Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Таҳлили иқтисодӣ

Фасехзода  Ислом  Саймирзо

Мудири кафера

Фасеҳзода Ислом Саймирзо

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Ауд.: Бинои таълимии III

Утоқ: 207

E-mail: i.fasehzoda@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Бехатарии озуқаворӣ, Асосҳои соҳибкорӣ, Таҳлили молиявӣ, Таҳлили иқтисодӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Формирование стратегии экономической безопасности в условиях трансформации национального хозяйства (на примере продовольственной безопасности Республики Таджикистан)

Нашрияҳои асосӣ: Намунаи фармоишҳо // дастури таълимӣ, Душанбе, ДМИТ – 2014, 158 саҳ., Дафтари кории донишҷӯ аз фанни назарияи иқтисодӣ // дастури таълимӣ, Душанбе, ДМИТ – 2015, 72 саҳ., Иқтисодиёти агросаноатӣ ва муносибатҳои бозорӣ// васоити таълимӣ, Душанбе, ДМИТ – 2015, 304 саҳ., Ташаккули стратегияи бехатарии иқтисодӣ дар шароитҳои табдилёбии хоҷагии миллӣ (дар мисоли бехатарии озуқавии Ҷумҳурии Тоҷикистон) // монография, Душанбе, «Ирфон» - 2016, 130 саҳ., Роҳҳои таъмини бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули стратегияи он // монография, Душанбе, «Ирфон» - 2017, 189 саҳ. Инчунин 51 адад мақолаҳои илмӣ. Аз ҷумла 14 адад мақола дар журналҳои тақризшаванда.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ


Кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27.08.2012с таҳти рақами №44-д/н «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо» дар заминаи кафедраҳои иқтисодиёти соҳибкорӣ (2006-2009), иқтисодиёти таҳлилӣ (2009-2010), бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ (2010-2012) дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шудааст. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикисторо соҳиб шуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд. Ҳайати кормандону омӯзгорони кафедра 8-нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо: 1-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; 2-нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; 1-нафар муаллими калон; 3-нафар ассистент ва 1-нафар ҳуҷатнигор мебошад. 
Роҳбарии кафедраро солҳои 2006-2009 номзади илмҳои физика математика, дотсент М.К.Собиров, солҳои 2009-2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С.Исломов, солҳои 2010-2012 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А.Урунбоев, солҳои 2012-2015 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Р.Р. ва солҳои 2015-2017 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.Музаффаров ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи марти соли 2018 то инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фасеҳзода Ислом Саймирзо ба ӯҳда дорад. 
Кафедраи таҳлили иқтисодӣ, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ-илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саннадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда таълиму тарбияро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. 
Фаъолияти кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар ҳоли ҳозир аз руйи се ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки инҳо: 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-26010301-танзими давлатии иқтисоди миллӣ ва 1-25010715-иқтисод ва идора дар корхонаҳои КАС мебошанд. 
Ҳамчунин дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутахассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 30 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-26010301-танзими давлатии иқтисоди миллӣ ва 1-25010715-иқтисод ва идора дар корхонаҳои КАС таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзӯҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати профессорон ва дотсентони кафедра тайер карда шудаанд. 
Дар кафедраи таҳлили иқтисодӣ гузаронидани мизҳои мудаввар низ анъана шудааст. Одатан дар ин суҳбатҳои илмӣ оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз олимони шинохта бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд, ки дар он аксари устодони факултетҳои иқтисодӣ иштирок менамоянд. 
Дар солҳои 2006-2015 дар ташкил ва рушди кафедра устодони зерин саҳмгузор мебошанд: профессорон Комилов С.Ҷ., Умаров Ҳ.У., Қудратов Р.Р., Исломов С., Сафаров Н., дотсентон Урунбоев А., Музаффаров Б., Ашӯров Ғ., Ҳамроқулов Ш., Ибодуллоев М., муаллимони калон Бурҳонова С., Нурублоева М., Муродов Ш., Эмомов М., Шомадова Н. ва ассистентон Некқадамова Н., Амиршоев К., Кенҷаев Д., Фарангиси Б., ва Холаҳмади М. кор ва фаъолият намудаанд. 
Ҳоло бошад дар кафедра устодони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Р.Р., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фасеҳзода И.С., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Урунбоев А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Алиев О. муаллимони калон: Эмомов М., Шодиев К.Қ. ассистент Ҳакимов С.Н. ва ҳуҷҷатнигор Шарифова Т. 
Аз рӯи ихтососҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор, кафедраи таҳлили иқтисодӣ яке аз кафедраҳои пешқадам дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бо бисёр муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робити зичи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёти кишоварзии академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва кафедраи таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. 
Кафедраи мазкур кафедраи тахассусӣ буда, соли 2015 нахустин донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси 1-25010715-иқтисод ва идора дар корхонаҳои комплекси агросаноатӣ ва соли 2019 нахустин донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси 1-26010301-танзими давлатии иқтисоди миллӣ қабул намудааст. 
Инчунин аз ҷониби кафедра ба донишҷӯёни донишгоҳ фанҳои “Таҳлили комплекси фаъолияти хоҷагидорӣ” “Таҳлили иқтисодӣ”, “Таҳлили молиявӣ”, “Таҳлили ҳисоби молиявӣ дар КХМ”, “Таҳлили бизнес равандҳо”, “ Банақшагирӣ ва ояндабинии молиявӣ”, “Таҳлили системавӣ”, “Назарияи таҳлили иқтисодӣ”, “Таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳо” “Таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар МБИ” “Асосҳои соҳибкорӣ”, “Асосҳои соҳибкорӣ ва банақшагирии бизнес”,, “Банақшагирӣ ва пешгӯи дар иқтисодиёт”, “Инкишофи иқтисодӣ”, “Танзими давлатии иқтисоди миллӣ”, “Иқтисодиёти миллӣ”, “Таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар ФИБ” “Иқтисодиёти меҳнат ва захираҳои меҳнатӣ”, “Таҳлили иқтисоди минтақавӣ” “Таҳлили назариявии системаи иқтисодӣ”, “Таҳлили идорӣ дар соҳаҳо”, “Таҳлили макроиқтисод ва стратегияи сармоягузорӣ”, “Таҳлили фаъолияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ”, “Банақшагирӣ ва ояндабинӣ дар иқтисодиёт”, “Таҳлили сармоягузорӣ”, “Муаммоҳои актуалии таҳлили молиявӣ”, “Таҳлили фаъолияти аудити бонкӣ”, “Иқтисодиёти кишоварзӣ”, “Идоракунии сифат”, “Иқтисод ва ташкили КАС” таълим дода мешавад. 
Кафедра бо васоитҳои техникӣ пурра таъмин буда, дорои се адад компютери пайваст бо хати интернет ва се адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. 
Устодони кафедра вобаста ба самти илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд ва вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ҳамасола дар кафедра конфронс, мизҳои мудаввар, семенари илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. 
Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.