Мақолаҳо
«НАСИҲАТ ГӮШ КУН, ҶОНО…»
Аз қадимулайём ҳама аҳли хирад саъй ба маърифатро беҳтарин пешаи инсонӣ медонистанд, зеро онҳо нисбат ба дар ҷаҳолат мондагон аз чӣ иборат будани моҳияти зиндагӣ, ҳаёти инсониро муқаддамтар дарк карда буданд.
Инсон, ки махлуқи истисноии болои Замин ба шумор меравад, аз ибтидои ташаккулёбиаш пажӯҳишгар буд, зеро ҳар воситаи зиндагие, ки ба даст овардан мехост, донишеро, малакаеро, ҳунареро ҳамчун амри зарурат тақозо мекард.
Аҷдоди гузаштаи инсоният тӯли ҳазорсолаҳои мадид бо табиати муҳит ва ҳодисоти он дар набарди ҳамешагии муттасил буд ва дар натиҷаи он зарра-зарра маърифат гирд меовард. Қаҳрамониҳои аҷдоди гузашта буданд, ки имрӯзи инсоният ба сарвати қудратманди маърифат соҳиб аст, аз он густурда истифода менамояд ва накуҳолии зиндагиашро ба ҳамин васила таъмин мекунад.
Мардумони мутамаддин аз ин сарват бо шукру сипос ва бузургдошти хотираи таърихии аҷдоди башар истифода мекунанд ва пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба ин мерос мағрур нашаванд, балки бедор аз дарки он бошанд, то вазифаи ба дӯшдоштаи хешро дар рушду афзун кардани он ба сомон бирасонанд.
Шубҳае нест бар он, ки маърифат ҳам оғозу ҳам камолу ҳам интиҳои одамият, ҷавҳару созандаи зиндагист, ки бе иштироки он инсону ҷомеа ба мисли тӯдаи вабои табиат гулистонро ба биёбон табдил медиҳад. Бинобар ин ҳоло аз давраҳои тамаддуни бостонӣ сар карда, то кунун ҳама анвои орифон, чи онҳое, ки ба устура, ба ҳикмат, ба илм ва чи онҳое, ки ба мазоҳиб иртибот доштанду доранд, тарғиби маърифат мекунанд ва дар ин ҷода, ҳам дар ривоятҳои устуравӣ, ҳам дар ашъору осори бадеӣ, ҳам дар фалсафа ва ҳам дар мутуни муқаддаси динӣ таваҷҷуҳи хосса ба он зоҳир мекунанд.
Мутаассифона, миллати тоҷик, махсусан ҷавонони он, ки дар садаи XXI умри хешро мегузаронанд, дар замоне зиндагӣ мекунанд, ки бе илм, бе маърифат ва, умуман, бе фарҳанги воло онро тасаввур кардан имконнопазир аст, чандон руҷӯъ ба ин гавҳар надоранд. Чунон ки Масъуди Миршоҳӣ, як тан аз ирониёне, ки сарварии анҷумани Рӯдакиро дар Париж-пойтахти Фаронса ба уҳда доштааст ва чанде қабл меҳмони тантанаҳои 3000-солагии Ҳисори шодмон дар Тоҷикистон будааст, мо-тоҷиконро дар мусоҳибааш бо ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Тоҷикистон» «тоҷикони хурофотӣ» гуфта, ба қалам додааст, ки, ба назари инҷониб, арзёбии воқеии муносиб аст. Агар касе ин мусоҳибаро нахонда бошад, лозим медонем раҳнамоӣ кунем, то ба рӯзномаи мазкур № 43 (1137) аз 29. 10. 2015 муроҷиат намояд ва он мусоҳибаро бисёр бодиққат бихонад.
Воқеияте, ки номбурда ба он ишора кардааст ва далелҳояш низ чандон беэътимод нестанд, вазни куллӣ надошта бошад ҳам, вале, мутаассифона, ба аксарияти бошандагони кишварамон тааллуқ дорад. Бинобар ин ва бо дарназардошти он, ки аксарияти аҳолӣ ва, махсусан, ҷавонони донишҷӯ, бештар на ба илму маърифат, балки ба дин, ба шунидани мавъизаҳо завқ доранд ва, боз ҳам мутаассифона, ки руҷӯъ ба адабиёти динӣ низ надоранд, балки маърифаташон аз муҳтавои шуниданҳои бемантиқ иборат буда, ба тақозои фарҳанги динӣ ҳам ҷавобгӯ буда наметавонанд.
Дар чунин шароит зарурати мубраме ба вуҷуд омадааст, ки, мо - устодон ва, умуман, ҳамаи аҳли зиё, саъй кунем, то тавассути гуфтаҳову навиштаҳоямон ба ташаккули ҳам фарҳанги дунявии илмӣ ва ҳам динии мардумамон ва шогирдонамон мусоидат намоем.
Дар татбиқи ҳадафи мазкур, мехостем ба қироаткунандагони ин навиштаамон чанд панду ҳикмат аз алломаи ислом Имом Абу Ҳомид Муҳаммади ал-Ғаззолӣ доир ба маърифат биоварем, то шогирдон бидонанд, ки алломаи мазкур доир ба мақоми илм чӣ машваратҳо медиҳад?
Инак, ин орифи илоҳиётшинос дар яке аз асарҳояш, ки ба унвони «Эҳёу улумид-дин», яъне эҳёи илмҳои динӣ маъруфият дорад, доир ба донишазбаркунӣ, дар эътимод ба Қуръони Карим, Ҳадисҳои Паёмбари Худо (с), гуфторҳои саҳобагон ва уламои дину наздикони Паёмбар сабақҳои зеринро овардааст:
Масалан, дар сураи Муҷодала, ояти 11 омадааст, ки «Худо онҳоеро, ки иймон овардаанд ва касоне, ки дониш ёфтаанд, ба дараҷаҳо боло мебардорад…». Дар ин оят панди худовандӣ ба он маънӣ омадааст, ки бандагони иймоноварда бояд дониш аз бар кунанд, то ба дараҷаҳои баланди тақводорӣ баромада тавонанд, яъне фарҳанги динии маърифатӣ дошта бошанд.
Дар сураи Зумур (ҷамоатҳо), ояти 9 суол карда шудааст, ки «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Ва дар ҷавоб ба ин суол гуфта шудааст, ки «Танҳо хирадмандон панд мепазиранд». Суолу ҷавобҳои мазкуре, ки дар Қуръон оварда шудаанд, далели он мебошанд, ки дараҷаи илму маърифатро Худованд дар китоби худ хеле баланд арзёбӣ кардааст.
Муҳаммади ал-Ғаззолӣ дар ҷойи дигари китобаш муҳтавои яке аз ҳадисҳои Паёмбарро (с) меоварад, ки чунин иншо шудааст: «Дар ҳақиқат, маърифатпешагон меросгирандагони паёмбаронанд, паёмбарон бошанд, на динорҳо, на дирҳамҳо ба мерос нагузоштаанд, балки онҳо танҳо маърифатро ба мерос мондаанд». Бо ин ҳама, чунон ки маълум аст, мартабаи паёмбарон болотарин маҳсуб меёбад ва меросгирандаи онон будан беҳтарин фахру шараф аст.
Дар яке аз суннатҳо доир ба фазилатҳои ҷустуҷӯкунандагони дониш гуфта мешавад, ки «Худо роҳро ба биҳишт ба ононе, ки роҳи донишро ҷустуҷӯ мекунанд, осон менамояд». Ё, масалан, ривоят мекунанд, ки Абу Дарда Уваймир бин Малик бин Қайс ал-Ансории ал-Ҳазраҷӣ – яке аз наздикон ва саҳобагони Муҳаммад (с) гуфтааст: «Барои ман машғулияти омӯхтани ин ва ё он масъала нисбат ба гузаронидани тамоми шаб бо намоз беҳтар аст».
Ё, масалан, яке аз орифони маъруф Фатҳ-ул-Мавсилӣ мегӯяд: «Магар бемор намемирад, агар ба вай ғизову об ва даво надиҳӣ? –Албатта, мемирад. Ин ба дили инсон низ тааллуқ дорад, ки агар вайро давоми се рӯз аз хирад ва аз дониш ғизо надиҳӣ, ҷон медиҳад».
Ё халифаи чаҳоруми рошидин Алӣ ибни Аби Толиб ал-Ҳошимӣ гуфтааст: се чиз инсонро ҷовидон мегардонад: садақа, маърифат ва фарзандони солиҳа.
Яке аз дигар саҳобаҳои Паёмбари Худо (с) мегӯяд, ки: ҷустуҷӯйи дониш ҷиҳод аст, таълим додани дониш ба онҳое, ки дониш надоранд, садақа аст ва додани дониш ба онҳое, ки онро қабул карда метавонанд, наздикшавӣ ба Худованд аст.
Ҳасан ал-Басрӣ, яке аз асосгузорони мактаби илоҳиётшиносии ислом, ки ба унвони «Калом» маъруфият дорад, гуфтааст: «Агар дониш намешуд, одамон ба ҳайвон монанд мешуданд».
Ё, масалан, аз номи Паёмбари Худо (с) ривоят мекунанд, ки гуфтааст: «Ҷустуҷӯйи дониш вазифаи муқаддаси ҳар як мусалмон ба шумор меравад».
Ба мақоми донишу маърифат ҳам Қуръони Карим, ҳам Паёмбари Худо (с), ҳам саҳобагону уламои дин диққати махсус зоҳир мекардаанд. Масалан, яке аз саҳобагон ва асосгузори мазҳаби Ҳанбалия Абу Абдуллоҳ ибни Ҳанбал то ба чилсолагӣ ба илму маърифат машғул шуда, ба камоли илм расида, танҳо баъди он издивоҷ карда будааст.
Ё Муҳаммади ал-Ғаззолӣ менависад, ки «мавзӯи иймоновардагон бояд аз хирад иборат бошад, ки онро ҳар як мусалмон аз куҷойе пайдо накунад, биомӯзад ва аз бар намояд».
Чунин панду ҳикматҳо доир ба аз бар кардани маърифат хеле зиёданд, вале мо бо ин гуфтаҳо иктифо мекунем, зеро ҳарфи зиёдатӣ зарурат надорад.
Албатта, хонандагон бояд донанд, ки илоҳиётшиносон тарғиби илму маърифати диниро тақозо доранд, ки омӯхтани он низ фарҳанги динии инсонро мукаммал мекунад ва инсонро раҳнамои хуб ҳам шуда метавонад. Бинобар ин на танҳо фарҳанги дунявӣ, балки фарҳанги динӣ низ донишомӯзӣ, илмомӯзӣ ва маърифатомӯзиро яке аз масъалаҳои тақозоӣ маънидод менамояд.
Навиштаамонро бо овардани байте, ки ба яке аз ғазалҳои машҳури Ҳофизи Шероз тааллуқ дорад, ҳусни хотима мебахшем, ки он чунин аст:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ғуломҷон Мирзоев
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ