Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дастовардҳои ДМИТ дар даврони Истиқлол

Боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир Истиқлолият мебошад, ки бо шарофати он Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Чун аз Истиқлоли миллӣ ҳарф мезанем, нахуст сухани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки гуфтаанд: «Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо будааст».
Воқеан, маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Истиқлолият дар баробари ин ки орзуи деринаи халқи тоҷик аст, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишварамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон сазовор иҷро намоем. Мушоҳида мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созанд. Ин аст, ки дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як қатор дастовардҳо ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон аз онҳо вобастагии калон дорад.
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ илму маориф ва фарҳанг низ рушд карда, ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфтанд ва ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардиданд. Воқеан, ҳамин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Вобаста ба ин, махсусан дар понздаҳ соли охир, дар соҳаи маорифи мамлакат ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шуд. Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам зодаи Истиқлол аст. Муассиси ДМИТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Донишкада, асосан, бо мақсади татбиқ намудани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисони соҳаи молияю иқтисоди ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ин муассисаи давлатии таълимӣ мутахассисонро дар соҳаҳои иқтисод, молия, ҳисобдорӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ тайёр карда истодааст.
ДМИТ дорои 6 факултет, 26 кафедра, аз ҷумла 19 кафедраи тахассусӣ буда, раванди таълимро дар шакли таҳсилоти рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, магистр, доктор PhD, маълумоти дуюми олӣ ва аспирантураву докторантура роҳандозӣ менамояд. Ба раванди таълиму тарбия 390 нафар устоди соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки аз ин теъдод 14 нафар доктори илм, 106 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Бо мақсади истифодаи самараноки технологияи муосири таълим ва татбиқи он дар раванди таҳсил 3 бинои таълимӣ (171 синфхона), 3 китобхона ва 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори китобхонӣ, 10 синфхонаи компютерӣ, 8 кабинети лингофонӣ, 726 компютер, аз ҷумла 520 компютери ба шабакаи Интернет пайвастшуда, 40 тахтаи электронӣ ва даҳҳо воситаҳои дигари техникии таълим ба ихтиёри устодону донишҷуён вогузор шудааст. Ҳамзамон, барои донишҷуён дар донишкада 3 хобгоҳи ҷавобгӯ ба талаботи муосир қарор дорад, ки барои беш аз 1000 ҷои зист мувофиқ аст.
Ҳамасола бо ҷалби олимони шинохтаи ватаниву хориҷӣ даҳҳо конференсияю семинар дар ин донишкада баргузор мегарданд. Танҳо дар се соли охир се конференсияи байналмилалӣ баргузор шудааст. Масалан, дар моҳи октябри соли 2013 дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Дастгирии самарабахши фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, конфронси илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Молияи давлатӣ ва идоракунии фискалӣ» доир гардид. Дар моҳи майи соли 2014 дар донишкадаи мо конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт» баргузор шуд. Дар моҳи октябри соли 2015 бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT :1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии Europe Aid /134384/ DH / SER / TJ» конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» баргузор гардид.
Муносибати байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии хориҷи кишвар – Русия, Испания, Нидерландия, Англия, Чин, Украина, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон густариш ёфта, бо онҳо ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, таълифи китобҳои дарсию барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои дар донишкада татбиқшудаистода солҳои охир зиёда аз 100 нафар устодони таълимкадаи мо дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштанд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Яке барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ҷоизаи тилоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» (Женева) ва дигаре ҷоизаи BIZZ – 2015 (World CONFEDERATION of BUSINESSES – WORLDCOB. Лас-Вегас, ИМА) мебошад. Бо гирифтани Ҷоми тилоии сифат ДМИТ узви ҷамъияти байналхалқии BID ва узви баргузидаи WORLDCOB гардид.
Воқеан, чунин музаффарият ба донишкадаи мо имкон дод, ки чун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ минбаъд дар роҳи инкишофи худ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мутобиқ гардонида шуда, дар ин баробар, мақоми корпоративӣ ва дастовардҳои он баландтар гардад. Инчунин, узвият дар WORLDCOB ба донишкада имкон медиҳад, ки ҳамкориро дар доираи ҷомеаи бизнес ва муассисаҳои ҳаммонанди худ васеъ намуда, дар оянда аккредитатсияи байналмилалиро соҳиб гардад.
Донишкада дар бозори таҳсилоти олии касбӣ ва бозори меҳнат мавқеи устувор пайдо карда истодааст. Аз рӯи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба рейтинг ва гирифтани сертификати ташкилотҳои рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ДМИТ дар соли 2016 дар рейтинги гузаронидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми 4-умро сазовор шуд.
ДМИТ бо мақсади тарбияи насли солим ва шахсияти ҳамаҷониба ташаккулёфта майдони варзишӣ, се толори варзиш ва синфхонаи варзиширо мавриди истифодаи устодону донишҷӯён қарор додааст. Варзишгарони донишкада ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок карда, натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Худи имсол ду нафар донишҷӯи донишкада дар Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат оид ба гӯштини тарзи озод ва гӯштини миллӣ сазовори ҷои якум гаштанд.
Дастаи олимпии ДМИТ самаранок фаъолият дорад ва натиҷаи дастовардҳои донишҷӯён дар озмун-олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ назаррасанд. Дар соли 2014 дар давраи хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, 24-27апрели соли 2014) се нафар донишҷӯ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд. Дар соли 2015 дар давраи хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 6-8 май, дар бинои ДМИТ), 4 нафар донишҷӯи донишкада сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Ҳамчунин дар озмун-олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ» (11-13 марти соли 2015) 4 нафар донишҷӯи донишкада сазовори ҷойҳои ифтихории якум, дуюм ва сеюм шуданд (ин дар байни мактабҳои олӣ 6-ум мебошад). Дар ҳамин озмун-олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ» (10-11 марти соли 2016) 2 нафар донишҷӯи донишкада сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғайр аз ин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ-2015» кори илмии донишҷӯи ДМИТ ғолиб омад ва соҳиби Дипломи дараҷаи 1-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар соли 2016 дар давраи ҷумҳуриявии озмуни олимони ҷавон бо номи «Навовари беҳтарин» (Хуҷанд, 2-3 июни соли 2016) донишҷӯёни ДМИТ бо лоиҳаҳои беҳтару амалишаванда баромад карда, аз 9 ҷоизаи мавҷуда сетояшро соҳиб гардиданд.
Устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарварона ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ва супоришу таъкидҳои Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мулоқот бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар донишкада, тайёр кардани мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва шукуфоии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва корҳои зиёди муҳимро дар ин самт минбаъд ҳам анҷом хоҳанд дод.
Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ аст. 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн хоҳем гирифт. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият ва ободии Ватанамон рисолати шаҳрвандии худро софдилона иҷро намоем.


Ашӯрбой Солеҳзода, ректори ДМИТ