Мақолаҳо
Сӯи мулки сухан қадам бардор!
Ба ҳамагон маълум аст, ки сухан - забон дар ҳақиқат ҷон ва ҳастию вуҷуди инсон аст. Сухан - забон ифшогари оламу дунёи ботинии инсон аст. Маҳз ба воситаи забон (сухан) одамон ба ҳам наздик шуданд, ҳамкор ҳамфикру ҳамдиёр шуданд, ошиқу дилдор шуданд ва як ҷомеа ё худ ҷамъияти инсониро ташкил доданд.
Аз ин рӯ, забон падидаи ҷамъиятӣ буда, бунёди ҷомеа ва нерӯи пешбарандаи ҷамъият аст.
Ба ҳамин маъно гуфтаи шоири ширинбаён Абдураҳмони Ҷомиро овардан ба маврид аст:
Бувад тобиши моҳу меҳр аз сухан,
Бувад гардиши нуҳ сипеҳр аз сухан.
Ба ҳамин хотир шоирон, нависандагон олимону бузургон суханро (забонро) ҳамеша бузург пиндоштаанд ва эҳтирому эътибори онро бар дӯши худ бардоштаанд. Қадру қимати суханварону сухандонон, шоирону суханофарандагонро баланд бардошта, ба онҳо ҳамеша арзи сипос кардаанд.
Аз ҷумла шоири ширинкалом Бадриддин Ҳилолӣ дар ҳақи шоирону суханофарон бо эҳтироми беандоза ва сатрҳои зерин дуои хайре бахшидааст:
Шоҳи маънӣ туӣ, алам бардор!
Сӯи мулки сухан қадам бардор!
Ёд кун сеҳрофаринонро,
Нуктадонону хурдабинонро!
Ки ҳама махзани сухан буданд,
Роздони наву куҳан буданд.
Олам аз дурри назм пур карданд.
Ҳамчу дарё нисори дур карданд?
Абри раҳмат нисори эшон бод!
Лутфи ҷовид ёри эшон бод!
Сипосдору сипостан будан ва сипосандешагӣ рукни асосии одоби ҳамидаю некномӣ ва фазилати адолат ба шумор меравад.
Бо дарназардошти ана ҳамин анъанаи суннатии бузургворони мардуму халқи азизи мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла ба забони миллӣ - модарии мо бо арҷгузорию шукргузории самимию сидқӣ ба бунёдгузорону посдорони он арзи сипоси қалбӣ менамоянд.
Аз ҷумла дар яке аз суханрониҳояшон ба таъкид қайд карда буданд: «…забони модарии мову шумо, забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ дар шакли зебову ноб бо захираҳои ғаниву рангини луғату таъбирот бароямон мерос мондааст.
Халқҳое дар ҷаҳон кам нестанд, ки ба асари фоҷеаҳои таърихӣ аз забони худ пуштибонӣ карда натавонистанд, табдили забон карданд ва аз забони аслии худ маҳрум гаштанд. Пас месазад бо сари баланд бигӯем, ки зиҳӣ, халқи тоҷик, зиҳӣ, абармардони адабу илму фарҳанги ин халқ, зиҳӣ, ин забон!!!
Оре, ин забони ноб ва шевою зеборо бузургони адабиёт ва илму фарҳангамон ба мо мерос гузоштаанд. Мо аз ин мерос ифтихор мекунем.
Аз вазифагузориҳои Пешвои миллат вазифаҳои минбаъдаи мо дар инкишофу такомул додани забони нобу ширини миллии хеш муайян гардидааст, ки вазифаҳо аз иҷро намудани корҳои зерин иборат аст:
- мо бояд кӯшиш намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҷавобгӯйи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд;
- ба хотири покии забони адабӣ ва ҳифзи он аз ҳама гуна унсурҳои ғайриадабӣ ва ё ғайримеъёрӣ зарур аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ омӯзиши забони адабӣ дар заминаи беҳтарин сабки адабиёти классикиву муосир ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути забони тоҷикии меъёрӣ амалӣ гардад;
- дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ аз падару модарон сар карда, то мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, муаллимону устодони мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеа бояд ғамхор ва саҳмгузор бошанд.
Ба ҳамин тариқ, мо аз ояндаи дурахшони ҷумҳуриамон ва шукуфоии забони давлатиамон умедҳои калон дорем, ба хотири он ки сарвари хирадманди ҷумҳуриамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нерӯбахши пойдории мақоми давлатии забони миллӣ ва рушди он дар инкишофу пойдории забони миллӣ ва истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъолияти фидокорона менамоянд ва дар ин роҳ бисёр содиқ ҳастанд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи раёсат ва кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ баҳри амалӣ намудани тавсияҳои мазкур чорабиниҳои зиёде доир мегарданд.
Аввалин, тарзи баёни беғалату бисёр ифоданоку ҷозибанок ва муассири ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода барои аҳли ҷомеаи донишкада намунаи ибрат аст. Чорабинии хеле муфид ин баргузор шудани курси таълимии масъалаҳои баҳсноку душвори имлои забони тоҷикӣ барои устодону кормандони донишкада аст, ки он барои пешгирӣ кардани ғалатнависӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар баробари ин устодони донишкада бо навиштани диктанти санҷишӣ чанд масъалаҳои мушкилфаҳми имлоро дарк намуданд. Кафедраи забон тоҷикӣ низ бо мақсади беҳтар кардани сифати таълиму баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии донишҷӯён коркарди барномаҳои таълимӣ, гузаронидани семинарҳои методӣ, таҳияи дастуру васоити таълимиро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Луғатдони беҳтарин», «Наттоқи беҳтарин» ва вохӯриҳо бо адибону шоирон низ доир мегарданд.
Ҳамин тарз, Донишкадаи молия ва иқтисод ба мулки сухан қадамҳои устувор мегузорад.
Солеҳҷон Собирҷонов, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ