Мақолаҳо
Оила ҷойгоҳи камолоти шахсият
Оила дар ҳар давру замон ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Барои ҳар фард оила ин ошёни меҳру муҳаббат аст, ки дар муҳити он рўҳу равон оромиш ёфта, муносибатҳои оиладорӣ пайдо ва густариш меёбанд. Муносибати зану шавҳар, муносибати волидону фарзандон, муносибати келину хушдоман ва муносибати байни фарзандон ва ғайраҳо. Дар ҳамаи ин муносибатҳо, пеш аз ҳама, сабру таҳаммулпазирӣ, андеша ва эҳтироми ҳамдигарӣ нақши калидӣ доранд. Вақте камбудие аз ҷонибе (зан, шавҳар, фарзандон, келин ё хушдоман) сар зад, тавони созишу муросоро бояд дошта бошем. Дар ин ҷо, бешак, зимоми тарбият ва танзими рўзғордорӣ дар дасти бонуи хонадон аст, зеро танҳо ў бо мулоҳиза ва андеша онро идора карда метавонад. Аз таҷрибаи рўзгори оилаҳои намунавӣ ва устувор дидаем, ки дар ҳама ҳолати зиндагӣ нақши зани мусолиҳакору боандеша созандаву ваҳдатофар буду ҳаст. Беҳуда занро чароғи хонадон намегўянд, агар ўро тарбиятгари фарзандон, танзимгару тармимгари рўзгор, кадбонуи чирадаст ва умуман, буду шуди зиндагии инсон гўем ҳам, хато нахоҳем кард. Зеро калиди саодати оилавӣ дар дасти зан аст.
Оила ва муносибатҳои оилавӣ барои фарзандон дарси зиндагист. Зеро онҳо тамоми муносибати оиладориро аз волидайн нусхабардорӣ карда, дар фаъолияти оиладории минбаъдаашон онро истифода мебаранд. Дар урфият низ мегўянд, ки модарашро бину духтарро келин кун. Ин таъбир басо баҷост ва ҳақиқати воқеиро дар бар дорад. Зеро духтар тамоми нозукиҳои муносибат ва кору рўзғордориро аз модараш меомўзад. Ҳатто муносибату рафторро бо шавҳараш мехоҳад ба муносибати падару модараш монанд кунад. Чӣ тавре, ки модараш бо падараш ва ё бо хусуру хушдоману калонсолон муносибат кунад, духтар ҳамон рафтор, эҳтиром ва ё баръакси онро такрор карданаш мумкин аст. Аз ин рў, муҳити хонавода – эҳтироми байниҳамдигарӣ ва муносибати самимии байни аъзоёни оила барои зиндагии минбаъдаи фарзандон замина мегузорад ва ибратомўз буда метавонад.
Ва ё бигирем, дашномдиҳии ҷавононро. Феълан дар ҷомеаи мо дашноми модар ва ё хоҳар маъмулӣ гашта, ба як навъ меъёри муоширати бархе аз ҷавонон ва дар бисёри мавридҳо дар гуфтугўи насли калонсол ҳам дида мешавад. Агар амиқтар назар кунем, дашном дар гуфтугўи ҷавонон барои пайвасти фикр ва ё ҷумлаҳо ба кор бурда мешавад ва баҳудаву беҳуда онро ба забон меоранд (инро дар донишкада ҳам зиёд мушоҳида мекунем). Ин аз куҷо маншаъ мегирад? Посух яктост: аз оила, албатта. Марди хона бе ягон мулоҳизаву андеша дар ҳузури зану фарзандон забон бо дашном олуда месозад ва инро як чизи муқаррарӣ низ медонад. Ва ё ин ки аз забони кўдаки хурдсол ҳақоратро шунида, хурсанд мешаваду аҳсанташ мехонад барои ин алфоз (фахр мекунад, ки писараш ҷавонмард шудааст). Вақте кўдак барои дашномгўияш аҳсант мешунавад, онро такрор кардан мегирад ва он дар шуур ва забонаш мешинад. Минбаъд аз он даст кашиданаш душвор мегардад. Бинобар ин дашномро аз оила, кўчаву боғча ва мактаб бояд решакан кард, ки ин бозгўи маданияти пасти гўяндаи он аст. Дар байни ҷомеа паҳн шудани дашномдиҳии модар барои зан-модари тоҷик дардовар аст, зеро дар симои ҳар нафар бонуи тоҷик мо модару хоҳари худро мебинем. Марде, ки ба модар, хоҳар ва ҳамсари худ эҳтиром мегузорад ва номусу нанг ва номи эшонро ҳифз мекунад, ҳеҷ гоҳ модари каси дигарро дашном намекунад ва ин алфози қабеҳу фаҳшро ба забон намеорад. Решакан кардани ҳақорат бояд аз оила оғоз шавад. Муҳити оилавӣ бояд маърифатӣ бошад ва танҳо барои тарбияи дурусти фарзандон хизмат кунад. Барои китобдўстӣ ва мутолиаи бештари фарзандон шароити созгор фароҳам бояд сохт, бо хариди китобҳои бадеӣ ва рўзномаву маҷаллаҳо ва аъзогӣ дар китобхонаҳо. Ба фарзандон барои хондани китобҳои шавқовар тавсияҳо додан ва китобҳои хондашударо якҷоя муҳокима кардан ҳам аз фоида холӣ нест, зеро ин махзани маънӣ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавӣ, барои васеъ шудани донишҳо ва ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад.
Умуман, дар фазои хонадон маҳсули оиладорӣ ва меваи умри инсонӣ – фарзанд тарбият меёбад ва ба камол мерасад ва воқеан ҳам, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандўст басо бузург аст. Дар хонавода тарбияи кўдакон бояд аз рўйи меъёри муайяни тарбия дуруст ва бо мулоҳиза анҷом дода шавад ва такмили он дар муассисаҳои таълимӣ сурат бигирад, то пешрафти ахлоқиву заковати фикрии фарзандон таъмин шаванд. Ҳадафи тарбияти саҳеҳ эҷоди тағйироти мусбату созанда дар ниҳоди кўдакон аст. Дар оила эҳтироми андешаи ҳамдигарӣ бояд риоя ва ҳатто афкори аъзои хурдтарини оила ба инобат гирифта шавад, албатта, агар он пазируфтанӣ бошад. Аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад эҳтироми якдигар ва ба андешаи ҳамдигар гўш фаро додани аъзоёни оила .
Мақсад аз нигоштаҳои банда ин боз як бори дигар муқаддас будани оиларо ёдрас кардан дар арафаи Рўзи байналмилалии оила буд, зеро ин ошёни меҳру лутфи ҳамдигарӣ ҷойгоҳест барои ба камол расидани шахсияти воқеан ҳам маърифатӣ ва созанда. Пас, месазад, ки оиларо барои ҳамешагӣ (на барои як рўзу як сол) муқаддасу азиз бидонем ва барои устуворию пойбарҷоии он бикўшем, то ин ки оила ҳам битавонад рисолати худро воқеӣ ва самаранок иҷро намояд.
Машҳураи Неъматзод