Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳои гуманитарӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРА ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ яке аз кафедраҳои муҳимми ДДМИТ ба ҳисоб рафта, ҳачун кафедари умумидонишгоҳӣ фаъолият менамояд. Ин кафедра баъди якҷоя шудани ду донишкада - Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар заминаи ду кафедра кафедра - таърих ва фалсафа ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо фармони ректори ДМИТ (айни ҳол ДДМИТ) таҳти №1/6.2 аз 30 майи соли 2012 таъсис ёфт. Кафедраи мазкур дар донишгоҳ тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намуда, корҳои таълимӣ, таълимӣ – методӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва тарбиявиро хуб ба роҳ монда, фаъолият менамояд.


Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ айни ҳол аз фанҳои таърихи муосири Тоҷикиситон, педагогика ва психология дар мактабҳои олӣ, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, сотсиология, фалсафа, сиёсатшиносӣ, психологияи касбӣ, мантиқ, фалсафа ва методологияи илм, этика ва эстетика ба донишҷӯёни зинаи таҳсилоти бакалавриат ва магистратура таълим дода мешавад.


Дар кафедра дар маҷмӯъ 30 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1-нафар доктори илм-профессор, 1 нафар номзади илм-профессор, 9 нафар номзадони илм-дотсентон, 5 нафар муаллимони калон ва 14 нафар ассистентон фаъолият менамоянд. Аз шумораи устодони болозикр 22 нафар корманди штатӣ, 7 нафар ҳамкори дохила ва 1 нафар ба ҳайси ҳамкори беруна фаъолият мебаранд.


Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз 22 нафар корманди штатӣ 20 нафарашон ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, ки номи мавзӯи илмии кафедра, «Масоили фалсафӣ, таърихӣ,сиёсӣ- иқтисодӣ ва педагогии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» буда, тибқи нақшаи панҷсола ҳамаи устодон тибқи равия ва мавзӯи худ таҳқиқот мебаранд.


Дар кафедра дар баробари корҳои таълимӣ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқикотӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, устодони кафедра дар донишгоҳ ва берун аз он дар конфронсҳо, семинарҳои методӣ ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо маърӯзаҳо ширкат менамоянд. Дар давоми фаъолияти кафедра 4 конфронси ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 40 семинари илмӣ назариявӣ, 45 нишасти илмӣ-адабӣ, 42 мизи мудаввар, 34 ҷамъомади васеъи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсиву фарҳангидошта бахшида ба идҳои Артиши миллӣ, 8-март – Рӯзи модарон, Ҷашни байналмиллалии Наврӯз, 9 - май-Рӯзи Ғалаба, 27 - июн Ваҳдати миллӣ, 1 - сентябр Рӯзи дониш, 9 - сентябр ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчам, Рӯзи Конститутсия ва ғайраҳо баргузор гардиданд, ки устодони кафедра дар ҳамаи ин чорабиниҳо фаъолона ширкат намуданд.


Устодони кафедра инчунин дар конфронсҳои берун аз донишгоҳ низ фаъолияти назаррас дошта, бо мақолаҳои худ ҳамеша дар ин чорабиниҳо иштирок менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки махсусан ширкати устодони кафедра ба мисли Мирзоев Н., Муллоҷонов А.К., Сабуров У.С., Мирзоев Ғ., Ҳомидова Қ., Насриддинов Х.Н., Манғитов М., Абдулвоҳидова Ф., Зарифов М., Ҳабибов С. ва дигарон назаррас мебошад.


Самараи ҳамин фаъолият мебошад, ки дар давоми 4 соли сипаригашта устодони кафедра дар маҷаллаҳои дохилӣ ва берунӣ беш аз 130 мақола ба чоп расониданд, ки басо назаррас мебошад.


Бояд зикр намуд, ки ҳамаи устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баробари иҷрои сарбории бар ӯҳда доштаашон, яъне таълимӣ, инчунин дар масъалаи ба нашр расонидани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва монографияҳои илмӣ низ кушиши зиёд доранд. Махсусан дар ин самт номи профессорон Мирзоев Н.М., Мирзоев Ғ., дотсентон Манғитов М., Муллоҷонов А.К. Носиров С.Ш. Ҳомидова Қ., Насриддинов Х.Н., Сабуров У.С.-ро зикр намудан ҷоиз ва шоиста мебошад, ки устодони номбурда дар самти ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, монография ва дастурҳои таълимиву методӣ пешқадам ҳастанд. Аз ҷумла маводҳои зерин аз ҷониби устодон ба нашр расонида шуд аст, ки чанде аз онро ёдовар мешавем: Усули тарбияи ҷавонон бар асоси панду ахлоқи ниёгон, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ ва консулӣ, Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ, Фалсафа дар саволу ҷавоб, Таърихи халқи тоҷик, Мақоми Ибни Рушд дар ташаккули фалсафаи Шарқу Ғарб, Асосҳои ташаккули донишу маҳорат ва малакаҳои зеҳнии муҳассилин дар раванди таҳсил, Диншиносӣ, Вожаномаи мафҳумҳои мухтасари сиёсӣ, Равандҳои маърифатӣ ва баэътиборгирии онҳо дар фаъолияти касбӣ, Таърихи халқи тоҷик дар саволу ҷавоб, Дипломатияи мухтасар дар мафҳум ва истилоҳот, Фалсафа (китоби таълимии алтернативӣ), Ташаккули тафаккури миллӣ, хештаншиносӣ ва фарҳанги маънавӣ, Ягонагии омӯзиш ва амал, Тоҷикистону Русия: Таърихи равобитҳои фарҳангӣ дар солҳои 1924-1941, Хусусиятҳои педагогии истифодабарии унсурҳои этнопедагогика дар тарбияи меҳнатии хонандагон, Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, Фарҳангшиносӣ, Сотсиологиябуда, Педагогика, Педагогика ва психология дар мактабҳои олӣ, Мухтасари таърихи халқи тоҷик. Аксарияти маводҳои номбаршуда дар нашриётҳои дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он ба табъ расида ҳам дар дохил ва ҳам дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ истифода мешаванд.


Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) амал менамояд. Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни фаъол ҷалб гаштаанд, ки моҳе як маротиба зери роҳбарии устодон дар мавзӯҳои фалсафӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, психологӣ, педагогӣ ва ахлоқӣ баромад намуда, ба ҳамин васила пеш аз ҳама дониши хешро сайқал ва маҳорати касбиашонро ташаккул медиҳанд. Самараи дигари маҳфил дар он аст, ки аз байни аъзоён иштирокчиёни олимпиадаҳои дохилӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ баромада, муаррификунандаи донишгоҳ мегарданд. Ҳамзамон устодони кафедра бо ҳамин васила шогирдонро бо маърузаҳои илмӣ ба конференсияҳо ҷалб менамоянд.


Дар баробари маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) инчунин маҳфили илмии умумидонишгоҳии устодону омӯзгорон зери унвони «Чароғи маърифат» амал менамояд, ки роҳбарии онро н.и.т., дотсенти кафедра А.Муллоҷонов ба зимма дорад. Маҳфили мазкур дар асоси нақша амал менамояд, ки дар баробари устодони кафедра инчунин олимону шахсиятҳои баруманди илму маориф ва собиқадорони соҳаҳои илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърих, фарҳангшиносӣ, педагогика ва психология аз муассисаҳои дигар даъват мешаванд, ки дар маҷмӯъ бо маърӯзаҳои ҷолиб маҳфилро ҷолиб мегардонанд.


Саҳми кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баргузории олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ хеле назаррас буда, ҳамасола устодон бо шогирдонашон дар ин самт кори зиёдеро анҷом медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки дар таърихи донишгоҳ зери роҳбарии устодони варзида ба мисоли Ғ.Мирзоев, А.Муллоҷонов, Ҳ.Нозимов, И.Ҷобиров донишҷӯён аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва таърихи халқи тоҷик дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, мақоми аввал ва ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.


Дар маҷмуъ кафедраи фанҳои гуманитарӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмиву педагогӣ фаъолияти назаррас дошта, минбаъд низ устодони кафедра дар якҷоягӣ барои ноил гардидан ба нақшаҳои дар пеш гузоштаашон кӯшиши зиёд намуда, баҳри расидан ба ин ниятҳои нек заҳмат мекашанд.