Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши забони тоҷикӣ аз нигоҳи Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» қайд кардаанд: «Фарде, ки аз сарчашмаи суханҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунофари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст».
Дар солҳои муқовиматҳои дохилӣ ин асолати ҷоҳилонаи бадхоҳон миллати тамаддунофари моро аз забони ширину дилкаш, шевою гуворо, ҷаззобу равону самимӣ, рангинбаёну нозукадову лаҳномез, ки бо ин забон «Авасто»-ву «Худойномак», «Таърихи мулуки Аҷам»-у «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ, «Доробнома»-и Абӯтоҳири Тарсусиву «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиву «Гулистон»-у «Бӯстон»-и ШайхСаъдӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Ҷомиву «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зокониву «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ ва садҳо дигар асарҳо эҷод гаштаанд, ҷудо карда натавонистанд ва то имрӯз он бадсириштон рашки ҳасуд дар мижгон доранд ва забони нобу шевою ширини мо дар ҳоли такмилёбӣ ва густариш мебошад.
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ имрӯз дар ҷомеа дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳангу қонунгузорӣ, равобити дипломативу тиҷорат ва дигар васоити иртибот қарор дорад.
Асарҳои баландпояи бузургони адабиёти мо дар тамоми ҷаҳон тарҷума шудаву паҳн гаштаанд ва тавассути ин асарҳои безавол сокинони аҳли башар бо тоҷикон ошноӣ пайдо кардаанд, ки мо дар ин ҳол ғояҳои дурдонабори гузаштагонамонро соҳибӣ карда, нагузорем, нохалафе пой рӯйи он гузорад.
Пешвои миллат таъкид сохтаанд, ки акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем.
Сарвари давлат, ки дар навбати аввал ғалатгӯиву ғалатнависиро таъкид сохтаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва ҳамеша барои пок нигоҳ доштани забон, баланд бардоштани дараҷаи дониши хаттии худ, дурӣ ҷустан аз нутқи ғалати гуфторӣ дар ҳазар бошем ва роҳ надиҳем, ки забони ширину гуворои моро сарсахте хору забун гардонад.
Гузашта аз ин, гуфтан ба маврид аст, ки сухани нарму орому самимӣ, ширину ҷаззобу гуворо, ғановатманду шевою нозукадо ба дил мерасад, сухани орӣ аз чунин ишораҳо танҳо ба гӯш расида, дар ёдҳо нахоҳад монд. Аз рӯйи чунин назар, ҳангоми суханронӣ ҳамеша дақиқафкор будан нишони хирадмандист.
Аз рӯйи гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки донистани забон (шифоҳӣ ва хаттӣ) натанҳо барои тахассусмандони он, балки барои ҳама: кимиёдон бошад ё муҳосиб, иқтисоддон бошад ё файласуф, ҳайатшинос бошад ё муаррих, ҳандасадон бошад ё пизишк ба таври боду шояд донистани забони модарӣ (давлатӣ) воҷиб аст.
Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонадон шурӯъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳҳо ва корхонаҳо вусъат ёбад,- қайд менамоянд Президенти мамлакат дар суханронии худ 5-уми октябри 2010 ба муносибати Рӯзи забон.
Ҳамчунин Пешвои миллат ғамхории хешро нисбати забони давлатӣ изҳор дошта, қайд менамоянд, ки ҳанӯз ҳам суханронии зиёиёни мо суст аст. Онҳо тариқи радио ва телевизион суст баромад мекунанд, ки ба хубӣ костагии забонӣ дар нутқи онҳо ҳис карда мешавад:
«…мутаассифона, сатҳи забондонӣ ва сухангӯйи баъзе зиёиёни мо ҳанӯз паст аст. Ҳангоми аз минбар ё аз тариқи радиову телевизион шунидани суханронӣ ё суҳбати онҳо ин бараъло ба мушоҳида мерасад. Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар як зиёии тоҷик натанҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».
Гуфтан ба маврид аст, ки Истиқлолият бо забон алоқаи мустаҳкам дошта, инкишофу рушди онро аз назари некбинона таъмин месозад. Пешвои миллат қайд менамоянд, ки: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».
Ин нуктаҳои хирадмандона қайдгаштаи Пешвои миллат моро водор месозанд, ки меҳрубониву ҳифзи забони ширину нобу гуворои худро боз ҳам мустаҳкамтар сохта, нисбати он арҷгузор бошем.
Ҳамин тариқ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам бо роҳбарии ректор Солеҳзода Ашӯрбой Абдулвоҳид он дастуру тавсияву супоришоти Пешвои миллатро таҳти назари ҷиддии хеш гирифта, ба пешравиҳои назаррасе ноил гаштаанд.
Коллективи дӯсту тифоқи донишкада аз роҳбари донишманду дурандеши худ имони комил доранд, ки дар роҳи омӯзишу боз ҳам мукаммалтар сохтани бинои муҳташами забони давлатӣ ба онҳо ёрии илмиву методӣ, дастрас сохтани адабиёти тақозои рӯз, тайёр кардани шиору даъватҳои ҷолиб, чопи китобҳои дарсии забони модарӣ ва ба донишҷӯён дастрас сохтани онҳо қадами устувор хоҳанд гузошт ва назари некбинонаи Пешвои миллатро дастурамали кори хеш намуда, барои дар амал татбиқ кардани он ишораҳо тамоми чораҳоро андешида, муҳаббати кормандони ҳешро нисбати забони давлатӣ афзун хоҳанд кард.


Саидамир Сафаров, устоди кафедраи забони тоҷикии ДМИТ