Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Омор

Иматшоев Зинатшо Хизматшоевич

Мудири кафедра

Иматшоев Зинатшо Хизматшоевич

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Ауд.: Бинои таълимии III

Утоқ: 408

E-mail: z.imatshoev@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Омори ҳуқуқӣ, омори гумрукӣ, омори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, омори молияи давлатӣ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Методҳои самараноки таълими фанҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Танзими давлатии фаъолияти иқтисоди берунаи корхонаҳои КАС (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Нашрияҳои асосӣ: Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти гумрук // васоити таълимӣ // Душанбе, ДМИТ – 2017, 63 саҳ., Танзими давлатии фаъолияти берунаи корхонаҳои КАС // монографияи илмӣ// Душанбе, «Ирфон» - 2018, 154 саҳ. Омор // китоби дарсӣ, // Душанбе, ДДМИТ – 2019, 358 саҳ., Омори ҳуқуқӣ // васоити таълимӣ, // Душанбе, ДДМИТ – 2019, 140 саҳ. Инчунин 22 адад мақолаҳои илмӣ. Аз ҷумла 9 адад мақола дар журналҳои тақризшаванда.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ОМОР»

Кафедраи омор соли 2012 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар заминаи кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (с.1997), ҳисобдорӣ ва омор (с.2006), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва омор (с.2009) ташкил карда шудааст. 
Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, ширкатҳои хусусӣ ва ассосиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, омор ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. 
Кафедраи омор, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, таълиму тарбияро дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. 
Фаъолияти кафедраи омор, дар айни замон, аз рӯйи як ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки он: ихтисоси омор (1-25010500) мебошад. 
Ҳамчунин, дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутахассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, омор ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 21 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. Ҳамзамон, оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисоси 1-250105 – омор таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ; силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию ҷамъбастӣ; мавзӯъҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯъҳои корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати дотсентон ва устодони кафедра тайёр карда шудаанд. 
Кафедра аз васоити техникӣ пурра таъмин буда, дорои се адад компютери пайваст бо хатти интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. 
Устодони кафедра вобаста ба самти илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, ба масъалаҳои мубрами рӯз дар кафедра конфронс, мизҳои мудаввар, семенари илмӣ-амалӣ мегузаронанд. 
Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад. 
Соли 2011 нахустин хатмкунандагони тахассуси «бизнес-омор» донишкадаро хатм намуданд. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисобдорию омор талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи омор дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бино бар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. 
Роҳбарии кафедраро то соли 2015 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солиев Н.Н; солҳои 2015-2019 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Буриева М.Ч., ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2019 то инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иматшоев З.Х. ба уҳда дорад. 
Ҳоло кафедраи омор яке аз кафедраҳои асосии факултети ҳисобдорӣ ва омор мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба н.и.и., дотсент Пулодов Ҳ.Н; н.и.и., дотсент Буриева М.Ҷ; н.и.и., дотсент Иматшоев З.Х., устодони калон Мамадризоева М.Н., Холов Р.Ш., Бурҳонов Б.Ҷ., ассистентҳо Изатуллоев М.Н., Одинаев А.С., Солиев Б.Н. кор ва фаъолият менамоянд. 
Ба сифати ҳамкорон н.и.и.,дотсент Солиев Н.Н. – сардори шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлилии Бонки миллии Тоҷикистон, Мирзоев С.С. – дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми худро дар рушд ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра мегузоранд.