«Ташкили кори реклама ва алоқа бо ҷомеа» - фанни таълимии мазкур ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти инсониро алоқаманд дар бар мегирад. Корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, маориф ,тандурустӣ, нақлиёт, соҳаи бонкдорӣ ва молия, соҳаи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии мардум, рушд ва пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳим алоқаманд баррасӣ мегардад.
«Суғурта дар низоми ФИБ » - фанни мазкур асосан суғуртаи муносибати берунаро дар назар мегирад. Фаъолияти иқтисоди хориҷиро барои ҳифзи манфиатҳои амволии давлат, субъектҳои хоҷагидорӣ ва шаҳрвандонро дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои суғуртавӣ баррасӣ менамояд.Аз ҳисоби фондҳои пулии аз ҳисоби аъзоҳаққии пардохтшуда (мукофоти суғуртавӣ) ташкил шуда, ба роҳ монда мешавад.
«Фаъолияти рекламавӣ» - фанни мазкур барои мутахассисони бахши суғурта нигаронида шуда дар он масъалаҳои назария ва амалияи фаъолияти рекламавӣ мавриди омузиш қарор дода мешавад.Дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба донишҷӯён имкониятеро фаро меорад, ки ҳар як донишҷӯ ҳамчун мутахассиси оянда дар фаъолияти касбии худ равандҳои фаъолияти рекламавиро ба роҳ монда, механизми тадбиқи онро амалӣ намояд.
«Суғуртаи тиббӣ» - омузиши ин фан ба донишҷуён фароҳам овардани дониши васеъ оиди низоми тадбиқ ва моликунонии суғуртаи тиббӣ мебошад. Бо мақсади пайдо намудани маҳорати касбӣ ва аз тариқи хизматрасонии суғуртавӣ бароҳ мондани механизми ташаккули суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва суғуртаи тибби ихтиёрӣ дар роҳи беҳтаргардонидани фаъолияти ҳифзи иҷтимои аҳолӣ иборат аст.
«Нархгузорӣ дар савдои байналхалқӣ» - барномаи фанни мазкур асосҳои ташаккули малакаҳои назариявӣ ва амалии нархгузории бозориро дарбар мегирад. Бо назардошти хусусиятҳои нархмуайянкунӣ вобаста аз объект ва дараҷаи таъсири омилҳо дар ташаккул ёфтани нарх ва робита ба таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии нарх ва танзими он дар бар гирифта мешавад.
«Танзим ва назорати рекламавӣ» - роҳҳо ва воситаҳои ташкили реклама, ба танзим даровардани он ва назорат аз болои раванди фаъолияти рекламавӣ омухта мешавад. Ҳамзамон омузиши фан дар робита бо асосҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, роҳҳои таъмини идоракунии назорати рекламавӣ бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами фаъолияти рекламавӣ ба роҳ монда мешавад.
«Асосҳои суғуртаи соҳибкорӣ» - омӯзиши фанн назария ва амалияи шаклҳои пешқадами фаъолияти суғуртавиро дар бар мегирад. Дар он шаклҳои пешқадами таълим ба монанди машғулиятҳои назариявии фаъол, мусоҳибаҳои муфиднок, ташкили бозиҳои вазъиятӣ, (слайдҳо, воситаҳои айёнӣ) мавриди омузиш қарор дода мешавад. Амалиётҳои соҳибкорӣ, молиявӣ бо мавқеъ ва аҳамияти иқтисодиёти миллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва такмил додани хизматрасонии суғуртавии фаъолияти соҳибкорӣ мавриди таълим қарор дода мешавад.
«Ҳисобҳои актуарӣ» - фанни таълимии мазкур ҳамчун қисми таркибии системаи суғуртавӣ, бо гузариш ба иқтисоди бозорӣ мақсад ва принсипҳои фаъолияти ин соҳаро бо тағйиротҳои амалкунанда дар бар мегирад. Дигаргуниҳои бамиёномада суғуртаро аз як тараф ҳамчун соҳаи соҳибкорӣ пешниҳод намояд, аз тарафи дигар, онро ҳамчун соҳаи фаъолияти ба ҳадди ақал расонандаи хатари раванди такрористеҳсол, сохибкорӣ муаррифӣ менамояд,ки ин масъалаҳо мавриди омузиш қарор мегиранд.