Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Назарияи иқтисодӣ

Насриддинов Фирузджан Бабаевич

Мудири кафедра

Насриддинов Фирузҷон Бобоевич

Номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор


Кабинет: 307

E-mail: f.nasriddinov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Академияи гумруки Россия

Фанҳои таълимӣ: Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, Танзими тарифию гумрукӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Взаимодействие экономических и социальных факторов интенсификации социалистического сельскохозяйственного производства

Нашрияҳои асосӣ: Ҷабборова М., Сатторов Э.И., Исмоилова С.А. Маҷмӯи истилоҳҳо ва мафҳумҳои мухтасари иқтисодӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ- 2016. Ҷабборова М.Ҷ. Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ - 2016. Қандиёрова Д.О., Сафаров Б.Г., Мамадалиев Ф.С., Убайдов Ф.С. «Васоити таълимӣ-методӣ ба машғулиятҳои амалӣ аз фанни микроиқтисод» Душанбе 2016 с., 16,5 ҷузъи чопӣ; Ташев Ф., Ташева М., Васоити таълимӣ «Бехатарии (амнияти) иқтисодӣ» Душанбе 2016 с., 14,0 ҷузъи чопӣ. Фасихов И.С., «Формирование стратегии экономической безопасности в условиях трансформации национальной экономики». Монография. Душанбе 2016 с., 8,25 ҷузъи чопӣ. Ҷабборова М., Сатторов Э., Исмоилова С. Маҷмӯи истилоҳҳо ва мафҳумҳои мухтасари иқтисодӣ аз фанни назарияи умумии иқтисодӣ. Душанбе 2016 с., 6,5 ҷузъи чопӣ. Ашуров К.Р., Хоҷахонов А., Муртазоев Н., Акрамов А. «Назарияи иқтисодӣ», китоби дарсӣ, Душанбе «Ирфон» 2016 с., 30,0 ҷузъи чопӣ (7,0 ҷузъи чопӣ.) Ҷабборова М. «Таърихи иқтисодиёти мамалакатҳои хориҷӣ». Васоити таълимӣ. Душанбе, 2016. 7 ҷ.ч. Саидмуродов Л.Х. Экономическая теория открытого хозяйства и проблемы современного Таджикистана. Душанбе «Ирфон»2006. Насриддинов Ф.Б., Абдуллоев М.М. «Фаъолияти мақомоти гумрук дар самти таъмини механизмҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», (Паёми ДМТ 2018/№6 қисми 2 саҳ.136-138) Насриддинов Ф.Б., Абдуллоев М.М., “Нақши мақомоти гумрук дар самти таъмини механизмҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, // Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: назария ва амалия», (29–уми сентябри соли 2018) Насриддинов Ф.Б., Сафаров Б.Г. Учебно-методическое пособие по предмету «Микроэкономика», 2018; Насриддинов Ф.Б., Сафаров Б.Г. Учебно-методическое пособие по предмету «Макроэкономика (в вопросах и ответах)», 2018; Насриддинов Ф.Б., Сафаров Б.Г. Учебно-методическое пособие (конспект лекций) по предмету «Экономическая теория», 2018; Ҳамроқулов Ш.Х. «Танзими фаъолияти берунӣ ва мавқеи байналмиллалии Тоҷикистон» 2014 с. Ҳамроқулов Ш.Х. «Роғун кафолати рушди иқтисодии кишвар» 2014 с. Ҳамроқулов Ш.Х. «Робитаҳои Глабалии Интеграционии Чумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои стратегияи он дар дурнамои оянда» 2014 с. Ҳамроқулов Ш.Х. Таъсири бӯҳрони молиявӣ – иқтисодӣ ба иктисоди ҷумҳури ва тадбирҳои бартараф намудани он 2014 с. Ҳамроқулов Ш.Х. Коҳиши сатҳи камбизоати ва бартараф намудани он дар ҶТ (дар чоп) аст. Дар маҷмӯъ – 54 – аз онҳо 7-8 аз соҳаи КАС. Ҳамроқулов Ш.Х. Маҷалаи – «Народная газета» 03.01.2018 дар мавзуи – «Плотина» Ҳамроқулов Ш.Х. Маҷалаи – «Садои мардум» 16.03.2018 дар мавзуи – «Ифротгаройиву терроризм зуҳуроти нав нест» Ҳамроқулов Ш.Х. Маҷалаи – «Молия ва иқтисод» 30.04.2018 дар мавзуи – «Қардош халқларинг дӯстлик муносибатларида янги саҳифа» Ҳамроқулов Ш.Х. Маҷалаи – «Халқ овози» 05.04.2018 дар мавзуи – «Ҳамкорликинг стратегик хусусияти» Ҳамроқулов Ш.Х. Иштирокчии «Форуми байналмиллалии об» дар мавзуи - «Аҳамияти иқтисодии об дар дурнамоии умумиҷахонӣ» (баромад дар оинаи нилгун 22.06.2018 ва дар радио). Ҳамроқулов Ш.Х. конфиренсияи Ҷумҳуриявӣ илмӣ – амалӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар мавзӯи: 1. «Самтҳои асосии илмӣ иқтисодӣ дар тафаккури донишҷӯёни педагогӣ» 2018 с. Ҳамроқулов Ш.Х. Дастури илӣ-методӣ – «Узбекча – тожикча иқтисодий луғат» с.2019 Ҳамроқулов Ш.Х., Бобоев С.Т. Об – манбаи иқтисодӣ аст //конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: назария ва амалия» (29–уми сентябри соли 2018, ДДМИТ) Муртазоев Н.А., Мукаммалгардонии муносибатҳои тақсимот дар шароити муосир //конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: назария ва амалия» (29–уми сентябри соли 2018, ДДМИТ) Муртазоев Н.А.,Интихоби иқтисоди дар байни меҳнат ва истироҳат дар шароити муосир. Маҷмӯи осори илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Душанбе: ДМИТ 2017 Муртазоев Н.А.,Афзоиши музди меҳнат дар шароити муосир.Маҷмӯи осори илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Душанбе: ДМИТ 2018 Муртазоев Н.А., Убайдов Ф.С.Барномаи таълимии аз фанни назарияи иқтисодӣ. Бахши табъу нашри ДМИТ Душанбе, 2017, 15 саҳифа Муртазоев Н.А., Убайдов Ф.С. Барномаи таълимии аз фанни назарияи иқтисодӣ. Бахши табъу нашри ДМИТ Душанбе, 2017, 15 саҳифа Муртазоев Н.А., Убайдов Ф.С. Қандиёрова Д.О.Барномаи таълими аз фанни Макроиқтисод (омӯзиши васеъ) барои магистрони ихтисосҳои иқтисодӣ.Бахши табъу нашри ДМИТ Душанбе, 2017, 15 саҳифа. Муртазоев Н.А., Убайдов Ф.С. Барномаи таълимӣ аз фанни таърихи иқтисодӣ барои докторони РНД Бахши табъу нашри ДМИТ Душанбе, 2017, 23 саҳифа. Муртазоев Н.А., Убайдов Ф.С. Рофизода С.Х. Барномаи таълимӣ аз фанни “Иқтисодиёти институсионалӣ: Назария ва таҷриба” барои докторони РНД. Бахши табъу нашри ДМИТ Душанбе, 2018, 92 саҳифа. Ҷаборова М. Ҷ., -“Маҷмӯи масъалаҳо ва тестҳо аз фанни назарияи иқтисодӣ ва микроиқтисод” с.2014. Ҷаборова М. Ҷ., -“Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ” – с.2016 Ҷаборова М. Ҷ., Исмоилова С.А. – “Микроиқтисод” с.2018 Ҷаборова М. Ҷ., Исмоилова С.А. – “Краткое содержание основных терминов и понятий по курсу общей экономической теории” с.2019

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ»

Кафедраи Назарияи иқтисодӣ яке аз аввалин кафедрае мебошад, ки дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ташкил карда шуд.

Мақом ва масъулияти онро дар пешбарии раванди таълим ба назар гирифта раёсати донишкада бо роҳбарии он мутахассисони ҷавон лаёқатманд, хатмкунандаи факултети иқтисодиёти УДМ ба номи Ломонов М.В. дотсенти кафедраи «Иқтисодиёти байналхалқии» Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевичро таъин намуд. Мақсади асосии кафедра дар шӯъбаҳои гуногуни донишкада ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Назарияи иқтисодӣ», «Таърихи афкори иқтисодӣ», «Таърихи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ», «Иқтисодиёти байналхалқӣ», «Макроиқтисод», «Микроиқтисод» буд. Аз сабаби он ки дар солҳои авали фаъолияташ донишкада кафедраҳои ба замона ҷавобгӯй надошn, ба ҷараёни таълим асосан устодони шинохтаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе, ба монанди Академик Раҳимов Р.К., профессор Мамадназарбеков М.Н., профессорон Умаров Х.У., Тошев О.Т., Эшбоев А.Э., Эргашев А.Э., Дустбоев Ш., устодони бо таҷриба Каспаров С.Г., Кадкина Р.П. бо иҷозати раёсати ДМТ ҳамчун ҳамкор ба кор даъват шуда буданд. Ногуфта намонад, ки донишкада барои ҳавасманд гардонидан ба онҳо маоши махсус баланд таъин намуд. Дар баробари ин кафедра сиёсати тайёр намудани мутахассисони худиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд. Дар баробари ташкил намудани факултаи «Иқтисодиёт» мавқеи кафедраи мазкур боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

Соли 2002 бо шартномиаи якҷоя бо пажукишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодии назди Вазорати иқтисодиёт ва савдои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ташкил карда шуд, ки дар ташкили он нақши асосиро «Донишкадаи андоз ва ҳуқук» бозид ва ин амр барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос такони бузург бахшид.

Аввалин шуда дар Шӯрои номбурда собиқ ректори донишкада, марҳум Гулмирзоев Д.Г. рисолаи докторӣ ва муаллими ҷавон Султонзода Ҷ.У. рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамин тавр, минбаъд кафедра ҳамчун кафедраи базавии Шӯро яке аз минбаъҳои асосии тайёр намудани мутиахассисони соҳаи гуногуни илми иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Баъдтар аъзоёни кафедра дотсент Кандиёрова Д.О., дотсент Раҳматов Ҳ.Б. рисолаи докторӣ, Хушаев Ю.И., Сафаров Б.Г., Иброҳимов И.Р., Исломов Т.С., Умаров Д.М., Шамсуллозода Ш., Папов Н.А., Алишоев Х.Х. рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуда устодони арзандаи донишкада гардидаанд. Дар айни замон бошад рисолаҳои доктории и.в. профессори кафедра Нидоев Н.Ф. ва дотсент Ҷонмамадов Ш.Б. дар арафаи ҳимоя мебошанд.

Кафедра ба муносибати 10-солагии таъсисёбиаш дар мавзӯи «Тоҷикистон дар роҳи иқтисодиёти озод тадқиқотҳои институтсионалии он» конференсияи умумиҷумҳуриявӣ гузаронид, ки дар он олимони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Кафедра дар муддати мавҷудияташ доир ба ҳамаи предметҳои таълим додашаванда барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр намудааст.

Дар кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» гузаронидани мизҳои мудаввар низ анъана шудааст. Одатан дар ин суҳбатҳои илмӣ оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз олимони шинохта бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд, ки дар он аксари устодони факултаҳои иқтисодӣ иштирок менамоянд.

Дар таърихи на чанд тӯлонии кафедра Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Россия, профессор Куликов В.В., Академикҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Саидмуродов Ҳ.М., Раҳимов Р.К., Диноршоев М.Д., профессорон Умаров Х.У., Саидмуродов Л.Х., Гулмирзоев Д.Г., Исломов С., Қандиерова Д.О., Раҳматов Х.Б., бо маърӯзаҳои илмии сатҳи олӣ дар назди устодон баромад намуданд. Кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» дар байни мактабҳои олӣ ягона кафедрае мебошад, ки аз ҳамаи фанҳои таълимиаш ба забони давлатӣ аз китоби дарсӣ таъмин мебошад.

Кафедра аз рӯи 2 самт фаъолият мекунад:

Самт; Хусусиятҳо, қонуниятҳо шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҳамгирои ва минтақавӣ

  • Мавзуи 1. Омилҳои институтсионалии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афкори иқтисодии халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт;
  • Мавзуи 2. Рушд ва такмили институтҳои молиявӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати профессорон, дотсентон ва устодон тибқи ин фаслҳо корҳои илми тадқиқотии худро ба роҳ монданд.