Мақолаҳо
Маорифи навини даврони Истиқлол
«Танҳо ба воситаи илму маориф метавон нуфузи мамлакатро баланд бардошт ва бо номи фарзандони донишманду ихтироъкор миллату давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддаси миллат буда, волотарин ва гаронбаҳотарин дастовард мебошад.
Таърихи инсоният ба таври возеҳ нишон дод, ки маориф соҳаи арзишманду афзалиятнок дар ҳаёти ҷомеа пураҳамият ва тақдирсоз мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар табдил ёфт. Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумӯи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Истиқлолияти давлатӣ ва арзи вуҷуд кардани давлати миллии тоҷикон ба тамоми соҳаҳои зиндагии мо, аз ҷумла низоми маорифамон таъсири мусбат расонд. Дар ин самт навгониҳои муваффақи соҳаи маориф рӯи кор омаданд, аз ҷумла:
- методологияи маорифи навин тамоман тағйир ёфт ва асоси онро фалсафаи мардумӣ, назарияи маърифат, ҳуҷҷатҳои тақдирсози замони истиқлол: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ғояҳои ватандорию ватандӯстӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳанд.
- типҳои нави таълимгоҳҳо, мисли литсей, гимназия, мактабҳои хусусӣ, саҳомӣ, ҳамчунин коллеҷу таълимгоҳҳои олии гуногуни давлатию ғайридавлатӣ, ватанию хориҷӣ арзи вуҷуд карда, ба таълими бисёрзинагии таҳсилот: бакалавр, магистратура ва ғайра гузаштанд.
- навгонии ҷиддӣ дар мазмуни таҳсилот ворид гардид. Нақшаҳо ва барномаҳои нави таълим, китобҳои дарсии насли нав, фанҳои нав, ихтисосҳои гуногуни нав рӯи кор омаданд: дар робита бо тақозои замон стандарти давлатии таҳсилот пешниҳод гардид.
- муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ бо техникаи навтарини компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои техникии пешрафтаи таълим муҷаҳҳаз ва бо шабакаи интернетӣ васл шуданд. Натиҷа ҳамин аст, ки инноватсияи таълим роҳандозӣ шуд.
- мақсад, вазифа ва мазмуни тарбияи насли наврас, аз ҷумла тарбияи миллии онҳо тағйир ёфт.
- бори аввал дар кишвар муассисаи нави илмӣ – Академияи илмҳои педагогӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи он таъмини илмию методии мактабҳо, таҳқиқи афкори педагогии ниёгон, педагогикаи халқӣ, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи судбахши педагогии муассири Ватану ҷаҳон мебошад.
- дар соҳаи маориф ҷоизаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Зикр ба маврид аст, ки имрӯз тафаккури аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модар ба нафъи фарзандонашон тағйир меёбад. Онҳо нисбатан фаъол гардида, ҳатто омодаанд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ хадамоти пулакии маорифро дастгирӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки маориф ҷузъи таркибии ҷомеаи мост. Ҳар мушкилӣ, пастию баландӣ, фарозу нишебиҳо, ки ба сари ҷомеа меоянд, ба маориф таъсир мерасонанд. Дар давоми 25 соли истиқлолият маорифамон душвориҳои зиёдеро паси сар кард. Вале аз ҳама муҳим он аст, ки пош нахӯрд, балки аҳли маориф масъулияти азимеро дарк карда, пешопеши зиёиёни кишвар қадам гузошта, атрофи давлати миллии худ муттаҳид гаштанд ва баҳри пешрафту ободии он камар бастанд.
Дар аҳди шӯравӣ тамоми маводи зарурӣ, аз қабили нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, ҳатто китобҳои дарсӣ (ба ғайр аз китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик) аз Маскав меомаданд ва мо ноилоҷ онҳоро татбиқ мекардем. Зеро дар самти таъмини илмию методӣ таҷриба надоштем.
Олимону мутахассисони худиро имконият намедоданд, ки ба таҳияи ин мавод машғул шаванд. Аз ҷониби дигар, мо, иқтисоди бозорро пеш гирифтем ва маводи мавҷудаи онвақта ба кор намерафт. Лозим меомад, ки дар робита ба тақозои замон худамон нақшаҳои таълим мураттаб созем, барнома нависем, муаллифони ватании китобҳои дарсиро омода кунем.
Тоҷикистони азиз худ аз худ эҳё намешавад. Онро аз берун ҳам омада эҳё намекунанд. Ҳар як фард бояд аз пайи кору меҳнати ҳалол бошад, вале барои ин, пеш аз ҳама, тафаккурро тағйир бояд дод. Тарбияи тафаккури эҳёгаронаю созанда – ин аст муҳимтарин вазифаи мо. Тафаккур, ки тарбия ёфт, фаъолият пурсамар мешавад. Барои тарбияи тафаккур мо дар ихтиёри худ омилҳо, тарзу воситаҳои зиёд дорем. Муҳимтарин омил ҷомеа аст, ки мо онро месозем.
Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида, заминаи моддию техникии онҳо таҳким ёфта истодааст. Чунин пешравиҳо боис гардид, ки дар баробари шаҳрвандони дохилӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таълимии кишвар зиёдтар гардад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон беш аз 30 мамлакати ҷаҳон қариб 3 500 нафар (ин рақами соли 2012) донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд.
Шумораи мактабҳои олӣ низ дар даврони истиқлолият афзудааст. Агар соли 1991 13 мактаби олӣ фаъолият мекарда бошад, пас имрӯз 37 мактаби олӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Теъдоди донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар солҳои 1991 - 2014 аз 69,3 ҳаз. нафар то 165,3 ҳаз. нафар, яъне 2,4 маротиба зиёд гардид.
Дар солҳои 1991-1992 барои соҳаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз рӯи 170 ихтисос дар дохили кишвар ва 85 ихтисоси дигар дар хориҷи кишвар дар асоси созишномаи байнидавлатӣ мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло бошад, танҳо дар дохили ҷумҳурӣ аз рӯи беш аз 320 ихтисос ва аз рӯи 200 ихтисос дар хориҷи кишвар мутахассиси соҳаҳои гуногун, ки барои ҷумҳурии мо заруранд, тайёр карда мешавад. Ин рақамҳо сол то сол меафзоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки аз соли 1997 шурӯъ карда, то соли 2011 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 7 941 нафар духтарону писарон аз манотиқи мухталифи кишвар тариқи квотаи Президентӣ дохил шуда, дар маҷмӯъ, аз аввал 3 488 нафарашон ба истеҳсолот барои кор рафтанд.
Вобаста ба самти афзалиятноки ислоҳоти иқтисоди миллӣ эълон шудани соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаро зиёд менамояд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, дар солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфта, дар соли 2000 – 38,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2015 – 2918,9 млн. сомонӣ, яъне 76,4 маротиба афзудааст.
Бар замми маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии соҳаи маориф, маблағҳои сармоягузорӣ ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Бо ҷалби институтҳои молиявии байналмилалии хориҷӣ аз соли 1998 сар карда, то имрӯз барои дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф беш аз 20 лоиҳаи сармоягузорӣ ва грантӣ ҷалб карда шудааст.
Дар тӯли 25 соли Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Бевосита тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати ҶТ дар миқёси ҷумҳурӣ дар солҳои 1992-2015 зиёда аз 2300 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ сохтмони мактабҳо нисбати солҳои 80-уми асри гузашта 1,9 маротиба зиёд гардидааст.
Умуман дар замони Истиқлолият соҳаи маориф симои худро ба куллӣ тағйир дода, низоми муайянеро ба даст овард. Он зери парчами Ваҳдати миллӣ ва ормонҳои Истиқлолияти давлатӣ рушд кард ва ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардид.
Хуллас, ҷомеае, ки рӯ ба мактабу маориф мениҳад, пешраву рушдёбанда аст ва ин маъниро Камолиддини Биноӣ чунин менигорад:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Саъдулло Носиров,
н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ