Мақолаҳо
Ҳадафҳои созанда
Тоҷикистон дар давраи истиқлол ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат оғоз намуда, бо қабул ва тадбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба иҷрои нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузоштааст. Воқеан, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар асоси стратегияву барномаҳои қабулшуда заминаи пешрафти иқтисоди миллиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардидани инкишофи иқтисодии мамлакат ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоиро, пеш аз ҳама, тавассути суботи иқтисодӣ дар заминаи мустаҳкам намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ва такомули фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнокии таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин татбиқи нақшаю барномаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин ва дигар масъалаҳо ишораву таъкид шудаанд. Воқеан, дар Паёми пурмуҳтавои Роҳбари давлат бори дигар заковати фитрӣ, неруи тавонои сиёсатмадорӣ, сарфаҳмравии амиқ ба масъалаҳои мураккаби иқтисодиёту иҷтимоиёт, пайдо карда тавонистани роҳҳои пурсамари ҳаллу фасли мушкилоти умдаи давлат ва ҷомеа баён гардиданд.
Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, таҳлили вусъатнок ва илман асоснок аз шукуфоии Ватан ва ояндаи дурахшони кишвару халқи худ аст. Бояд гуфт, ки маҳз тавассути ҷаҳду талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Тоҷикистон сулҳи комилро ба даст оварда, тараққӣ кард ва дар кишвар барномаи миёнамуҳлати иқтисодӣ татбиқ гардид. Имрӯз сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ҳам тавре мушоҳида мешавад, ки ба таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ, таъмин намудан бо маводи озуқаворӣ, беҳбуд бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.
Чуноне мушоҳида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти калон медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш доданд, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.
Дар ҳақиқат, ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Тавре Сардори давлат иброз намуданд: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модарон, масъулини таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат карда, таъкид намуданд: «Барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд, ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».
Бояд гуфт, ки чунин таъкидҳои Пешвои миллат барои мо - устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қутбнамо ва барномаи амалу фаъолият буда, дар такя ба дастури ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош менамоем, ки дар рушду инкишофи илму маорифи кишвар ва тарбияи ҷавонони бонангу номус ва соҳибмаърифату ватандӯст нақши муассири худро гузорем.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Сардори давлат мо алҳол миёни донишҷӯён корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Толибилмонро таъкид мекунем, ки қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, тарзи пӯшидани либос дар доираи фарҳанги миллиро риоя намоянд, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёбанд. Бо донишҷӯён дар ин самт мулоқотҳо доир намуда, онҳоро ба китобхонаҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба таълиму тарбияи маънавиашон таъсири мусбӣ мерасонанд, ҷалб намуда истодаем.
Умуман, аз Паёми гузаштаи Сардори давлат то Паёми имсола дар кишварамон маъракаҳои муҳимми зиёде баргузор гардиданд ва санаҳои бузурге таҷлил шуданд. Соли 2015-ум ба таърихи навини кишварамон, пеш аз ҳама, бо чорабинии муҳимми сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид шуд. Дар ин сол ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҷамъбасти раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 3000-солагии Ҳисори шодмон ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардиданд, ки дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии сокинони мамлакат, инчунин таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши калон гузоштанд.
Санаи дигари муҳимми таърихӣ, ки аз Паёми соли гузашта то Паёми имсола рӯй дод, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» мебошад, ки мардуми кишвар якдилона аз он ҷонибдорӣ намуданду хуш пазируфтанд. Дар ҳақиқат, хеле бамаврид буд қабули чунин қонун, зеро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ дар пеши назари мардум ташаккул ёфта, ҷойгоҳи худро хеле табиӣ дарёфтааст. Ногуфта намонад, ки ин давлату ин миллат маҳз таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои зиёди наззарас ноил гардидааст.
Чунин мешуморам, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шароити ҷаҳони пуртазод нақшаҳои муҳимми фаъолияти давлат, Ҳукумат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро хуб инъикос намудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи мо дар ҳамбастагию ҳамҷоягӣ метавонем нақшаҳоро амалӣ созем ва ба ҳадафҳои неки худ бирасем.
Фасеҳзода Ислом Саймирзо
Cардори раёсати таълими ДМИТ