Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Фаъолияти биржавӣ

Караев Рустам Худоярович

мудири кафедра

Қараев Рустам Худоёрович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии III

E-mail: r.karaev@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Таърихи афкори иқтисод, Таърихи иқтисодӣ, Макроиқтисод

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ҷанбаҳои ташаккулёбӣ ва рушди бозори хизматрасонӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Нашрияҳои асосӣ: Самтҳои асосии беҳтарсозии истифодабарии захираҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 1-2, саҳ 66-72, Душанбе соли 2006. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – манбаи инкишофи КАС-и намуди нав // Гузориши Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон қисми 2, саҳ 57, Душанбе соли 2010. Муаммоҳо ва роҳҳои ҳамкории самараноки бахши обу барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ. // Паёми Донишгоҳи милли Тоҷикистон Душанбе «Сино» с. 2013. Асосноксозии илмию методии бахши обу барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ. // Паёми Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Душанбе «Сино» с. 2013

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БИРЖАВӢ

Кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети молия ва қарз тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти фармони № 53/и аз 25 июни соли 2012 таъсис додашудааст. И.в. мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пулодов Ҳ.Н. таъин карда шуда буд ва бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 03.12.2012 сол барои ишғоли вазифаи мудири кафедра тариқи озмун номзади илмҳои иқтисодӣ Муминов А.Б. таъин гардид. Сипас н.и.и.,дотсент Қараев Р.Х бо фармоиши ректори ДДМИТ аз 12.06.2018 №150/111 бо тариқи гузариш аз вазифаи дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз гузаронида шуд.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои агенти бозори қоғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги бозори қоғазҳои қиматнок, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, молия, фаъолияти бонкӣ, бозори қоғазҳои қиматнок, омор ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Кафедраи «Фаъолияти биржавӣ ва қогазхои киматнок» дар соли 2011 дар назди кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон тахассуси «Бозор фондӣ» таъсис дода шуд. Соли 2013 нахустин хатмкунандагони тахассуси «Бозори фондӣ» аз кафедраи навтаъсиси «фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок» донишкадаро хатм намуданд. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилали талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи бозори фондӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ҳамин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Ҳоло кафедраи фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок яке аз кафедраҳои асосии факултаи молия ва карз мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси бозории фондӣ д.и.и, профессор Исайнов Ҳ.Р., дотсентон Қараев Р.Х., Муслихова Т.Т, устодони калон Нуров М., Солиев Н.А., ассистент Боймуродов Ҷ., ва ассистент Раҳимзода Ф. кор ва фаъолият намудаанд. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми олимони тоҷик-д.и.и., профессорон Л.Ҳ. Саидмуродов, Х. Ғафуров, З. Раҳимов, н.и.и., дотсентон Қ. Асоев хеле калон аст.