Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Истиқлолият - созандаи давлат ва миллати соҳибихтиёр

Дар таърихи ҳар як миллат ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ арзиши сиёсие ба шумор меравад, ки тавассути он, қабл аз ҳама, худи давлати мустақил ва соҳибихтиёр созмон меёбад ва бошандагони қаламрави он миллати муайянро ташаккул медиҳанд ва аз умумиятҳои парокандаи этникии гуногун ба умумияти устувори миллӣ табдил меёбанд.
Мо – тоҷикон, ки баъди гузашти зиёда аз ҳазор сол ва дар натиҷаи инқилоби низом ва давлати шӯрависози октябри соли 1917 дар Россия ва идомаи минбаъдаи он дар Осиёи Миёна, ки моҳҳои август ва сентябри соли 1920 амри воқеӣ гардид, ба таври сунъӣ бошад ҳам соҳиби давлати иттифоқӣ гардидем. Соҳиби давлате гардидем, ки танҳо салоҳияти нисбии иттиҳодӣ (федеративӣ) дошт, соҳибихтиёр набуд, зеро бе иҷозати ҳукумати марказӣ ҳеҷ як қарори сарнавиштсозе қабул карда наметавонист.
Албатта, дастовардҳои ин давраи таърихиро набояд нодида гирифт, зеро мо аз бедавлатӣ ба соҳибдавлатӣ табдил ёфтем. Зиёда аз ин, ба давлате соҳиб шудем, ки он як навъи истисноии давлати муосири қарни ХХ маҳсуб меёфт ва дар асоси идеологияи таҷассумкунандаи орзуву омоли оммаи заҳмат нафақат минтақаи муайян, балки тамоми оламро ба ҳаракат ва таҳаввули на танҳо миқдорӣ, балки сифатӣ оварда расонид, равандҳои сиёсии тамоми давлатҳои ҷаҳонро тағйир дод.
Азбаски давлати шӯравӣ, ки Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқии он буд, давлати тартиботи томраво ба шумор мерафт, натавонист давлати мутараққии муосир созад ва ба давлатҳои дигари мутамаддини ҷаҳон рақобат карда тавонад. Ниҳоят, бо фарорасии фурсати таърихии муносиб, аз ҳам пош хӯрд. Азҳампошхӯрии низоми шӯравӣ сабаби арзи вуҷуд кардани теъдоди зиёди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон низ гардид ва кишвари мо 9 сентябри соли 1991 Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул ва ба ҷаҳониён эълон кард, ки он дар бораи дар харитаи олами муосир арзи вуҷуд кардани боз як давлати мустақили соҳибихтиёр башорат медод.
Эълони Истиқлолияти давлатӣ амали сиёсии сарнавиштсоз буд, ки дар замина давлатҳои ҷаҳон имконияти ба расмият шинохтан ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатии худро дарёфтанд ва ҳоло Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақили соҳибихтиёр 151 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва 126 давлат бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба узвияти СММ, теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалии дигар ва минтақавӣ бипайвандад, ба иштирокчӣ ва бозигари муносиботи байналмилалӣ табдил ёбад.
Дигар он ки Истиқлолияти давлатӣ ва ба расмият шинохтани Тоҷикистон аз тарафи аксарияти давлатҳои ҷаҳон ва барқарор кардани муносиботи дипломатӣ бо онҳо заминаи боэътимоди қабули аҳдномаҳои байналмилалӣ гардид, ки, дар натиҷа, Тоҷикистон ба асоси боэътимоди ҳуқуқиву аҳдномавӣ ноил гардид ва имконияти барқарор кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иҷтимоӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст овард.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили соҳибихтиёр ба як ҷузъи ҷудонопазири низоми томи сиёсии ҷаҳон ва аҳолии он бошад, ба ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи якпорчаи ҷаҳонӣ, ки онро бо истилоҳи «инсоният» ифода менамоянд, табдил ёфт.
Дастовардҳои мазкур ба он оварда расонид, ки Тоҷикистон имконияти таърихӣ ба даст овард, то ин ки мустақилона давлати миллии худро сохтмон кунад. Таҷрибаи чаҳорякасринаи сипаришудаи таърихӣ нишон медиҳад, ки кишвар тадриҷан ба як давлати муосир, сарфи назар аз бисёр камбудиҳояш, табдил ёфта истодааст. Вай мабдаъҳои умдатарин ва ҷавҳарии давлатсозии муосирро дар қонуни асосии худ -Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сархати аввали он ҷой додааст. Ба мабдаъҳои мазкур демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, иҷтимоӣ, дунявӣ будан дохил мешаванд, ки онҳо аз сарчашмаҳои асосии давлатсозӣ иборатанд, қабули тамоми қонунҳо ва қарорҳо ба мабдаъҳои мазкур такя менамояд.
Таҳлили таърихи гузашта нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист солҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ, бартараф кардани оқибатҳои он, баргардонидан ва ҷо ба ҷо кардани фирориҳои иҷборӣ, тадриҷан рушд бахшидан ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди ватанӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ноил гардад, сулҳу субот ва истиқрору амнияти кишварро таъмин намуда, устуворона қадамҳои боэътимод ба рушди минбаъда гузорад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар натиҷаи талошҳо ва баргузории чораҷӯйиҳои зиёд баҳри муттаҳид кардани тоҷикони ҷаҳон, Тоҷикистон ба маркази тоҷикони олам табдил ёфт, ки ин низ яке аз муҳимтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки ҳар як тоҷик ва ҳар як намояндаи умумиятҳои этникии дигари муқими кишвар, ки дар маҷмӯъ, шаҳрвандони Тоҷикистонро, миллати тоҷикро ташкил мекунанд, худро соҳибдавлат эҳсос менамоянд, дар чораҷӯйиҳои минтақавиву оламӣ дар зери садои суруди миллӣ ва парчами он баромад мекунанд, дар худ шуури хештаншиносӣ, шинохти миллӣ ва давлатиро ташаккул медиҳанд, ки ин низ аз ҷузъи ҷудонопазири олами муосир иборат будани тоҷикон шаҳодат медиҳад ва муҳимтарин дастовард ва самараи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Самараи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки забони тоҷикӣ, забоне, ки тавассути он хирадпешагони гузаштаи миллати мо шоҳасарҳои ҷовидона эҷод кардаву бо ифодаи маъниҳои ҳакимона қалби оламиёнро тасхир карданд, ба забони давлатӣ, ба забони илму маърифат, ба забони фарҳанг ҷадидан табдил ёфт. Ба ин васила фарҳанги миллати мо пойдевори устувор ва бегазанди эҳёи худро гузошт.
Ҷавонони зодаи даврони Истиқлол танҳо аз таърих медонанд, ки мардумони мо аз чунин як иди бошукӯҳи башоратдиҳанда аз баҳори зиндагии ҳама махлуқоти зинда, аз оғози соли нав, аз мавсими пошидани дона баҳри қут ба замин, аз Наврӯзи оламафрӯз бенасиб гардида буданд. Шукри истиқлол, ки ин иди чандинҳазорсолинаи бостонии мардуми мо на танҳо аз нав эҳё гардид, балки, расман, ҷаҳонӣ шуд.
Озодии виҷдон бошад, дар замони шӯравӣ, хусусияти расмии шаклӣ дошт. Мардум озодона эътиқодоти хешро амалӣ карда наметавонист, ки ин мавзӯъ низ татбиқи ҳақиқии худро ёфт.
Зиёда аз ин, тӯли 25 соли мавҷудияти Истиқлолияти давлатӣ бошандагони кишвар шуур ва фарҳанги сиёсии худро ташаккул додаанд, ки он ифодагари соҳибдавлатии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Натиҷаҳои интихоботи мақоми Президенти кишвар, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, вакилони мардумӣ ба парлумон, раъйпурсии умумихалқӣ нишон медиҳанд, ки ҳамеша зиёда аз 90-95 дар сади шаҳрвандон дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд, озодона иродаи худро нисбати мавзӯи чораҷӯйиҳои мазкур иброз медоранд. Ҳамаи ин ва дигар падидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсис ва фаъолият кардани ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ дар кишвар аз ташаккули фарҳанги давлатдорӣ шаҳодат медиҳанд, ки ба ҳамаи ин, албатта, Истиқлолияти давлатӣ мусоидат кардааст.
Дар ин мавзӯъ хеле тӯлонӣ суҳбат кардан мумкин аст, вале бо риояи чаҳорчӯбаи мақолаи рӯзномаӣ ҷамъбасти андешаҳоро бо он ҳусни хотима мебахшем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва гузашти муваффақонаи чаҳоряк аср аз давлатдории тоҷикон, танзиму рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии он ифодагари оғози таърихи навини давлатдорӣ ба шумор рафта, ба он далолат менамояд, ки вай таъмингари ривоҷи минбаъди ин давлати мустақил ва соҳибихтиёр хоҳад буд. 


Ғуломҷон Мирзоев,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ