Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Паём тараннумгари орзуву ормони халқи тоҷик аст

Азбаски мақсаду мароми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рушди устувор, зиндагии сазовор, ваҳдат ва сулҳу субот аст, бинобар ин ҳангоми ироаи он мушкилиҳои доғи ҷомеа зикр ёфт ва барои бартараф шуданашон дастуру супоришҳо дода шуд. Яке аз нуктаҳои бисёр муҳимми Паём масъалаи ҷавонон ва тарбияву раҳнамоии дурусти онҳо маҳсуб меёбад.
Масъалаи ҷавонон аз ду назар муҳим аст. Аввалан, ҷавонон аз ҷиҳати теъдод бузург ва фаъоли ҷомеаанд. Дуюм, ин ки онҳо аз ҳама осебпазиранд. Бо вуҷуди он ки мо фикр мекунем, ҷавонон аз ҳама солим, коршоям ва чолоканд, вале дар айни замон таҷрибаи кам, дили соф ва эҳсосоти баланд доранд, аз ҳар гуна хатарҳо осеб мебинанд.
Барои ҳамин, як нуктаи муҳим дар Паём ин чӣ гуна аз таҳдиду хатарҳо нигоҳ доштани ҷавонон буд. Яке аз хатарҳое, ки ба ҷавонони мо ва аз ҷониби ҷавонон ба кулли мардуми кишвар ва давлату миллати мо таҳдид мекунад, ин гароиши онҳо ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Бояд гуфт, ки, ҷавонони мо соҳиби фарҳанганд ва ин чизҳоро дарк мекунанд, вале як нафар ҳам агар ба ин ҳаракатҳо ҷалб шуда бошад, зиёд аст.
Сабаби чунин ҳолат дар он аст, ки имрӯз фазои иттилоотии ҷаҳонӣ муштарак ва шаффоф аст. Истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрас аст. Назорати он бошад, хеле мушкил ва номумкин. Мутаассифона, имрӯз як қисми ҷавонон тавассути Интернет ба манбаъҳое даст меёбанд, ки дар онҳо барояшон иттилои нодуруст ва ифротӣ дода мешавад. Инсон бо ҳамон андеша ва огоҳие, ки дорад, зиндагӣ мекунад. Бигзор як нафар дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, вале агар тафаккури ӯ дар зери таъсири расонаи ифротии Ғарб ё ҷаҳони Араб ташаккул ёбад, вай аллакай дар ин ҷо нест. Вай рӯҳан ва маънаван дигар дар ҳамон фазо аст. Чунин афродро аз ҳамон фосилаи дур метавон идора кард. Пас, агар мо амнияти иттилоотиро таъмин накунем, марзҳо ҳар қадар хуб муҳофизат шаванд ҳам, вале мағзҳоро муҳофизат карда намешавад.
Нозукии масъала дар ин аст, ки он фавҷи иттилоотие, ки аз берун меояд, як иттилои бесамт, беҳадаф ва бесоҳиб нест. Балки онҳоро марказҳои муайян бо ҳадафҳои муайян ва миқдори муайян пахш мекунанд, то ин ки натиҷа гиранд. Натиҷаашон ҳамин фирефта шудани ҷавонон аст. Вақте ҷавонон ба ин иттилоот дода мешаванд ва амалан ғуломи он мегарданд, онҳоро дар ростои манфиати худ истифода бурдан хеле осон мегардад. Яъне механизми истифодаи ҷавонон чунин нест, ки як ҷавонро дар наздаш нишаста, бо ӯ суҳбат карда, барои шомил шуданаш ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мусоидат кунанд. Як бахши бузурги ин кор ба воситаи шабакаи Интернет сурат мегирад. Акнун, мо чӣ кор карда метавонем?
Паёми Пешвои миллат ин масъаларо ба таври қатъӣ ҳаллу фасл намуд ва чунин супориш ҳам дод: «Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои итттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳодҳои асоснок манзур созанд. (Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, 20 январи 2016).
Акнун коре бояд кард, ки маърифати сиёсии ҷавононро боло барем. Масалан, мо барномаҳое дорем, ки ҷавонон тавассути онҳо технологияҳои рӯзро меомӯзанд, фанҳои дақиқро аз худ менамоянд ва метавон гуфт, ки ин беҳтарин барнома аст, вале агар ҷавонон аз огоҳии сиёсӣ маҳрум бошанд, ҳатто беҳтарин донандагони технологияҳои замонавӣ бошанд ҳам, боз ба доми ҳаракатҳои террористию экстремистӣ кашида мешаванд. Пас, мо ҳамзамон, ки дар бораи рушди дониши технологии ҷавонон фикр мекунем, тафаккури онҳоро низ бояд ташаккул бидиҳем. Яъне, дар баробари рушди технологӣ тафаккури дуруст ҳам хеле муҳим аст.
Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшоният ва даҳшатафкании ҷараёнҳои тундгароёнаро эътироф карда, аз онҳо худро дур нигоҳ доранд ва пайваста аз паси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш, худшиносиву худогоҳӣ ва ба хотири фардои неку ободии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳанд.


Ҷаъфар Қодиров

эдвайзери тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омори ДМИТ