Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Иқтисоди рақамӣ ва логистика

Гафуров Парвиз Джурахонович

Мудири кафедра

Ғафуров Парвиз Ҷурахонович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 208

E-mail: p.gafurov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Усулҳои риёзӣ ва тадқиқӣ амалиётҳо дар иқтисодиёт, Эконометрика, Усулҳои таҳлили оморӣ ва дурнамо, Моделсозӣ ва коркарди компютерии маълумоти иқтисодӣ, Моделиронии макроиқтисодӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ, Усулҳои баҳодиҳии экспертӣ, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Экономико-математическое моделирование тарифной политики в страховании жизни : на примере Республики Таджикистан : диссертация ... кандидата экономических наук : 08.00.13

Нашрияҳои асосӣ: Бунёди модели макроиқтисодӣ барои Тоҷикистон (бо забони англисӣ ва русӣ), Буллетен (мақолаҳои таҳлилӣ ва назариявӣ), Якчанд ҷанбаҳои моделсозӣ ва пешгӯии ММД дар Тоҷикистон, Буллетен (мақолаҳои таҳлилӣ ва назариявӣ), Модели даромадҳои давлатӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), Моделсозии эконометрикии индекси нархҳои истеъмолӣ ва индекси фишор дар бозори асъор, Модели хурди эконометрикӣ ҳамчун як воситаи арзёбии сиёсати макроиқтисодӣ ва дурнамо (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳисобҳои актуарӣ дар суғуртаи ҳаёт. Web-Design (дастури таълимӣ), Моделиронии макроиқтисодӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ, Усулҳои баҳодиҳии экспертӣ, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (Барномаи таълимӣ), Усулҳои риёзӣ ва тадқиқӣ амалиётҳо дар иқтисодиёт, Эконометрика, Пакети барномаҳои эконометрикӣ, Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодит (Маҷмуи лексияҳо).

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЛОГИСТИКА»


Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика, ки бо номи кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ то соли 2022 фаъолият намуд, соли 2012 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар пояи собиқ кафедраҳои моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилотӣ (2003), информатикаи амалӣ (2006), технологияҳои иттилоотӣ (2009), технологияҳои иттилоотӣ ва логистика (2009) ва моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (2012) ташкил карда шудааст. 


Бинобар мавҷудияти талабот ба таъсиси ихтисосҳои иқтисоди рақамӣ ва кибернетикаи иқтисодӣ аз 1 ноябри соли 2022 номи кафедраи «моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ» ба «иқтисоди рақамӣ ва логистика» иваз карда шуд. 


Аз ибтидои ташкилёбӣ то соли 2012 кафедраро д.и.т., профессор Мирзоахмедов Ф.М. роҳбарӣ намудааст. Аз соли 2012 то моҳи феврали соли 2018 кафедраро н.и.ф.м., дотсент Раҷабов Ф.С. роҳбарӣ намудааст. Аз 10-уми феврали соли 2018 то моҳи марти соли 2020 кафедраро н.и.ф.м., дотсент Наҷмиддинов А.М. роҳбарӣ намудааст. Аз 1 декабри соли 2020 то инҷониб кафедраро н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. роҳбарӣ мекунад. 


Кафедра аз рӯйи равияи «Истифодаи моделҳо иқтисодӣ-математикӣ, иттилоотӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» тадқиқотро ба роҳ мондааст. 


Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 1-3103060104-технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт, 1-26020323-логистика ва 1-31030407-технологияҳои иттилоотӣ дар низомҳои молиявӣ, 1-25011026 - иқтисодиёти рақамӣ; 1-31030602 - кибернетикаи иқтисодӣ мебошад. 


Донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ соҳиби тахассуси дусоҳавии «математик-иқтисодчӣ», «маркетолог-иқтисодчӣ», «математик-барномасоз», «информатик-иқтисодчӣ» ва «кибернетик-иқтисодчӣ» гашта, дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, андоз, гумрук, суғурта ва ғайра кору фаъолият менамоянд.