамаи онҳо донишҷӯёни қобил ва шоистаи таҳсинанд, вале ҳастанд нафароне, ки боз дар байни онҳо фаъолтар ва бартарӣ доранд, ба инҳо мисол шуда метавонанд: Нозанини Сорбон, Хоҷаева Фарзона, Фозилова Сайёра, Султонзода Умар, Ҳабибуллоев Маҳмудхӯҷа ва Зулфалиев Эркинҷон.
Умед аст, ки дар оянда чунин донишҷӯён бо донистани якчанд забони хориҷӣ ва мутахассиси хуби касби интихобкардаи худ, обрӯи донишкада ва давлатамонро баланд бардошта, ояндаи Тоҷикистони азизро дурахшон ва поянда месозанд.
Бо мақсади хуб ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани такмили забони фаронсавӣ дар кафедраи забонҳои хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз он ҷумла, барномаҳои мушаххаси корӣ, барномаи таълимӣ ва видео-дарсҳои лингофонии фаронсавӣ.
Бояд зикр намоем, ки дар соли ҷорӣ васоити таълимӣ низ барои таълими забони фаронсавӣ дар назди кафедра бо забони давлатӣ омода шуданд ва ин амал ба тавқият додани усулҳои таълим ва сатҳи донишазхудкунӣ мусоидат мекунад.
Ҳусейнова Гулпарӣ
устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДМИТ, унвонҷӯи ДДЗТ