Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Қатрае аз суннатҳои волои Наврӯз

Рахимов-Р.jpgДар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ниёгонамон одатҳову русуми ҷолибе доштанд. Дар ин айём дар зарфҳо ва гулдонҳо сабзӣ мекоштанд. Ағлаби ҳафт навъи ғалларо бар ҳафт сутун мекоштанд ва хубию бадии рӯиши онро мазанна (фол)-и неку бади он маҳсул дар соли оянда мегирифтанд. Ё ки мувофиқи ривояти таърихӣ, ки дар китоби Ю. Яқубов ”Гоҳномаи авестоӣ” омадааст, 25-рӯз пеш аз фарорасии наврӯз дар дарбори шоҳӣ 12 сутун бо косаҳои пур аз хок мегузоштанд ва дар онҳо 12 намуд зироатро мекоштанд ва рӯзи 6-уми наврӯз сабзаи ин зироатҳоро олимони зироатшинос фол медиданд ва ҳосилнокии онро дар соли нав пешгӯӣ менамуданд.
Наврӯз аз замонҳои қадим ҷашни бунёдкорӣ, ҷашни дӯстию бародарии халқҳо буда, онҳоро ба муттаҳидию ягонагӣ, ба сулҳу хирадмандӣ даъват мекард. Яке аз суннатҳои волои Наврӯз ин кинаҳоро аз синаҳо берун, қалбҳоро аз шодӣ фузун кардан аст. Баландтарин суннати инсондӯстӣ, пайки паёми тозагиҳо буда, инсонҳоро барои пок намудани қалбҳои худ, бахшидани гуноҳҳои якдигар, барои ҳирсу ҳасаду бухлу дурӯғу тӯҳмату кибру ғуруру риёву кинаҳоро аз қалбҳояшон дур намудан, инсонҳоро ба ваҳдату якдилӣ, барои қалбҳоро чун оина пок намудан даъват менамояд. Мо барои тоза намудани қалбҳоямон бояд аз гуфтаҳои ниёгонамон, ки ба риштаи назм дароварда, хеле хуб фармудаанд:
Хоҳӣ, ки бувад қалби ту чун оина,
Даҳ чиз бурун кун аз даруни сина.
ирсу ҳасаду бухлу дурӯғу тӯҳмат,
Кибру ғуруру рашку риёву кина.
моҳирона истифода барем.
Қаҳриҳоро оштӣ дароварда, душманҳоро дӯст гардонидан, ин баландтарин, волотарин суннатҳоеанд, ки мисли онро ёфтан мумкин нест. Таърих гувоҳ аст, ки одамон дар рӯзҳои Наврӯзӣ ҳамагуна гилаю озор ва муноқишаю низоъро фаромӯш карда, бо чеҳраи кушод, бо эҳсосоти неки инсонӣ ба истиқболи ҳамдигар мерафтанд.
Қитъаи зерин аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад:
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон,
Дуранд ё ки наздик, бояд ҷамъ оянд.
Бошанд ки сер бинанд соли дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Илова бар ин ҳафт “мим” яке аз муҳимтарин бахши маросими Наврӯзӣ барои оро додани суфраи ид мебошад. Ҳафт мим маъмулан иборат аст аз: мурғу моҳию майғӯ (навъе харчанг) ва мост (ҷурғот)-у мева (ки ағлаб ҳафт навъ аст) ва мавизу масқатӣ (навъи ширинӣ). Ғайр аз ин, дастурхони ҳафт шин: шарбату шароб, ширу шакар, шамъу ширинӣ, ширбиринҷ; ҳафт син: сабза, кишмиш (сабз), себ, санҷит, сирко, суманак, сабзӣ орогари мизи наврӯзӣ буд.
Халқи тоҷик ин ҷашни фархундаро бо як шукӯҳу шаҳомоти хос ҷашн мегирифтанд. Агар мо ба эҷодиёти гузаштагони худ назар афканем, мебинем, ки онҳо ҷашнгирии Наврӯзро хеле хуб ба риштаи назм кашидаанд. Ба хотири Наврӯз “Наврӯзнома”-ҳо эҷод кардаанд. Намунаи қасидаҳои васфии онҳоро Ҳамза бинни Ҳасани Исфаҳонӣ дар асри худ “Ашъор-ус-соират фи-н-Наврӯз ва-л-меҳрҷон” гирд овардааст. Масалан дар “Наврӯзнома”-и Нақибхони Туғрал дар бораи кадом рӯзи бахосият ҷашн гирифтани Наврӯз маълумот дода шудааст.
Имсол Наврӯз ба рӯзи душанбе рост меояд. Барои дар рӯзи душанбе омадани Наврӯз, дар “Наврӯзнома”-и Туғрал омадааст:
Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбе (ҳ)
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар душанбе ояд рӯзи наврӯз,
Ба некиҳои ғалла ҷашнро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррах бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Тавре ки Ҳаким Умари Хайём қайд кардааст, “Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад”. Шоду хуррам бошед ҳамдиёрони азиз. Бигзор хурсандию шодӣ ва хандаҳои беғами тифлон доимо меҳмони ҳар хонадон бошанд. Бо раҳму шавқат бошем.
Боз Наврӯз омаду дил шуд ҷавон,
Кӯҳнашаҳру кӯҳнаманзил шуд ҷавон,
Меҳр шуд бедор дар ҳафт осмон,
Офтобо, эй фурӯғи сад ҷаҳон,
То ба Наврӯзи дигар моро расон.

Рашид Раҳимов
профессори кафедраи математикаи олӣ