Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ОМОР»


Омор - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва фосилавии ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии омор ва усулҳои ҷамъоварӣ коркард, пешниҳод ва таҳлили маҷмӯи маълумотҳо шиносоӣ пайдо менамоянд. 
Назарияи умумии омор - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим методологияи оморро дар ягонагии усулҳо, формулаҳои ҳисобкунии нишондиҳандаҳо ва мазмуни оморию иқтисодии онҳоро аз худ намуда, дар баҳодиҳии миқдории ҳолат ва инкишофи зуҳуроти иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба таври амалӣ татбиқ менамоянд. 
Усулҳои бисёрченакаи оморӣ - фанни таълимии мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор пешбинӣ шуда, дар раванди омӯзондани донишҷӯён тасаввуротҳои илмӣ дар бораи бузургиҳои тасарруфии бисёрченака, инчунин, оид ба усулҳои таҳқиқоти онҳо пайдо менамоянд. 
Системаи ҳисобҳои миллӣ - ба донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор омӯзонда шуда, онҳо усули ҳисоб кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, методикаи таҳия ва таҳлили ҳисобҳои истеҳсолот, ташкили даромадҳо, тақсимоти аввалия ва дуюмини даромадҳо, инчунин, истифодаи даромадҳои дар ихтиёрбуда, ҳисоби андӯхт ва амалиёти хориҷӣ, ҳисоби молу хизматҳоро аз худ менамоянд. 
Тавозуни пардохт - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисосҳои кори бонкӣ ва омор омӯзонида мешавад. Дар раванди таълим онҳо методология, таҳия ва таҳлили нишондиҳандаҳои тавозуни пардохтро аз худ менамоянд. 
Проблемаҳои актуалии омор - таълими фанни мазкур барои донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор, пешбинӣ шудааст. Донишҷӯён дар раванди таълим бо як қатор масъалаҳои муосири илмию амалии омор дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ шиносоӣ пайдо менамоянд. 
Омори бонкӣ - фанни мазкур барои донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои кори бонкӣ ва омор таҳсил менамоянд, омӯзонда мешавад. Донишҷӯён методологияи гузаронидани таҳқиқотҳои оморӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, донишу ва малакаҳои худро баҳри сайқал додани фаъолияти хеш истифода хоҳанд бурд. 
Омори гумрукӣ - мақсади таълими фанни мазкур дар ихтисоси 1-250105 – омор, иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯён бо предмети омори гумрук, массаи мол ва хизматҳо, омори эъломияи содирот ва воридоти молҳо, меъёри гумрукӣ, омори пардохти гумрукӣ – ҳамчун ташкилёбии даромади буҷаи давлатӣ, омори назорати асъорӣ ва мусодираҳо, омори боркашонии байналмилалӣ, инчунин ташкили омори гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Омори иқтисодӣ - фанни мазкур дар ихтисоси 1-250105 – омор, таълим дода мешавад. Ба донишҷӯён омӯзондани инкишофи афкори оморӣ бо истифодаи қоидаҳои махсус, усул ва тарзи андозагирии миқдорӣ ва таҳлили зуҳуротҳои иқтисодӣ ҳадаф аст. 
Коргузорӣ дар омор - оиди тайёр намудани мутахасисони соҳаи омор нақши муҳимро мебозад. Вазифаҳои асосии фан иборат аст аз омӯзондани донишҷӯён оид ба истифодабарӣ ва қабул кардани ҳуҷҷатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ; тартиб додан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои бахши идоракуӣ; роҳҳои ташкил, таъсис, бақайдгирии фаъолияти корхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ. 
Усули гузарондани тадқиқоти оморӣ дар корхонаҳо - принсип ва усулҳои гузарондани тадқиқоти омориро дар корхонаҳо (ташкилотҳо), дар мамлакатҳои низоми аврупоӣ ва мамлакатҳои бо иқтисодиёти давраи гузариш, ки низоми омории онҳо ба низоми омории аврупоӣ нигаронида шудааст, дар бар мегирад. Донишҷӯёни ихтисоси 1-250105-омор, дар раванди таълим усулҳои гузарондани тадқиқоти оморӣ, ба монанди: мушоҳидаи умумии оморӣ, гузориши мақсади татқиқот, омодагӣ доир ба гузаронидани он, амалгардонии мушоҳидаи интихобӣ, ҷамъоварӣ ва вориднамоии маълумотҳо, коркард ва таҳлили маълумотҳоро меомӯзанд. 
Омори бозори меҳнат - омӯзиши фанни мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор, таъмин карда шуда, нақши муҳимро дар инкишофи тафаккури оморӣ бо истифодаи қоидаҳои махсус, усул ва тарзҳои андозагирии миқдорӣ ва таҳлили зуҳурат ва равандҳо дар бозори меҳнат мебозад. Дар рафти омӯзиш, мутахассисони оянда метавонанд, малакаи назариявии азхудкардаро дар амалияи соҳаи иқтисодиёт истифода намоянд. 
Омори соҳибкорӣ - фаннест, ки ба донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор, таълим дода шуда, онҳо на танҳо бо усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоотро доир ба соҳибкорӣ шиносоӣ пайдо намуданд, инчунин, иттилоотро ҳамчун асос барои ҳалли як қатор масъалаҳои соҳибкорӣ, ба монанди шакл ва миқёси ҳамҷояшавӣ ва пайвастшавии меҳнати ҷорӣ ва активҳои иқтисодӣ, андозагирии омории натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии соҳибкорон мавриди истифодабарӣ қарор медиҳанд. 
Омори иҷтимоӣ - ба донишҷӯёни курси 4– и таҳсили рӯзона ихтисоси 1-250105 – омор, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Дар рафти омӯзиш доир ба усули ҷамъоварии маълумотҳо, коркарди онҳо, таҳлил ва шарҳи натиҷаҳоро доир ба зуҳурот ва равандҳои иҷтимоӣ шиносоӣ пайдо намуда, мавриди истифодабарӣ дар кори амалӣ қарор медиҳанд. 
Омори байналмилалӣ - таълим барои донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – Омор, дараҷаи бакалавриат гузаронида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо принсипҳои асосии омори ташкилотҳои байналмилалӣ, системаи нишондиҳандаҳои омори байналхалқӣ ва истифодаи усулҳои омории татқиқотро аз худ менамоянд. 
Омори аҳолӣ - барои донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор, тавсия шудааст ва донишҷӯён бо таҳияи усулҳои ҳисобгирии оморӣ ва назорати сифати ҳисоби зуҳуроти демографӣ (таваллуд, фавт, никоҳ, талоқ, ҳиҷрат), тарзҳои таҳияи нишондиҳандаҳои демографӣ ва формулаҳои ҳисобкунии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, дар таҳлили амалии ҳодиса ва равандҳои демографӣ истифода хоҳанд бурд. 
Омори суғурта - барои донишҷӯёни ихтисосҳои суғурта ва омор тавсия шудааст. Дар раванди таълим донишҷӯён системаи нишондиҳандаҳои омори суғурта ва методологияи ҳисобкунии онҳо, манбаъҳои иттилоотӣ доир ба кори суғурта ва усулҳои таҳлили онро аз худ менамоянд. 
Омори молия - барои донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор пешбинӣ шудааст. Аз худ кардани фанни мазкур ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки на танҳо асосҳои назариявӣ ва методологии фанни омори молияро омӯхта сатҳи дониши худро ғанӣ гардонанд, инчунин, ба онҳо имконият дода мешавад, ки ба вазъияти молиявии мамлакат баҳои миқдорӣ дода, дурнамои онро таъмин намоянд. 
Моделсозии оморӣ - ҳамчун фанни таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисоси 1-250105–омор таълим дода мешавад. Дар ҷараёни омӯзиш донишҷӯён методологияи таълими оморӣ ва ахбороти динамикиро аз худ намуда, метавонанд, моделҳои сохт ва алоқамандии байниҳамдигарии онҳоро таҳлил намоянд. 
Таърихи омор - қисми ҷудонопазири илми иқтисодию оморӣ аст. Дар раванди таълим донишҷӯёни ихтисоси 1-250105 – омор доир ба ташкили омори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди пайдоиш ва инкишофи назария ва амалияи ҳисобдорию оморӣ, назарияи омор, ақидаҳои илми оморро дар ватани хеш ҳосил намоянд.