Мақолаҳо
Таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист
Тағйир ёфтани табиат дар назди одамон талаботи қатъӣ мегузорад, ки бо ҳамдигар оқилона, хайрхоҳона ва эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи тараққиёти сайёраи Замин аз замони ба ҳаёти геологӣ гузаштанаш то даврони муосир шаҳодат медиҳад, ки тағйирёбии куллӣ ҳам дар муҳити обӣ, ҳам дар хушкӣ дар якчанд даҳрҳои геологӣ такрор шуда, сабаби аз байн бурдани биомасса ва экосистема гардидааст. Ин ҳодисаи фоҷиавии табииро мутахассисони соҳаи палеонтология (илми соҳаи ҳайвонҳои фавтида) дар ноороми (флуктуация)-и байни марзҳои хронвоҳидҳои тавқими геологӣ (даҳрҳо, давраҳо), ҳангоми гузариши як даҳр ба даҳри дигар мансуб медонанд. Аз тарафи дигар, фавтидану нест шудани массаи органикиро дар марзи давраҳои геологии перм ва триас бо кӯҳпайдошавии замони герсенӣ, биёбоншавӣ ва аз байн бурдани баҳрҳои тунукоба алоқаманд мекунанд, ё ин “драма”-ро бо бар хӯрдани ҷирми коинотӣ (астероид) бо Замин ва паҳншавии чанги марговари элементи иридияро дар марзи давраҳои табошир (бӯр) ва палеоген (аз нав эҳёшавӣ), сабаби нестшавии баъзе ҳайвонҳо (динозаврҳо) мешуморанд. Вале дар тағйирёбии муҳит, экосистема ва фавтидани биомассаи глобалӣ ҳиссаи асосиро иқлим мебозад. Ҳар як минтақаи географӣ хусусиятҳои иқлимии худро дорад.
Дар ташаккулёбии иқлим обу ҳаво низ ҳиссагузор аст. Таъсири он дар тағйирёбии шабонарӯзии обу ҳавои интиҳову ибтидои моҳҳои солҳо, ивазшавии гардиши масса ва фишори ҳаво, пайдо шудани абр, тӯфонҳо, гармиву сардӣ, шуоъҳои офтоб, боришот, олами наботот ва дараҷаи ифлосшавии атмосфера ва дигар омилҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто одамоне ҳастанд, ки тағйирёбии шабонарӯзии обу ҳаворо чун бадҳолӣ бараъло эҳсос мекунанд. Барои одамоне, ки бемории дилу системаи гардиши хун, бронхит, пневмония, системаи гурдаю пешоббарор ва рагҳои хунгузари пойҳояшон васеъ аст, хатарнок ва фоҷиавӣ аст.
Дар Тоҷикистон гармшавии ҳаво дар тобистон мушоҳида мешавад, он замоне ки боришот кам мешаваду шуоъҳои офтоб ба пиряхҳо таъсири зиёд мерасонанд, туғёни дарёҳо, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуши табиӣ, хоҷагидорӣ ва гидротехникиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин фасли сол воридшавии радиатсияи офтоб ба тропосфера (қабати гардишкунандаи ҳаво) зиёд шуда, ҳарорати ҳавои сатҳи замин баланд мешавад. Дар ин маврид тағйирёбии иқлим ҳама ҷиҳати ҳаёти сайёраи моро дар бар мегирад ва таъсири физикӣ (боришот, обхезӣ, дар як минтақа, хушксолӣ дар минтақаи дигар), биологӣ (афзоиш ё аз байн рафтани экосистема), иқтисодӣ (тағйирёбии истеҳсолот), иҷтимоӣ, тандурустӣ, маданӣ-санитарӣ ва ғайраро дорад.
Гармшавии иқлими ҷаҳонӣ ба хушксолӣ оварда мерасонад ва сабаби камбизоатии аҳолӣ ва аз байн рафтани як қабила ё минтақаҳо харобоварии табиат шуда метавонад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим хушксолӣ ва биёбоншавии минтақаҳои дигар (Туркия, Халиҷи Форс, Аккад ва ғ.) низ чашмрас аст. Саволе ба миён меояд, ки оё иқлим ба пешравӣ ва тамаддуни инсонӣ таъсир мебахшад ё не? Посух чунин аст: Проблема дар назди мутахассисон боз ҳамон масъалаи саросар аз байн рафтани биомасса ва экосистема меистад, алалхусус муайян намудани алоқа байни сабаб ва оқибат.
Аз тарафи дигар, нишондиҳандаи асосии гармшавии ҳаво афзоиши боришоти зиёд ва давомнокии он сабаби аз маҷро берун рафтани оби дарёҳо, сустшавӣ ва шусташавии релефи хоки мулоим ва ба харобазор табдил гаштани минтақаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои вилояти Суғд, умуман аксарияти мамолики ҷаҳон (ФР, ИМА, Бразилия, Австралия, Олмон, Зеландияи Нав, Чин, Колумбия, Гурҷистон ва ғайра), обшавии пиряхҳои материкӣ (Антарктида) ва қутбӣ (Арктика) мебошад. Ин ҳодисаҳои нохуши табиӣ ба мамолики номбурда на танҳо зарари иқтисодӣ (миллиардҳо доллар), балки сабаби фавти ҳазорҳо одамон низ мегардад.
Мутахассисон муътақиданд, ки пиряхҳои ҳаракаткунандаи Ванҷ, мисли Хирсон, Кашолаях, Рағзо ва ғайра маҷрои дарёҳоро баста, қуллаҳои муваққатии яхинро ташкил медиҳанд ва ҳангоми кандашавии сарбанд онҳо ниҳоят хатарноканд.
Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна низ паёмадҳои номатлубе дар пай хоҳад дошт. Бахши асосии захираи оби минтақа аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати коҳиши оби дарёҳо ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус арсаи кишт ва парвариши пахтаву боғҳои навбунёд, ки аз маҳсулоти аслии содиротии бисёре аз ин кишварҳост, хисороти зиёде хоҳад овард.
Гармшавии иқлим на танҳо бо таъсири ҷараёнҳои табиӣ, балки бо фаъолияти беғаразонаи хоҷагидорӣ, тараққиёти саноати металлургӣ, коркарди маъдану нафту газ, кимиёвӣ, корхонаҳои гармидиҳӣ, пахтатозакунӣ, стансияҳои обӣ-барқӣ, атомӣ, нақлиёт ва иншоотҳои сохтмонӣ, киштукори заминҳои хоҷагиҳое, ки дар ҳолати нокифоя будани намӣ шудгор мешаванд, ба тағйирёбии чашмнораси иқлим оварда мерасонанд. Гармие, ки бо мурури вақт аз корхонаҳои саноатӣ хориҷ шуда, ба атмосфера ворид мешавад, албатта ба гармшавии иқлим таъсир мерасонад. Аз тарафи дигар, гармшавии иқлим ба паҳншавии касалиҳои сироятии дарунӣ (меъда, рӯда ва ғ.) сабаб шуда метавонад.
Масъалаи дигаре, ки ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад, оби зеризаминӣ мебошад. Ин гуна об дар хоҷагидорӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ талаботи физиологии инсонро қаноатбахш мекунад. Вале, агар оби зеризаминӣ солҳои тӯлонӣ аз зери замин кашида шавад, оқибатҳои ногувор ба вуҷуд меояд, ба мисоли баланси гармӣ, реҷаи намнокӣ, нигоҳ доштани сатҳу андозаи обанборҳо ва ғайра. Дар ин маврид замин хушку гарм монда, ба олами наботот намии нокифоя мемонад, хориҷшавии оксиген кам мешаваду ҳавои хушк ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад.
Солҳои охир хатари садамаҳои стансияҳои обӣ-барқӣ ва атомӣ таваҷҷуҳи омма гардидааст. Садамаи стансияи атомии Чернобил (с.1986) ва оқибатҳои он ҳанӯз аз хотир фаромӯш нашуда, аз 11.03.2011 то 11.04.2011 дар натиҷаи заминларзаю сунамҳо Фукусима (қисми шимолӣ ғарбии Ҷопон) на танҳо ба хок яксон шуд, балки мавҷудоти сатҳи замин пурра (истисно аз баъзе объектҳо) ғайриназардошт шуста ва аз байн бурда шуд. Шиддатнокии радиатсияи элементҳои реактор чандин ҳазор аз меъёр зиёд пахш гардида, оби баҳру қабати замин ва ҳавои атмосфераро олуда ва заҳролуд кардааст.
Ин омилҳо барои саломатии инсон бетаъсир намонда, сабаби азбайнравии экосистема, бемориҳои гуногун ва фавти одамон мегарданд. Ин ҳодисаҳои ногувор дар соҳили баҳри Арал аз худ шаҳодат медиҳанд.
Аз ин рӯ, иҷроиши ҳамаи лоиҳаҳое, ки ба тағйирёбии иқлим, экосистема ва иҷтимоию тандурустӣ алоқа доранд, бояд дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл гарданд.
Мурод Саидов
дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ