Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Аудит ва ревизия

Тилабов Ёрибек Эмомназарович

Мудири кафера

Тилабов Ёрибек Эмомназарович

номзади илми иқтисод, дотсент


Утоқ: 311

E-mail: e.tilyabov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Асосҳои аудит, назарияи молия, молия, иқтисоди молиявӣ, сармоягузорӣ, менеҷменти молиявӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Стандартҳои байналмилалии аудит

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ташаккулёбии захираҳои сармоягузорӣ дар шароити норасоии пасандозҳои дохилӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Нашрияҳои асосӣ: 1. О некоторых проблемах управления объектами и структурой инвестиции в Таджикистане. Вестник Педагогического Университета. - № 1 (44). – Душанбе. -2012г. – С. 415-418. 2. К вопросу о социально-политической и экономической эффективности инвестиции (теория и методика). Вестник Таджикско-технического университета имени Академика М.Осими. – Душанбе. – №3(19). - 2012. – С. 121-125. 3. Инвестиционная обеспеченность отраслей экономики в условиях низкого уровня внутренних сбережений в Республике Таджикистан. Вестник Педагогического Университета. – №1, часть 2 (62-2). – Душанбе.– 2015. – С. 217-224. 4. Теоритические модели повышения механизма инвестиционной обеспеченности национальной экономики. Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). – Душанбе. –№ 10. 2018. - – С. 57-62. 5. Совершенствование институциональных основ повышения инвестиционной обеспеченности в Республики Таджикистан. Вестник Бохтарского государственного университета имени Н.Хисрава (научный журнал). Серия: гуманитарных и экономических наук. – Душанбе, 2018. – № 1/4 (57). - 2018. – С. 201-205. 6. Методологические вопросы оценки инвестиционной обеспеченности экономики. Вестник ТНУ /Серия социально-экономических и общественных наук. - Душанбе: «Сино».- Душанбе. - № 4. 2019. – С. 79-86. 7. Механизмы использования иностранных инвестиций в Республики Таджикистан. Комитет молодежи, спорта и туризма при правительстве Республики Таджикистан. – Душанбе. - 2011г. – С. 97-102.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ АУДИТ ВА РЕВИЗИЯ

Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бо қарори Шӯрои Олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 11/15 аз 26 майи соли 2014 сохтори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳайати факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи аудит ва ревизия таъсис дода шуд ва дар ин замина мувофиқаи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 114/И аз 08 июли соли 2014 кафедраи аудит ва ревизия ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Мудири кафедраи аудит ва ревизия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев П.Ҷ. интихоб гардид. Аз моҳи июни соли 2020 то инҷониб кафедраро н.и.и., дотсент Тилабов Ёрибек Эмомназарович роҳбарӣ мекунад.


Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 мақоми худро иваз намуд ва он ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки кафедраи аудит ва ревизия бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.


Ҳайати кормандону омӯзгорони кафедра аз 13-нафар иборат мебошанд, ки аз онҳо: 3-нафарашон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон, 2-нафар муаллими калон ва 7-нафарашон ассистентон ва 1-нафар оператор-ҳуҷҷатнигор мебошад. Инчунин дар соли ҷорӣ 3 нафар ба ҳайси ҳамкорони дохилӣ дар кафедра фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар муаллими калон ва 1 нафар ассистентон мебошанд.


Роҳбарии кафедраро аз рӯзи таъсисёбии он (соли 2014) то 01-феврали соли 2019 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев Парвизҷон Ҷамолиддинович, ба зима дошт. Аз 01-феврали соли 2019 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович ба уҳда дорад.

Кафедраи аудит ва ревизия, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ-илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саннадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда таълиму тарбияро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад.


Фаъолияти кафедраи аудит ва ревизия айни замон аз руйи як ихтисос дар зинаҳои бакалавариат (рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура ба роҳ монда шудааст, ки он: 1-250111-аудит ва ревизия мебошанд.


Кафедраи мазкур кафедраи тахассусӣ буда, соли 2015 нахустин донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси 1-250111- аудит ва ревизия қабул намудааст ва соли таҳсили 2018-2019 бори аввал кафедраро донишҷӯён дар зинаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси аудит ва ревизия хатм менамоянд. Ҳамчунин устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 22 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. Инчунин оид ба фанҳои таълимии кафедра маҷмӯаи барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабусҳо) барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзӯҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати дотсентон ва устодони кафедра тайёр карда шудаанд.


Дар кафедраи аудит ва ревизия гузаронидани мизҳои мудаввар низ анъана шудааст. Одатан дар ин сӯҳбатҳои илмӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз олимони шинохта ва мутахассисони соҳа аз мақомотҳои олии назоратӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд.


Дар солҳои 2014-2019 дар ташкил ва рушди кафедра олимон ва устодони зерин саҳмгузор ва фаъолият намудаанд.: профессор Уроқов Д.У, дотсентон Исматов А.Ҳ., Орзуев П.Ҷ., Алиев О.М., Садриддинов М.И., Бобиев И.А., Барфиев Қ.Х., Зиёев С.С., Расулов Т.М.,Тоҳирова Р.С., Шоймардонов С.Қ., муаллимони калон Аҳмадҷонова С.Ю.,Ҷабборова П.Ҷ. Маҳмадов М.Г., Юнусов А.Қ., Ҳакимов З.Р., Досиев ва ассистентон Саидов Р.Н., Сафаров С.Ҳ., Раҳмонов А.А., Мирзозода Д. ва Абдуллоева Ш.Ф.


Ҳоло бошад дар кафедра устодон ва кормандони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Тилабов Ёрибек Эмомназарович, Орзуев П.Ҷ., Саидов Р.Н., Ҳомидов А.У., ассистентон Абдуллоева Ш.Ф., Шаҳнозаи С., Оев А., Абдулхайров Ф.М., Ҷулиев М., Саидаҳмадов М., Ҳисайнов А.С., ва оператор-ҳуҷҷатнигор Ҳакимова М.Б.


Кафедра бо Вазорату идораҳои мамлакат, ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Ҳисоби ҶТ, КВД «Тоҷиксуғурта», ширкати аудитории ҶДММ «Шарқ-аудит» ва як қатор муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ аз ҷумла, бо кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, ва аудити Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон робитаи зичи ҳамкорӣ дорад.


Кафедра бо васоитҳои техникӣ пурра таъмин буда, дорои ду адад компютери пайваст бо хати интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.


Инчунин кафедра дар тайёр кардани мутахассисон, устодони пуртаҷриба барои дарёфти дараҷаи илмӣ саҳми арзанда дорад, ки ҳоло дар кафедра ду нафар унвонҷӯён: Шаҳнозаи С., ва Абдуллоева Ш.Ф. бо кори илмӣ машғул мебошанд, ки рисолаи номзадии ассистент Шаҳнозаи С., омода шудааст ва дар арафаи ҳимоя қарор дорад.


Самти илмии кафедра аз соли 2018 то соли 2022 дар мавзӯи «Самтҳои такмили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор дар субъектҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили «Роҳҳои мукамалнамоии аудит ва назорати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, ки устодони кафедра аз рӯи марҳилаҳои он ҳамасола корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мемонанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳарсол конфронсҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ ва семенари илмӣ-амалӣ мегузаронад. Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ин бора дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда мешавад. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва тарбиявию умумидонишкадавӣ фаъолона иштирок менамоянд.